Корбарони мессенҷери бештар писандида дар ҷумҳурӣ - Viber акнун дигар зангҳои аудио (овозӣ) ё зангҳои видеоӣ анҷом дода наметавонанд. Тариқи Viber акнун маълумотро метавон танҳо бо матн фиристод.
Айни замон қариб дар ҳамаи ширкатҳои операторони мобилӣ ва фароҳамсози интернет (провайдерон) ирсоли зангҳои овозӣ ё видеоӣ тариқи Viber ғайриимкон аст. Манбаъҳои «Азия-Плюс» дар якчанд ширкатҳои операторони мобилӣ, ҳамчунин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин хабарро тасдиқ мекунанд.
Зангҳои аудио ва видео тариқи Viber танҳо тавассути анонимайзерҳо, аз ҷумла замимаҳои бепули VPN имкон дорад, ки онро метавон баргирифта (скачать) ба телефон ва компютерҳо насб кардан зарур мебошад.
Тавре ба «Азия-Плюс» чанде аз манбаъҳо дар ширкатҳои операторони мобилӣ хабар доданд, қисман маҳдуд шудани истифодаи Viber аз ҷониби оператори миллии «Тоҷиктелеком» сурат гирифтааст, ки айни замон қариб ҳамаи провайдерон аз ин ширкат интернети магистралӣ мегиранд.
«Моро ҳанӯз чанд моҳ пеш вазифадор карда буданд, ки аз «Тоҷиктелеком» интернет гирем. Мо интихоби дигаре надоштем», - гуфт яке аз манбаъҳо.
Айни замон барномаи Viber мессенҷери писандидатарин дар Тоҷикистон шуморида мешавад. Зангҳои аудиои дигар мессенҷерҳо, аз ҷумла IOM, Telegram ва WhatsApp алҳол дастрас мебошанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста