Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши як симкорти ширкатҳои мобилии ҷумҳуриро дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) муқаррар кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкатҳои мобилии кишвар хабар доданд, акнун харидорӣ ё дубора бақайдгирии симкорт 26 доллар нарх хоҳад дошт. Шахсоне, ки рақами худро гум кардаанд, низ ҳамин миқдор маблағ пардохт мекунанд. Ин воситаҳои пулиро ширкатҳои мобилӣ бояд ба суратҳисоби Хадамоти алоқа гузаронанд.
Ташаббуси ҷорӣ кардани пардохт барои симкортҳо бо ин миқдор маблағ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба хотири таъмини ҳарчи бештари амният пешниҳод шуд. Яъне симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дигар камтар ба дасти шахсони тасодуфӣ меафтанд. Агар дар пойгоҳи маълумоти ВКД рақами мушаххас сабт шавад, пас танҳо соҳиби симкорт ба он масъул хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон як муштарӣ танҳо ду симкорти як ширкати мобилиро дастрас карда метавонад. Агар шумори симкортҳои муштарӣ зиёд бошад, пас ӯ бояд ба маркази хизматгузории оператори худ муроҷиат намуда, кортро дубора ба номи шахсе ба қайд гузорад, ки аз он истифода мекунад. То 1 сентябр ин амалро бепул метавон анҷом дод.
Дар Тоҷикистон чор ширкати мобилӣ - Babilon-Mobile, Tcell, Megafon-Tajikistan, Beeline нисбатан фаъол мебошанд. Соли гузашта 6,1 млн. адад симкортҳо дубора бақайд гирифта шуданд. Як ширкати мобилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 300 ҳазор симкорт мефурӯшад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Целебная трава Таджикистана. Весенние блюда на все дни недели
Как понять, что вы выгораете на работе? (ТЕСТ)
Почему IT-специалисты из Таджикистана переезжают в Узбекистан?
Как экономить электроэнергию в быту?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 апреля 2025 года
Глава Азиатской конфедерации велоспорта: «Душанбе – идеальная арена для такого престижного события, как MTB Eliminator»
Покорители Вселенной в Душанбе. Кто из космонавтов бывал в таджикской столице?
Радио «Озоди»: Военная прокуратура Таджикистана начала расследование гибели солдата-срочника в Рушане
Молодые представители Таджикистана получили навыки миротворчества и противодействия экстремизму
Как вернуть деньги, если по ошибке перевел их на чужой кошелек или карту?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста