Ду зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз комиссариати ҳарбии Маскав фирор карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Сарраёсати тафтишотии Маскав хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, айни замон бар зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ному насаби онҳо интишор намешавад.
“Тибқи тафтишот ду нафар зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таваллудаш 2004 ва 2005, солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шудаанд. Онҳо аз макони ҷамъомади комиссариати ҳарбии Маскав, қаламрави худро тарк карда, ба самти номаълум ғайб задаанд”, - навиштааст Сарраёсати тафтишотии Маскав.
Тавре манбаъ меафзояд, аз рӯи ҷинояти пешбининамудаи моддаи 328, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Русия (саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативии шаҳрвандӣ) бар зидди ин ду зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҳоло муфаттишони Кумитаи тафтишотии Маскав аз рӯи ин ҳодиса чорабиниҳои тафтишотӣ мегузаронанд.
“Ба кормандони хадамоти оперативӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати муайян кардани макони будубоши ин афрод чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом диҳанд”, - афзуданд манбаъ.
Ба шаҳрвандоне, ки дар Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ фирор мекунанд, то ду соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста