Сарҳадбонони Тоҷикистон хостори онанд, ки тартиби гузаштани шаҳрвандон аз нуқтаҳои назоратӣ дар марз бо Ӯзбекистон зудтар сурат гирад.
Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дарҳол баъди ифтитоҳи 10 гузаргоҳи нав дар марз бо Ӯзбекистон, ки аз 1 март ба фаъолият оғоз карданд, мақомоти сарҳадбонии ҷумҳурӣ шумори кормандони худ дар ҳамаи гузаргоҳҳо бо кишвари ҳамсояро 3-4-нафарӣ зиёд кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки барои ҳарчи зудтар гузаштани марз ба шаҳрвандон шароити бештар мусоид фароҳам оварда шуда, аз навбатпойиҳои зиёд дар гузаргоҳҳо пешгирӣ шавад.
«Ояндаи наздик афзоиши шумори кабинаҳои назорати марзӣ дар ҳама гузаргоҳҳо бо Ӯзбекистон барои зиёд кардани иқтидори фаъолияти гузаргоҳҳо дар сарҳад ба нақша гирифта шудааст», - илова кард Улуғхоҷаев.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 март дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1 гузаргоҳи роҳи оҳан, ҳамчунин 8 гузаргоҳи равуои автомашинаҳо ва боз 1 гузаргоҳи сарҳадӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус санаи 21 феврал қабул шуд.
Ҳамон рӯз гузаргоҳҳои зерин ба фаъолият шурӯъ намуданд:
- Гузаргоҳи «Ҷартеппа» - байни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистн ва Самарқанди Ӯзбекистон;
- Гузаргоҳҳои «Қӯшкент» ва «Учтурган» - байни ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафарободи Тоҷикистон ва Ҷиззахи Ӯзбекистон;
- Гузаргоҳҳои «Ховастобод» и «Бекобод» - байни ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ва вилоятҳои Тошканду Сурхондарё;
- Гузаргоҳи «Пап» - байни ноҳияи Ашт ва вилояти Намангон;
- Гузаргоҳи «Равот» - байни шаҳри Конибодом ва вилояти Фарғона;
- Гузаргоҳи «Гулбаҳор» байни ноҳияи Шаҳритӯс ва вилояти Сурхондарё;
- Гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг», ки вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо истгоҳи роҳи оҳани «Хошади» дар вилояти Хатлон пайваст мекунад.
Дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Ҷартеппа дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд низ гузаргоҳи сарҳадӣ бо шаҳри Панҷакент боз шуд.
Тӯли 8 соли охир байни кишварҳо танҳо ду нуқтаи гузаштан тариқи роҳи заминӣ - «Турсунзода - Сариосиё» ва «Фотеҳобод - Ойбек» амал мекарданд.
Аз оғози соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ду гузаргоҳи замони президентии Ислом Каримов басташуда - «Андархон-Патар» ва «Қӯштегирмон» дубора ба кор шурӯъ намуданд.
Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.
Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.
Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.