Муҳоҷират дар чанд соли охир барои шаҳрвандони Тоҷикистон манбаи аслии даромад ва таъмини хонавада шудааст. Тавре омори расмӣ нишон медиҳад, бештари сокинони Тоҷикистон барои муҳоҷират Русияро интихоб мекунанд, аммо дар чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки муҳоҷирони зиёд талоши тағйир додани самти муҳоҷирати худро доранд.
Дар ин самт, Ҳукумати Тоҷикистон низ иқдомоти мушаххасеро рӯйи даст гирифтааст. Аз ҷумла, бо имзои шартномаҳо бо кишварҳои Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ, ҳукумати кишвар талош дорад бозори муҳоҷирати худро бисёрсамта намояд.
Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо ба Русия сафар намекунанд. Ҳамакнун, ба Аврупо ва Осиёи шарқӣ низ барои кор мераванд.
Сурайё Бобоназарова, муҳоҷирзани тоҷик яке аз онҳое аст, ки чандин сол дар Русия кор кардааст. Ӯ чор сол пештар ба Корея рафт ва пас аз чанд муддати фаъолият, қарор кард, ки беҳтар аст дар ин кишвар кор кунад.
Дар як суҳбат бо мо, Сурайё аз кору зиндагии худ дар Корея нақл кард ва барои нафароне, ки мехоҳанд ба ин кишвар барои кор сафар кунанд, тавсияҳо дод.
- Пеш аз ҳама мехостем фаҳмем, ки шумо чӣ тавр ба Корея рафтед?
- Чандин сол дар Русия кор кардам ва шаҳрвандии ин кишварро гирифтам. Баъдан, ҳамчун сайёҳ вориди Корея шудам. Нафаре, ки чун сайёҳ вориди ин кишвар мешавад, ҳақ дорад, то се моҳ зиндагӣ кунад ва дар як сол се маротиба ба Корея равад.
Ҳоло то ҷое медонам, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати кишвар расман шаҳрвандонро ба Корея мефиристад, аз ин лиҳоз беҳтар аст ба онҳо муроҷиат кард.
- Мешавад ба ширкатҳое, ки ваъдаи мусоидат дар гирифтани раводидро медиҳанд, бовар кард?
- Чунин ширкатҳо дар ҳама ҷой ҳастанд, ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон. Беҳтараш ба он ширкат бовар накард, чун аксари онҳо қаллобанд. Танҳо аз сафорат бояд раводид гирифт.
- Ба ҳар ҳол, ҳастанд нафароне, ки ғайриқонунӣ ба Корея рафтаанд ё иқомат доранд. Оё бе риояи муқаррароти қонун рафтан ё иқомат кардан пайомаде дорад?
- Ҳатман, ки муҷозот пешбинӣ гардидааст. Барои ҳамин беҳтар аст, ки бо роҳи қонунӣ ба кор биёянд. Пайдо кардани нафароне, ки ғайриқонунӣ дар ин ҷо кору зиндагӣ доранд, мумкин аст, аммо кам.
- Қонуну қоидаи будубош ва фаъолият дар Корея чӣ гуна аст? Он ҷо низ патент лозим аст?
- Бо фарқ аз Русия, дар Корея доштани патент ё иҷозаи фаъолият шарт нест. Корфармо ӯҳдадор аст, ки аз даромади шумо, яъне аз маоши шумо бояд андоз пардохт кунад.
Қайди расмӣ дар макони будубош ҳатмӣ аст ва бисёре аз онҳое, ки ба шумо манзилашонро ба иҷора медиҳанд, омодаанд шуморо дар қайди хона гузоранд.
Ҳамчунин, доштани бима ҳам хуб аст. Дар ҳолати беморӣ коргоҳ қисме аз хароҷоти шуморо барои табобат пардохт мекунад.
- Чӣ гуна дар Корея кор ёфтан имконпазир аст?
- Агар муҳоҷири ба ин кишвар сафаркунанда забони кореягиро донад, пайдо кардани кор мушкил нест, аммо агар забонро надонед, мисли ҳар гӯшаи дунё як каме мушкилӣ пеш меояд. Аммо бо гузашти муддате, роҳҳои гуногуни пайдо кардани корро меомӯзед.
Як роҳи маъмулаш бевосита ҷустуҷӯ намудани кор аст. Яъне вақте дар Корея ҳастед, кор мекобед, бо ҳар роҳ – рекламаҳо, эълонҳоро мебинед ё меравед ба коргоҳҳо. Ҳастанд нафароне, ки корро тавассути интернет аввал пайдо мекунанд, баъд ба Корея мебиёянд. Ҳамчунин, ширкатҳое ҳастанд, ки бо кор таъмин мекунанд ва барои ин подоши худро мегиранд. Дар ин ҳолат, бояд диққат диҳед, ки ба ягон ширкати қаллоб муроҷиат накунед.
- Ҳаққи кор дар он кишвар чӣ гуна аст?
- Ман ҳудуди се сол мешавад, ки дар ин ҷо кор мекунам ва соли аввали омаданам 80 ҳазор вон (вон асъори Корея) ё муодили 60 доллари ИМА барои як рӯзи корам мегирифтам. 10 дарсади ҳаққи корамро ба ширкате мепардохтам, ки бароям кор меёфт ва рафту омадамро то ҷойи кор таъмин мекард. Аммо имсол бо сабаби афзоиши нархҳо маоши ман низ беҳтар шуд. Айни ҳол барои як рӯзи корӣ 90 доллар мегирам.
- Тоҷикҳо дар Корея асосан ба чӣ корҳо машғул мешаванд?
- Муҳоҷирони мо бештар дар заминҳо, сохтмон ва ё заводҳо, ки дар он ҷойҳо қувваи корӣ намерасад, фаъолият мекунанд. Занҳо бошад, ба рӯбучин бештар ҷалб мешаванд.
- Муносибати кореягиҳо бо муҳоҷирон чӣ гуна аст?
- Дар умум, кореягиҳо одамони хуб, кунҷков ва дилсӯз ҳастанд. Мепурсанд, ки аз куҷо ҳастӣ, кор ба ту мушкил аст ё не, чанд фарзанд дорӣ, Корея ба ту писанд аст ё не ва ба ҳамин монанд. Масалан, ман чанд маротиба дар метро роҳгум зада будам, ки кореягиҳо аз баҳри кори худашон гузашта, вақташро сарф карда, ба ман кӯмак карданд. Аммо боз ҳам намешавад гуфт, ки ҳама хуб аст, пайдо мешаванд одамоне, ки муносибати номақбул мекунанд, аммо хеле кам.
- Кадом бахшҳои бозори меҳнат дар ин кишвар ба қувваи кории муҳоҷирон бештар ниёз дорад?
- Аз сабабе, ки дар ин ҷо заводҳо бисёр асту нерӯи корӣ намерасад, мардҳо бештар ба заводҳо ҷалб мешаванд. Аз моҳи март то ноябр ба корҳои заминӣ низ муҳоҷирон ҷалб карда мешаванд, аммо барои кор дар замин саломатии хуб лозим аст.
- Оё дар Корея муҳоҷири тоҷик зиёд аст? Шумо бо онҳо дар тамос ҳастед?
- Шояд бошан, аммо дар ҳамин шаҳре, ки ман зиндагӣ мекунам, фикр мекунам, як ман аз Тоҷикистон дар ин ҷо муҳоҷир ҳастам. Аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷир хеле зиёд аст, аммо тоҷикон нисбатан камтар.
- Ба нафароне, ки нияти муҳоҷират ба Кореяро доранд, чӣ тавсия медиҳед?
- Пеш аз ҳама омӯзиши забонро тавсия медиҳам. Агар забони кореягиро донанд, кор пайдо кардан осон мешавад ва ҳам бо маоши хуб кор меёбанд.
Бояд гуфт, ки Сурайё ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад ва пас аз тӯйи фардандаш нияти бозгашт ба Кореяро дорад.
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Гражданина Узбекистана задержали по подозрению в убийстве российского генерала
Мигрант 2024-го года: коллективное наказание от «большого брата»?
Таджикские школьники завоевали 18 медалей на Евразийской олимпиаде по информатике
В Узбекистане 22-летний студент получил пять лет за участие в военных действиях в Украине
Moody's присвоил «Коммерцбанку Таджикистана» рейтинг «B3» с прогнозом «стабильный»
Фальшивые лекарства в Таджикистане: как уберечь себя от подделки?
Глава Согда обсудил с активистами Канибадама серию жестоких убийств в городе
Спецпосланник Трампа по Украине и России планирует приехать в Киев в начале января
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста