Вазорати сохтмон ва хадамоти коммуналии Русия дархост намудааст, ки вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар содда ё сабуктар карда шавад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории ТАСС, ин пешниҳоди қаблан мувофиқашуда бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва "Роспотребнадзор" барои баррасӣ ба ҳукумати Русия фиристодаанд.
Гуфта мешавад, айни замон дар хадамоти матбуоти Вазорати сохтмон гуфтаанд, вуруди коргарон ба қаламрави Русия танҳо ба корхонаҳое иҷозат дода хоҳад шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштиро кафолат бидиҳанд. Пешниҳод шудааст, шаҳрвандони хориҷӣ қабл аз вуруд ба Русия натиҷаи манфии ташхиси коронавирусро бо худ дошта бошанд.
Бино ба пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия, корфармоён бояд коргаронро дар идораи муҳоҷират сабт карда, бо онҳо қарордод банданд ва дар хобгоҳҳои махсус ҷойгир кунанд. Муҳоҷиронро зарур аст, барои кор дар Маскав патент бигиранд.
Вазорат гуфтааст, то 1-уми декабри имсол дар 50 минтақаи Русия нерӯи корӣ дар сохтмонҳо намерасанд ва онро ба манъи вуруди муҳоҷирони корӣ рабт дод. Пеш аз ҳама коргарон аз Ӯзбекистону Украина ва Тоҷикистон намерасанд.
Марат Ҳуснуллин, муовини нахуствазири Русия, изҳор доштааст, ки дар аҳди коронавирус маоши коргарони соҳаи сохтмон тақрибан ду баробар зиёд шуда, аммо бо ин ҳол камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонҳо ҳалли худро наёфт. Зикр шудааст, бо вуҷуди бекорӣ, шаҳрвандони Русия розӣ намешаванд, ки дар сохтмонҳо кор кунанд. Чизе, ки қаблан муҳоҷирон анҷом медоданд.
Марзи Русия аз баҳори имсол ба рӯйи муҳоҷирони тоҷик бастааст. Ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик имсол барои кор дар Русия рафта натавонистанд ва мунтазири боз шудани роҳ ва парвози доимии ҳавопаймоҳо ҳастанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста