Субҳи имрӯз боз ду кӯдаки ноболиғ - шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, ҳамоҳангиҳои лозима ҷиҳати баргардонидани боз ду кӯдаки ноболиғ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Ироқ ба даст омада буданд.

Гуфта мешавад, Вазорат бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ менамояд.

Қобили зикр аст, ки як моҳ пеш чор нафар кӯдакони тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонида шуданд. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доранд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд. Инҳо бародар ва хоҳари духтар Оиша мебошанд, ки ҳамон сол шабакаи телевизионии RT хабар дода буд.