Дар пойтахти Тоҷикистон ба гузоштани арчаи солинавии имсола оғоз намуданд. Бори нахусти тайи солҳои охир як моҳ пеш ба гузоштани арчаи солинавӣ дар пойтахт шурӯъ карданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, имсол арчаи солинавии пойтахт баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.
Арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе қомат афрохта, баландии он 28 метр ва масоҳаташ 13 метрро ташкил медиҳад.
Бино ба дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ арчаи асосии солинавии шаҳри Душанбе бояд то 10 декабр гузошта шавад. Чун соли пешин арчаи аосии кишвар имсол низ светодиодӣ мешавад.
Шоми 31 декабр, шаби соли нав дар майдони марказии Дӯстӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик консерти идона доир гардида, дар анҷоми он 5 дақиқа мушакафканӣ (фейерверк) сурат мегирад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2017 мақомоти шаҳрдории пойтахт 6 декабр ба гузоштани арчаи солинавӣ шурӯъ намуда, баландии он ба 25 метр расида буд.
Соли 2016 арчаи солинавии пойтахт бо баландии 20 метр ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз фарорасии Соли нав қомат афрохт. Соли 2015 онро 30 декабр гузошта, аллакай рӯзи 2 январ барканда буданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста