Ояндаи наздик додани стипендияи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Маблағи стипедия ҳармоҳа 250 сомониро ташкил медиҳад. Ба рӯйхат 200 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муҳассилини муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ шомил гардидаанд.
Муовини раиси пойтахт Мавсума Муинзода дар ин робита иттилоъ дод, ки стипендия дар доираи баргузории чорабиниҳои Соли ҷавонон баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандсозии толибилмони аълохон ва муҳайё кардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи насли наврас дар корҳои ҷамъиятӣ соли гузашта таъсис дода шуд.
Барои дарёфти стипендия толибилмони зиёд довталабӣ намуда, онҳоро лозим омад, ки аз озмун гузаранд. «Комиссия байни хонандагону донишҷӯён дар ду давра озмун баргузор намуда, натиҷаҳои он, ки аз ҷониби раиси пойтахт тасдиқ шуд, дар сомонаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе - www.dushanbemaorif.tj дастрас аст», - гуфт Муинзода.
Талаботҳои асосӣ барои довталабони иштирок дар озмун - хониши аъло, рафтори намунавӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятии мактаб ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муқаррар шуда буд.
Озмун аз рӯи фанҳои таълимӣ дар шакли тест дар маркази технологияҳои компютерии шаҳри Душанбе зери назорати видеоӣ доир гардид. «Ғолибон ба рӯйхати 200 нафар гирндагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе шомил гардида, ному насабашон дар сомонаи Раёсати маорифи пойтахт нашр мешавад», - афзуд муовини раиси пойтахт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста