Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2022 теъдоди рекордии тоҷикистониён - 173 ҳазору 634 нафар шаҳрванди Русия шудаанд.
Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2021 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, 70 ҳазор нафар зиёд шудааст. Он замон 103 ҳазору 681 нафар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда буданд.
Агар шумори тоҷикистониёнеро, ки дар соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба як соли тақвимӣ тақсим кунем, маълум мешавад, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 476 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд.
Дар дарёфти шаҳрвандии Русия байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон пешсафанд.
Дар соли 2022 ба сурати умум 691 ҳазору 45 нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар панҷгонаи кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор дорад.
Зинаи аввалро Украина - 296 ҳазору 901 нафар, зинаи сеюмро Арманистон - 45 ҳазору 86 нафар, мақоми чорумро Қазоқистон - 42 ҳазору 10 нафар ва ҷойи панҷумро Ӯзбекистон - 27 ҳазору 220 нафар ишғол кардаанд.
Ҳамчунин тибқи маълуомти ВКД Русия, 121 ҳазору 122 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русияро доранд ва ин маънои онро дорад, ки то шаҳрванди Русия шудани онҳо як қадами дигар мондааст ва ба гумони ғолиб, соли 2023 онҳо ба шаҳрвандии Русия соҳиб мешаванд.
Боз 47 ҳазору 987 нафар тоҷикистониён дорои Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) мебошанд, ки қадами аввал барои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия аст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста