Соли 2018 дар Тоҷикистон 30 ҳолати никоҳи ғайриқонунии нафароне, ки ба синни никоҳӣ нарасидаанд, ба қайд гирифта шудааст, гуфта мешавад дар маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018.
Дар маърӯза зикр мегардад, ки бо вуҷуди қонунан манъ будани никоҳҳои маҷбурӣ ва бармаҳал, духтарон дар баъзе мавридҳо бар хилофи иродаашон ба шавҳар дода мешаванд.
“Тибқи маълумоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 13 ҳолати ба шавҳар додани духтарони ба синни никоҳӣ нарасида ва 16 ҳолати бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, муайян ва ошкор гардида, нисбати падару модарон чораҳои қонунӣ андешида шудаанд”,- гуфта мешавад дар маърӯзаи мазкур.
Аммо дар маърӯза оид ба он ки нисбати волидон чӣ чора андешида шудааст, маълумот зикр наёфтааст.
Ба қавли ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев, тибқи моддаи 168 КҶ ҶТ, барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модар ё шахсоне, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсоне, ки ӯ тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан, бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
“Тибқи моддаи 169 бастани ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, инчунин бастани ақди никоҳ бо чунин шахс, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад”,-гуфт ҳуқуқшинос.
Соли 2011 дар қонунгузории Тоҷикистон синни никоҳӣ то 18-солагӣ боло бурда шуд.
Камбизоатӣ сабаби никоҳи бармаҳал?
Ҷой доштани никоҳи бармаҳал дар Тоҷикистонро маълумотҳои дигар низ тасдиқ мекунанд. Бино бар таҳқиқоте, ки Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон соли 2018 доир намуда, бо сарлавҳаи “Никоҳи бармаҳал сабаби пошхӯрии оилаҳо ва худкушӣ дар Тоҷикистон” нашр намуд, никоҳи бармаҳал бештар дар минтақаҳои кишвар мушоҳида мешавад.
Ба андешаи коршиносон сабаби аслии никоҳи бармаҳал дар Тоҷикистон камбизоатӣ аст. Дар ҳамин ҳол 33 дарсади пурсидашудагон сабаби никоҳи бармаҳалро дурии духтарон ва волидони онҳо аз таҳсил, 28 дарсад таъсири урфу одат гуфтаанд. Танҳо 20 дарсад гуфтааст, ки камбизоатӣ сабаби никоҳи бармаҳал буда метавонад. 15 дарсад таъсири омили диниро сабаби никоҳи бармаҳал гуфтаанд.
Додрасҳо метавонанд синни никоҳро поён баранд
Дар маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои соли 2018 гуфта шудааст, ки давоми як сол додрасҳои Тоҷикистон ба 2,5 ҳазор нафар духтарони ба синни никоҳӣ нарасида иҷоза додаанд, ки ақди никоҳ банданд.
Тибқи моддаи 13-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳии барои марду зан муқарраршударо (18 солагӣ) ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.
Дар маърӯзаи Ваколатдор гуфта мешавад, ки додрасҳо бисёр вақт ҳолатҳои истисноиро ба назар нагирифта, муроҷиатҳоро қонеъ кардаанд.
“Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки аз ҷониби судҳо ҳолатҳои истисноӣ ба инобат гирифта нашуда, аксари аризаҳои воридшуда қонеъ карда шудаанд. Тибқи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 судҳо 2493 адад парвандаҳои оилавиро оид ба кам кардани синни никоҳӣ баррасӣ намуда, аз ин шумора 2469 адад ё 99%-и онҳоро қонеъ намудаанд”,-зикр мегардад дар маърӯза.
Тавре ба “Азия - Плюс” додраси яке аз ноҳияҳо гуфт, сабаби асосии ба никоҳи бармаҳал иҷоза додани додрасҳо камбизоатии никоҳшавандагон аст.
“Оилаҳо бо сабаби камбизоатӣ ба мо муроҷиат мекунанд, ки синни никоҳи духтаронашон поён оварда шавад. Аммо сабабҳои дигар, аз ҷумла, бемории волидон ё пайвандони наздик, надоштани саробон ё баъзан ҳомиладорӣ низ вуҷуд дорад”,-гуфт додрас.
Ба қавли додрас, ғайр аз тасдиқи сабабҳои дар ариза нигошта, духтарон бояд аз момодоя (гинеколог) маълумотнома дошта бошанд.
“Додрас муроҷиатро омӯхта, пас аз ҳосил кардани боварӣ ба беҳ шудани зиндагии духтар пас аз никоҳ ва мавҷуд будани посухи мусбати табиб, ба никоҳи ӯ иҷоза медиҳад. Ҳамчунин, духтар бояд аз ташхиси тиббӣ гузарад ва дар маълумотнома пешниҳод карда шавад, ки ӯ барои никоҳ омода аст”,-иброз дошт додрас.
Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев мегӯяд, танҳо дар ҳолате, ки духтар пас аз 16-солагӣ ҳомиладор шуда бошад, додрас ҳуқуқ дорад барои никоҳ иҷоза диҳад.
“Агар синни духтар аз 16-сола боло ва алоқаи ҷинсӣ бо розигии тарафайн сурат гирифта, духтар ҳомиладор гардида бошад, додрас метавонад барои никоҳ иҷозат диҳад. Агар алоқа то синни 16-солагӣ сурат гирифта бошад, парвандаи ҷиноӣ боз кардан мумкин аст”,-шарҳ дод ҳуқуқшинос.
Ба андешаи Шокирҷон Ҳакимов, доктора илмҳои ҳуқуқ, эътирофи ҳомиладории духтар, таваллуди фарзанд ва зиндагии якҷоя доштани писару духтар метавонад ҳамчун ҳолатҳои истисноӣ эътироф гардад.
“Ҳамчунин суд ҳама гуна ҳолатҳоеро истисноӣ эътироф карда метавонад, ки қабули қарор дар бораи поин бурдани синну соли никоҳро асоснок карда тавонанд. Дар ин гуна ҳолатҳо риояи манфиатҳои ноболиғ бечунучаро бояд меъёри асосӣ шуморида шавад”,- таъкид кард Ҳакимов.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Магдебурге автомобиль въехал в толпу людей на рождественской ярмарке
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Ужасы маленького городка, зима не в радость и мигрантские дискуссии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 декабря 2024 года
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
«Празднует, в основном, интеллигенция». Что знают душанбинцы о ночи Ялдо?
«Алиф» снова подтвердил статус Google Partner и укрепил лидерство в цифровой рекламе
Министр энергетики Таджикистана - о планах по увеличению мощностей и снижению потерь электроэнергии
Путин и Мирзиёев обсудили убийство российского генерала, в котором обвиняется гражданин Узбекистана
Эдельвейс таджикской науки. Дилором Каюмова о профессии гляциолога
«Сомон Эйр» приостановила рейсы в московский аэропорт «Внуково»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста