Дар баъзе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и рӯзи 28-уми октябр то соати 06:00-и 29-уми октябри соли 2022 интиқоли оби нӯшокӣ боз қатъ мешавад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Манбаъ, гуфт, интиқоли об дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» қатъ мешавад.
Дар бораи сабаби қатъи интиқоли об хабар дода намешавад. Дар гузашта таъмир дар истгоҳҳои обкашонӣ ва қубурҳоро омили аслии қатъи об мегуфтанд.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Исмоили Симонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С. Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шоҳтемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрон интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00 рӯзи 28 октябр то соати 06:00-и 29 октябри соли 2022 қатъ мегардад
“Ҳамчунин, дар ҳамин замон, дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе”, КВД “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ”, ҶДММ “Кохи Наврӯз” ва кӯчаи Варзишгарон, интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад”,- омадааст дар хабарномиа шаҳрдорӣ.
Ин ниҳод аз сокинон даъват кардааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира кунанд.
Ёдовар мешавем, ки давоми 10 рӯзи охир, ин дуввумин эълони қатъи оби нӯшокӣ аст. Қаблан аз соати 23:00-и рӯзи 25-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 26-уми октябри соли 2022 интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино қатъ гардида буд.
Ветхие страницы священных книг: Что хранит архив Центра письменного наследия Таджикистана?
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка цветов «Некӣ бикор», рок-концерт в формате open-air и мюзикл «Король Лев»
В Таджикистане пройдут соревнования по парапланеризму Open Sky на Кубок президента республики
Что Душанбе может перенять у Вены – города, который 15 раз признавался самым комфортным городом мира
"Из-за нехватки актёров даже директор театра играет на сцене". Победы и неудачи фестиваля "Парасту-2025"
Трамп рассказал о возможной встрече с Путиным после поездки в Саудовскую Аравию
Выпускников школ Таджикистана заставляют сдавать документы в Национальный центр тестирования
В Таджикистане успешно проведена уникальная операция: малоинвазивная эндоскопическая стентировка желудка
Россия повысила уровень представительства Афганистана в Москве
В Душанбе напомнили о значении победы в Великой Отечественной войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста