Дар пайи сафари ахири Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон байни ду кишвар ёддошти тафоҳум дар мавриди лағви раводид ба имзо расид. Ин ёддоштро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имзо кард ва ҷузъиёти онро махзани ягонаи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.
Дар ин санад, ҳадафи лағви раводид рушди муносибатҳои дӯстона миёни мардуми ду кишвар гуфта шудааст.
Шартҳои лағви раводид байни Тоҷикистону Эрон
Бар асоси ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, то 30 рӯз иқомат кунанд.
Сафари бидуни раводид бо мақсади тиҷорат, кор, сайёҳат ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст. Аммо шаҳрвандони ду кишвар, ки барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва матбуотӣ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд, бояд раводид гиранд.
Шарти асосӣ ин аст, ки шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон бояд на камтар аз 6 моҳ эътибор дошта бошад.
Ҳамчунин, ёддошти тафоҳум пешбинӣ мекунад, ки Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд, бидуни шарҳ вуруди шахсони номақбулро рад ё ҳуқуқи будубоши онҳоро дар ҳудуди худ қатъ кунанд.
Ба ғайр аз ин, гуфта мешавад, ки Душанбею Теҳрон метавонанд иҷрои тафоҳумномаро бо далоили таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти миллӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, муваққатан пурра ё қисман боздоранд.
Ёддошти тафоҳум бояд аз ҷониби парлумони ду кишвар тасвиб гардад, аммо кай, маълум нест.
Боят гуфт, ки то лағви раводид ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷорат, таҳсил, табобату гардишгарии фарҳангӣ ба Эрон мерафтанд ва айни ҳол ҳам мераванд. Аммо баъди эътибор пайдо кардани санади сафари бидуни раводид дар назар аст, ки равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрон бештар шавад.
Дар ин навишта кӯшиш кардем, маълум кунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо кадом мақсадҳо ба Эрон мераванд ва дар оянда кадом бахшҳоро бояд рушд дод.
Тиҷорат
Ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷорат ба Эрон мерафтанду мераванд. Дар ин замина, имконоти фаровон байни ду кишвар мавҷуд аст.
То сард шудани муносибати ду кишвар дар соли 2015 соҳибкорони зиёди тоҷик молу колои истеҳсоли Эронро ба Тоҷикистон оварда, ба фурӯш мегузоштанд. Аз ҷумла, маҳсулоти плостикӣ, гушти мурғ, қаймоқу қолинҳои эронӣ ва донагиҳо, махсусан пистаҳои эронӣ дар Тоҷикистон харидорӣ зиёд доранд. Бо сард шудани муносибати ду кишвар ҳаҷми савдои дуҷониба низ якбора кам шуд. Агар дар соли 2013 ду кишвар ба маблағи беш аз 292 миллион доллар додугирифт карда бошанд, соли 2020 ин рақам баробари 57,7 миллион доллари амрикоӣ шуд.
Баъди нармиши муносибаҳо дар соли 2021, танҳо дар ду моҳ (откябр-ноябр)-и соли 2021 ҳаҷми содирот аз Эрон ба Тоҷикистон аз 60 то ба 180 миллион доллар афзоиш ёфт.
Ҳамчунин, коршиносон бо ишора ба фароҳам будани заминаи тиҷоратӣ байни ду кишвар мегӯянд, ки бояд дар мавриди воридоти маҳсулоти эронӣ, ки дар Тоҷикистон тавлид намешавад, тавофуқҳои ҷиддӣ имзо гардад. Зеро барои воридкунандагони тоҷик таърифаҳои гумрукӣ, маблағи транзит, ки ду кишвар - Туркманистон ва Ӯзбакистон барои ҳаракати мошинҳои ҳомили бор ва қатори роҳи оҳан меситонанд, муҳим аст ва ин бояд дар сатҳи давлатӣ ҳаллу фасл гардад.
Яъне ҳамон тавр ки Русия ба Тоҷикистони тахфифи 30 то 50 дарсадӣ медиҳад, бо Туркманистону Ӯзбекистон низ дар ин маврид тавофуқ бояд кард, ки барои истифода аз роҳи оҳани ин ду кишвар Тоҷикистон имтиёз диҳанд.
Дар Эрон агар заминаи хариди маҳсулот ба таври мустақим аз корхонаҳо ва ширкатҳои ин кишвар барои бозаргонони тоҷик фароҳам шавад, ба маротиб судовартар аст. Бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Белорус ва бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин тариқ истифода мекунанд, ки дар нархи маҳсулоти воридотӣ таъсир зиёд дорад. Яъне воситаҳо ва даллолҳо бояд дар ин муомилот ҳазф шаванд.
Дар ҳоли ҳозир аксари воридкунандагони тоҷик тавассути даллолҳо кор мекунанд ва маҷбуранд бахше аз маблағро ба миёнаравҳо пардохт кунанд, ки ин ба қимати маҳсулот таъсир мегузорад. Корхонаҳои Эронӣ низ ҳавасманди равобити мустқим ҳастанд.
Яке аз дигар самти ҳамкорӣ бо Эрон барои тоҷирони тоҷик истифода аз зарфияти бандари Чобаҳор дар ҷанубу шарқи Эрон аст, ки метавонанд воридот ва содироти хешро бо кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, Покистон ва Ҳиндустон аз ин тариқ анҷом диҳанд.
Табобат
Имрӯз теъдоде аз аҳолии Тоҷикистон барои табобат, аз ҷумла ҷарроҳии дилу рагҳо ва чашм ба Эрон мераванд.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки Эрон дар бахши улуми пизишкӣ дар байн 10 кишвари бартари ҷаҳон қарор дорад ва солҳост, ки беморонро барои дармон ба хориҷ равон намекунад.
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон кор мекунад, будуни зикри номаш ба мо гуфт, ки “ҳар ҳафта аз Тоҷикистон як – ду нафар барои дармон ба Эрон меоянд. Дар ин миён лағви раводид мӯҷиби афзоиши гардишгарии дармонӣ аз Тоҷикистон ба Эрон мешавад”.
Вай афзуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бахусус барои анҷоми амалҳои ҷарроҳии чашм, қалб, узулоти зону, шигастагии кос ва сутунмӯҳра ба Эрон мераванд.
“Бархе аз корафтодаҳо мегӯянд, дар натиҷаи ташхис маълум шудааст, ки дар ташхиси пизишкони тоҷик иштибоҳе будааст ё ба иштибоҳ амалҳое анҷом додаанд, ки мӯҷиби фалаҷ шудани беморон гардидааст. Аз ин рӯ, акнун ҳама озмоишҳо дар Эрон дубора анҷом мешавад ва беҳтар аст, ки беморони тоҷик бо истифода аз лағви раводид мустақиман озмоишҳоро дар Эрон анҷом диҳанд, ки мӯҷиби коҳиши харҷи молӣ низ мешавад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Воридоти дору аз Эрон ҳам аз бахши калони тиҷорати байни ду кишвар аст. Дар дорухонаҳои Тоҷикистон доруҳои истеҳсоли Эрон низ зиёд фурӯхта мешавад.
Коршинсон мегӯянд, маҳз дар бахши дорусозӣ замина муҳайё аст ва дар оянда бояд ҳамкорӣ кард. Эрон наздики 97 дарсад эҳтиёҷоташ ба дорувориро худ истеҳсол мекунад. Дар Тоҷикистон бошад, гиёҳҳои зиёди шифобахш ҳаст. Бо сохтани корхонаҳои муштарак метавон, ҳам мушкили камбуди доруро бартараф кард ва ҳам содироти онро ба хориҷ роҳандозӣ намуд. Ин метавонад боиси бо кор таъмин гардидани чанд нафар шавад.
Ҳамчунин, дар худи Тоҷикистон ҳам ба беморхонаву табибони эронӣ таваҷҷуҳи хос доранд. Ин аст, ки соли 2010 дар ҳамкорӣ бо табибон ва соҳибкорон дар Душанбе Беморхонаи муштараки Ибни Сино ба фаъолият оғоз кард, ки аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Табибони эронии зиёде дар ин беморхона кор мекунанд ва қисме барои гузаронидани ҷарроҳиҳои вазнин барои муддате меоянд. Табибони тоҷики ин беморхона ҳам барои такмили ихтисос ба беморхонаҳои ин кишвар фиристода мешаванд.
Таҳсил
Айни ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам бо роҳхати Вазорати илм ва маорифи кишвар ва ҳам мустақилона дар риштаҳои илмҳои дунявӣ барои таҳсил ба Эрон мераванд. Дар риштаи бакалавр ва ё магистр ҳам таҳсил мекунанд.
Аз ҷумла, теъдоде аз ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои улуми пизишкии Эрон мехонанд. Ин аст, ки дар соли равон хабарҳо дар мавриди ифтитоҳи шӯъбаи Донишоҳи улуми пизишкии Теҳрон - яке аз беҳтарин марказҳои дармонӣ ва омӯзиши Эрон, дар шаҳри Душанбе расонаӣ шуд.
Ҳамчунин, такмили ихтисоси табибони тоҷик дар донишгоҳу марокизи тиббии ин кишвар ба таври густурда ривоҷ ёфтааст. Аз ҷумла, дар донишгоҳи улум пизишки Шероз теъдоде аз пизишкони тоҷик давраҳои пайванди аъзои баданро омӯхта ва акнун дар бемористонҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Бояд гуфт, бо оғози равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар аввалҳои солҳои 90-ум аксари ҷавонони тоҷик танҳо ба хотири таҳсил дар мадрасаву макотиби динӣ озими Эрон мешуданд. Аммо тобистони соли 2010-ум донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабу мадрасаҳои динӣ дар хориҷ таҳсил доштанд, бозпас оварданд. Аз ҷумла, 168 донишҷӯи тоҷик, ки дар мадрасаҳои Зоҳидон, Сиистон ва Машҳади Эрон таҳсил доштанд, ба ватан оварда шуданд.
Дар замони сардии муваққатии равобити ду кишвар таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон бар асоси бурсияҳо дар Эрон қатъ шуд. Танҳо соли равон, ин масъала ва ҳамчунин, сохтмони мактаби якҷоя ва таъсиси шӯрои ҳимояи корҳои илмӣ дар мулоқоти Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дифои рисолаҳои илмӣ ва нашри китобу диссертатсияҳо аз дигар сабабҳоест, ки олимону донишомӯзони тоҷикро ба Эрон мебарад.
Гардишгарии фарҳангӣ
Гардишгарии фарҳангӣ аз дигар омилҳои сафари тоҷикон ба Эрон аст. Дар ин самт худи Эрон ҳам фаъол аст ва сари чанд вақт дар доираи ҳамоишҳои адабиву фарҳангӣ нухбагони илму адабу фарҳанги Тоҷикистон, махсусан шоирону нависандагон ва рӯзноманигоронро ба Эрон даъват мекунад.
Намоиши “Китоби Теҳрон” аз бузургтарин ҳамоишҳои фарҳангиву адабии ин кишвар аст, ки ҳамасола баргузор мешавад ва то сардии муносибатҳо садҳо рӯзноманигору аҳли фарҳангу адаб дар он ширкат кардаанд. Баъди хуб шудани муносибатҳо ҳам дар ин намошгоҳ тоҷикон ширкат доштанд. Танҳо дар як соли охир ду маротиба рӯзноманигорони тоҷик бо даъвати ҷониби Эрон аз ин кишвар дидан карданд.
Гузашта аз ин, дар Эрон турбати бузургони фарҳанги ниёкони тоҷикон, мисли Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Аттор, Камол нуҳуфтааст ва зиёрати онҳо муроди аксари дӯсторони адабу фарҳанги Тоҷикистон мебошад.
Мавзеъҳои таърихиву бостонии Тахти Ҷамшеду Кӯҳи беҳсутун ва амсол он ҳам гардишгарони тоҷик ва олимону фарҳангиёни тоҷикро сӯйи худ мекашад.
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста