Дар вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаи муноқиша дар сарҳади кишварҳо ҷараён дорад. Доир ба натиҷаҳои алҳол ҳосилшуда дар ҷараёни гуфтушунидҳои ҳукуматдорони ду кишвар танҳо ҷониби Қирғизистон хабар медиҳад. Ҷониби Тоҷикистон онро шарҳ намедиҳад. Дар сомонаҳои Қушӯнҳои сарҳадӣ, ВКД ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳатто дар бораи оғоз шудани гуфтушунидшо маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти портали иттилоотии ВКД Қирғизистон, вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъсиси гурӯҳи муштараки тафтишотӣ оид ба баргузор намудани тафтиши воқеъбинонаи қазияи рухдода дар сарҳади кишварҳо ба тавофуқ расидаанд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таъсиси гурӯҳҳои шабонарӯзии посбонӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти корҳои дохилии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, тақвияти посбонии сарҳади давлатӣ ва кумак ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Ботканду Сугд низ созиш ҳосил кардаанд.

“Тасмим гирифта шуд, ки дар ҷараёни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ афроди гунаҳкор ошкор ва нисбати онҳо қарори вокеъбинона ва мунсифона қабул карда шавад”, - иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти ВКД Қирғизистон.

Бо истинод ба муовини сарвазири Қирғизистон ва ҳамзамон роҳбари ҳайати Қирғизистон дар гуфтушунидҳо Жениш Раззоқов CA-NEWS менависад, аз байн бурдани низоъро байни сокинон ҷонибҳо вазифаи аввалиндараҷа унвон карда, танҳо пас аз ин ният доранд, ки масъалаҳои сохтмони роҳи гузариш ва муайян кардани хати сарҳадро баррасӣ намоянд.

 

Портали иттилоотии ВКД Қирғизистон

Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад. Гуфтушунидҳо идома доранд.

Қаблан дар изҳороти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар мавриди ин масъала қайд шуда буд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда,  вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад.

Рӯзи 14 март дар ин маврид гуфтугӯи телефонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков доир гардида, ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо оид ба тафтишоти ҳамаҷонибаи низоъ дар сарҳад ва ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он супоришҳои дахлдор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 13 март, рӯзи оғози муноқиша, 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, наздику 30 нафар захмӣ ва ҷароҳатҳо бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.