Дирӯз, 28 августи соли равон дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Санк- Петербурги Русия чор ҷавони тоҷик ба ҳалокат расидаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” бо тасдиқи ин хабар ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон расонидааст.
Дар иҳороти сафорат зикр мегардад, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба ватан омодааст.
“Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии cафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад”, -омадаст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, расонаҳо аз ҳалокати се ҷавони тоҷик дар як садама дар Санк-Петербург хабар доданд, ки ба навиштаи онҳо, ҳодиса шоми 28 августи соли 2022, соати 20:11, дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи мошини тамғаи “Chevrolet Lanos”, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи мошин набаромада, бо суръати баланд ба як мошини боркаши тамғаи Man бархӯрд.
“Дар ин мошин 5 шаҳрванди Тоҷикистон савор будаанд. Дар натиҷаи садама, ронандаи мошин, ки 23 сол дошт ва ду мусофираш, ки 20 ва 21 сол доштанд, дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири дигари ҳардуяш 21-соларо бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. Вазъи якеи онҳо миёна ва дуюмӣ вазнин гуфта мешавад”,- хабар дода буданд расонаҳо.
Гуфта мешавад, ки 3 нафар аз фавтидагон зодагони деҳаи Зарнисор (собиқ Янгӣ-Ариқ) ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар яке аз дӯконҳои базаи Софийская ба ҳайси “грузчик” кор мекарданд.
Эҳтимол ному насаби 3 фавтида чунин аст:
1.Худойбердиев Сарвар, соли таваллудаш 1998.
2. Ҳазратқулов Фаррух, соли таваллудаш 2001.
3. Холматов Хушнуд, соли таваллудаш 2002.
Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади беш аз 450 шаҳрванди Тоҷикистонро овардаанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста