Шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон Оиша, ки аз Сурия ба Ироқ оварда шуда буд, се рӯз пеш тифли навзод ба дунё овард. Ояндаи наздик модару тифл ба Тоҷикистон бармегарданд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи ҳукми суди Ироқ, баъди 40-рӯза шудани тифл, Оиша ҳамроҳи кӯдакаш метавонад ба ватан баргардад.
Бино ба маълумоти Вазорат, чанд рӯз қабл боз 4 кӯдаки тоҷик аз Сурия тариқи хатсайри ҳавоии Истанбул - Душанбе ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Аз ифшои ному насаби кӯдакон «ба хотири ояндаи онҳо» худдорӣ варзида шуд.
Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик боз якчанд нафар кӯдакони тоҷикистонӣ, ки ҳамроҳи волидонашон ба Сурия рафта буданд, ба ватан баргардонида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки як моҳ пеш чор нафар кӯдакони тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонида шуданд. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доранд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд. Инҳо бародар ва хоҳари духтар Оиша мебошанд, ки ҳамон сол шабакаи телевизионии RT хабар дода буд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2017 шабакаи телевизионии Russia Today хабар дод, ки Дар Ироқ духтари 16-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари бевамондаи ҷангии Давлати исломӣ (ДИ) дарёфт шуд.
Ӯ гуфтааст, дар роҳ ба паноҳгоҳ бо зане аз Русия бо ду кӯдакаш шинос шуда, вале дар роҳ зани русиягӣ аз бемории дил ҳалок мешавад.
«Нигоҳубини фарзандони ӯ - Марями 3-сола ва Фуадими 4-моҳаро ман ба уҳдаи худ гирифтам, - хабар дода будд аз қавли Оиша манбаъ. - Ному насаби модари духтарон номаълум буда, падарашон Самир ном дошт».
Баъдан котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки хешовандони ин кӯдакон ёфт шуда, Оишаи 16-сола, Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола фарзандони Илҳомиддин Аслонов, сокини шаҳри Душанбе мебошанд, ки се сол қабл нахуст ба Маскав ва аз он ҷо ба Ироқ рафтаанд.
Зимнан зикр гардида буд, ки Илҳомиддин Аслонов ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Саакашвили приговорили к девяти годам тюрьмы
Новая налоговая ставка на транспорт еще не принята. Опровержение от «Азия-Плюс»
Цены на утилизацию увеличиваются только для автомобилей, которые импортируются в Таджикистан
В Таджикистане озвучили стоимость хаджа в этом году
В Польше задержали женщину за торговлю человеческими органами. В числе жертв – таджикистанцы
Wildberries определил популярные подарки на 8 марта
Таджикистан и Китай намерены возобновить прямое авиасообщение между Душанбе и Пекином
В России предложили проверить ММА-клубы на связь с радикалами
В Душанбе начнут строить надземные переходы
Акционеры Рогунской ГЭС рассмотрели вопросы прибыли и распределения доходов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста