Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2018» озмун эълон кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, талаботи асосӣ барои доваталабон - огоҳии комил аз аҳкоми маносики ҳаҷ, малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, обутоби ҷисмонӣ, дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират зикр шудааст. Дар озмун нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз 22 январ то 22 феврал қабул карда мешаванд.
Зимнан таъкид мешавад, ки тибқи муқаррароти ҷониби Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.
Соли гузашта ҳамроҳ бо ҳайати хизматрасон 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гаштанд. Соли 2017 арзиши маросими адои ҳаҷ барои тоҷикистониён наздики 33 ҳазор сомонӣ (3 ҳазору 630 доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин (соли 2016) беш аз 4 ҳазор сомонӣ зиёдтар буд.
Охири соли гузашта муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Комиссияи “Ҳаҷ-2017” дастур дод, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон доир ба хоҳиши адои маросими ҳаҷ шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста