Додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскави Русия қарор кард, ки раҳбари Федератсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов ба Тоҷикистон ихроҷ карда шавад.
Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», ки ин қарор рӯзи 30 ноябр содир шуда, Каромат Шариповро дар пайи эълони ҳукми додгоҳ боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад, Алла Панкина, вакили мудофеи Каромат Шарипов дар сӯҳбат бо хабаргузории русии НСН тасдиқ кардааст, ки додгоҳи шаҳри Любертси ҳукми ихроҷи президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро содир карда. бар асоси ин ҳукми додгоҳ, Каромат Шариповро бояд аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.
Гуля Қодирова, яке аз волонтёрҳои Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, ки дар мурофиаи ҳузур доштааст, ба НСН гуфтааст, Каромат Шариповро дар пайи эълони қарори додгоҳ дастгир кардаанд:
"Мурофиа бар асоси шикояти мо аз қарори раёсати ФСБ дар вилояти Смоленск буд, ки шиносномаи шаҳрванди Русияро гирифтани Каромат Шариповро ғайриқонунӣ дониста буд. Мурофиа аз соати 14 то 17:30 тӯл кашид ва додгоҳ даъвои моро рад кард. Шариповро дар толори додгоҳ зери дурбини видеокамераҳо боздошт карданд ва ба қабати чорум бурданд. Адвокат танҳо баъди 20 дақиқа тавонист бо ӯ мулоқот кунад.”
Гуля Қодирова изҳор доштааст, ки дар мурофиа намояндаи ФСБ Смоленск аслан ҳузур надошт, балки танҳо намояндаи ФМС-и Любертси, ки шиносномаи Каромат Шариповро мусодира карда буд, ширкат варзидааст.
Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ, як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 4 октябр хабар дод, ки раҳбари шӯъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Люберетсии вилояти Маскав ба дафтари кори ӯ омада, талаб кардааст, ки шиносномаи Русияашро бисупорад. Намояндаи пулис гуфтааст, ки Каромат Шарипов дар вақташ шаҳрвандии Русия ғайриқонунӣ гирифта буд.
Аммо Каромат Шарипов гуфт, ӯ соли 1993, вақте ки дар дивизияи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард, соҳиби шаҳрвандӣ шуда буд. Каромат Шарипов мӯътақид аст, ки моҷарои шаҳрвандии Русияи вай фармоишист ва ба эътирозҳои моҳи сентябр дар бозори "Москва” дар минтақаи Люблино рабт дорад.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста