Ҳоло баробари шунидани ибораи “адабиёти бачагона” пеши назар чеҳраи нависандаи хушном ва муваффақу маъруф Азизи Азиз меояд. Эшон имрӯз, 12-уми феврал, 64-сола шуданд ва “Азия-Плюс” ба ин муносибат доир ба аҳамияту қоидаҳои навиштан барои бачаҳо, муҳиммияти китобхонӣ, чопи китобу зиёд шудани хонандагон, нақши озмунҳои китобхонӣ дар рушду ташаккули зеҳнии бачаҳо, холӣ мондани майдони адабиёти бачагона, хоҳиш надоштани навқаламон ва ҳолати кунунии матбуоти бачагона бо ӯ суҳбат кард.
Ифтихор дорам.
Бо Азизи Азиз суҳбатро аз нақшаҳои имрӯзааш оғоз кардем. Ӯ гуфт, ки пайи эҷоди асарҳои нав аст ва ният дорад, барои бачаҳо 50 қисса нависад, зеро дар адабиётии кӯдак повест ниҳоят кам аст. Ӯ аллакай 18 қиссаро ба итмом расонидааст.
- Ин қиссаҳо кадом мавзӯъро дар бар мегиранд? Оё онҳо инъикосгари мушкилу муваффақияти кӯдакон хоҳанд буд?
- Қиссаҳо замонавӣ ҳастанду мешаванд. Барои мисол, номи якеаш “Телефон” аст. Қаҳрамони он дар гирдоби мушкилоти нав - бехатарии истифодаи интернет афтида, гумроҳу гунаҳкору пушаймон мешавад... Чун ҳоло ин мушкили рӯз аст, бояд ба ҳар васила насли наврас огоҳ карда шаванд.
- Чӣ гуна идеяи ҳикояву қиссаҳои замонавӣ навиштан пайдо шуд?
- Аслан, адабиёт адибро маҳдуд намекунад, балки метавон дар бораи кирми лойхӯрак ҳам ҳикоя навишт, аммо онро бо замона мувофиқ кардан лозим аст. Идеяи барои бачаҳо бо фарогирии ҳаводиси имрӯз навиштанро пеш аз ҳама мутолиа ба вуҷуд меорад. Адиб, махсусан, муаллифи асарҳои бачагона бояд зиёд хонаду донад. Бояд ҳама чизро донад. Аз трактор сар карда, то мафҳуми калимаи “нанотехнология”, аз физикаву химия сар карда, то тиббу тасаввуф. Ҳамчунин, дар натиҷаи бохабар будани нависанда аз вазъи замону рӯзгори бачаҳо ва муносибату суҳбатҳо бо онҳо идея пайдо мегардад, ки бо таҷрибаи дар солҳои зиёд ҳосилшуда асарҳои хуб тавлид мешаванд.

- Гузашти умр ба эҷодкор чӣ гуна таъсир мерасонад?
- Агар шахс ба эҷод ҷиддӣ машғул бошад, то 100-солагӣ ҳам навишта метавонад. Аммо агар шахсе дар синни 60-70 гӯяд, ки хаста шудааст, шояд натиҷаи шитобкориаш бошад. Ӯ шитоб кардааст, ки зуд-зуд асар эҷод кунаду ҷоиза ё унвоне бигирад ва вақте ки арзанда несту мукофот намегирад, хаставу ноумед мешавад. Омили дигари хастагӣ ва рӯҳафтодагӣ дар кори эҷод ин мутолиаи сарсарӣ ё умуман такмил надодани дониш аст. Агар эҷод дар қалб ҷо гирифта бошад, мисли Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир, то нафаси охирин менависӣ.
- Зодрӯзатонро шумо чӣ гуна қайд мекунед ва умуман, рӯзи таваллуд барои шумо чӣ паём дорад?
- Ман рӯзи таваллудамро қайд намекунам. Рӯзи таваллуд рамз аст, аммо қайд накарданам ба дину эътиқод ҳеҷ рабт надорад, балки ҳар рӯз саломат будану кор кардан худаш тавлиди нав аст. Паёми он як сол аз умр рафтан аст, ки як дараҷа инсонро ҳушёр мекунад.
- Фикри марг ба саратон меояд?
- Рӯзе нест, ки фикри марг чанд маротиба ба сарам наояд, аммо бетарс. Ман ба ин ҳақиқат тан додаам, медонам, ки умрам кам мондааст, вале мехоҳам боқимондаашро ба ҳузури дил сипар кунаму нақшаҳои эҷодиамро то имкон ҳаст, амалӣ намоям, чунки мавзӯъҳоям хеле зиёданд.
- Яъне марг даҳшат нест?
- Даҳшат аст, аммо ногузир мебошад. Марг азоб аст, як дараҷа маҳрумият аст. Лекин вақте ки одам дуруст мулоҳиза мекунад, тадриҷан ба он тан медиҳад.
- Аз оне, ки умрро сарфи қаламу коғаз кардед, пушаймон нестед?
- Ифтихор дорам. Хуб шуд, ки нависанда шудам ва хуб шуд, ки нависандаи бачаҳо шудам. Ганда ё нағз, инро хонанда муайян мекунад, аммо бояд бигӯям, ки ман яке аз нависандагони серхонандаи кишвар ҳастам, аммо ин чунин маъно надорад, ки ман худамро таъриф мекунам, аз он сабаб, ки дар ҳама ҷо, ҳатто дар Мадагаскару Чилӣ ҳам бачаҳо китобхонанд.

Маблағ аз куҷост?
- Мегӯянд, “барои бачаҳо асар эҷод кардан кори бисёр сангин асту душвор”. Ин гуфта то кадом андоза дуруст аст?
- Воқеан, барои бачаҳо навиштан хеле душвор аст. Барои мисол, чанде пеш аз ман хоҳиш карданд, ки барои хонандагони синфи якум, ки ду моҳ мактаб хондаанду ҳоло ҳамаи ҳарфҳоро наомӯхтаанд, ҳикоя нависам. Яъне, дар доираи 15 ҳарфи алифбо барои онҳо асар эҷод кардам. Азоб буд, вале гоҳо бо супориш ҳам навиштан лозим меояд.
- Асар барои бачаҳо кадом хусусияти хосро дорад?
- Дар вақти навишт барои кӯдакон ҳама чизро ба назар гирифтан лозим аст: синнусол, дараҷаи фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ ва ғайраҳо. Масалан, барои хонандаи синфи якум як ҷумла бояд 3-4 калима дошта бошад. Барои хонандаи синфи дуюм бошад, ҷумлаҳо иборат аз 8 то 15 калима бошанд. Ғайр аз ин, асар бояд бо забони барои бачаҳо ошнову сода навишта шавад. Кӯдак бояд ба сужаи ҳикоя ё қисса бовар кунад. Набояд хатти сужаро аз ҳад зиёд обшуста кунем. Барои мисол, “Фаррух бо дастони ношӯста сари дастархон нишаст, модараш ӯро танбеҳ дода, талқин кард, ки аввал дастонашро шӯяд. Акнун Фаррух пеш аз хӯрок хӯрдан даст мешӯяд...”. Ин ҳикоя намешавад, зеро дар он мушкилот нест, аммо агар оқибати бо дастони ношӯста ва бемор шудани Фаррух ва сиҳат гардидану аз мушкиӣ баромадани ӯ нишон дода шавад, пас, ҳикоя мешавад.
Асари бачагонаро набояд пурра хулоса кард, балки ба хонанда имкон дод, ки худаш ҳам фикр ва қазоват кунад. Бояд асар замонавӣ бошад ва нависанда вазифадор аст, ки дар бораи имрӯз бисёртар нависад, то хонанда худро дида тавонад.
- Кадом мавзӯъҳо дар асарҳои бачагона мамнуъ аст?
- Мавзӯи мамнуъ нест, аммо чанд чизест, ки бояд дар вақти навишти асарҳои кӯдакона набошанд. Якум, нишон додани зӯроварӣ. Дуюм, як қавмро аз қавми дигар баланд ё паст гузоштан. Ҳатто вақте ки қаҳрамони асар аз тоҷик буданаш ифтихор кунад ҳам, бояд асоснок карда шавад ва ин имиҷсозӣ ҳам набояд бо паст нишон додани миллатҳои дигар бошад. Сеюм, хушунату хунрезӣ набошад. Чорум, тасвири зиёд ҳам хуб нест. Бояд ин ҷо қайд кунам, ки “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода барои бачаҳо ҳам ҳаст, аммо 20-25 саҳифаи аввалаш чунон тасвири зиёд дорад, ки бачаҳоро каме дилгир мекунад. Устод моҳирона тасвир кардаанд, вале барои бачаҳо нест. Дар нашри дигараш, ки бо номи “Саргузашти Собир” чоп шуд, ҳамон тасвирҳои аввалро бардоштанд, ки кори хуб шудааст.
- Тиражи китобҳои шумо чанд аст?
- Теъдоди асарҳое, ки пас аз соли 2010 чоп шудаанд аз 6 то 12 500 нусха ҳастанд. Ҳамчунин, бархе нашри дуюм ҳам доранд, ки дар умум метавон гуфт, тиражи онҳо то 20 ҳазор мерасад.
- Асарҳоятонро аз кадом ҳисоб нашр мекунед?
- Шукр, ман ҳар сол 5-10 номгӯи китоб чоп мекунам. Соли 2019 37 китоб чоп кардаам. Дар масъалаи чопу фурӯши китоб мушкил надорам. Ҳамаи асарҳоямро бо кумаки Вазорати маориф ва илм чоп мекунам. Онҳо хоҳиш мекунанд ё супориш медиҳанд ва ман эҷод мекунам.
- Бойгонӣ доред?
- Не, ман чизи бисёр ҷамъ намекунам. Ҳатто аз Китобхонаи миллӣ иқдоме доир ба нашри номгӯи асарҳои ман карданӣ буданд. Гуфтам мундариҷае надорам ва агар худатон ёбед, кунед.

Таҳқиқи осор ва тарбияи шогирд
- Касе таҳқиқ дорад эҷодиёти шуморо?
- Корҳои дипломӣ мекунанд, аммо таҳқиқи васеъ нашудааст.
- Адабиёти бачагонаи мо ҳамқадами замон аст?
- Не. Имрӯз тақрибан 10 фоизи адабиёти бачагонаи мо ҳамқадами замон аст. Ҳамчунин, мо адиби бачаҳо кам дорем. Ҷавонтарин насрнависи бачаҳо манам, аз шоирон Маҳбуба Неъмадзода ҳастанд, ки 70-сола шуданд.
- Чаро шогирд тайёр намекунед ва майдонро холӣ мемонед?
- Адабиёт донишгоҳ нест, ки вақте донишҷӯ ба дарс намеояд ӯро аз хориҷшавӣ тарсонӣ ва дубора ояд. Нависандагӣ кори ихтиёрист. Навқалам мебинад, ки адиб чӣ имтиёз, чӣ даромад, чӣ аҳвол, чӣ гуна мошину хона дорад, худ хулоса мебарорад. Соли 2018 ман дар ошёнаи 9-уми Китобхонаи миллии Тоҷикисон 83 навқаламро аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атроф ҷамъ кардам, аммо ягонтои онҳо то охир нарафтанду нависанда нашуданд. Барои чӣ? Шояд ин касбу кор дигар “куҳна” шуда бошад?!
- Муддате дар факултети журналистика дарс гуфтаед. Доир ба он ҳамкорӣ чӣ гуфта метавонед?
- Рост аст, соли 2001 маро барои ҳамкорӣ даъват карда буданд. Як гурӯҳро, ки аз 16 донишҷӯ иборат буд, ду моҳ дарс додам, аммо дарк кардам, ки хоҳиш надоранд ва донишгоҳро тарк намудам.
- Умуман, нависандагиро омӯзонидан мумкин аст ва оё ҳоло ният надоред барои рафтану дарс додан?
- Мумкин аст, агар шогирд хоҳиш дошта бошад. Нақшаи муаллими донишгоҳу донишкадае шудан надорам, аммо дар мавриди эҷоди асар омодаам, ки ҳамкорӣ кунам.
- Дар китоб нахондани мардум кӣ гунаҳкор аст?
- Таълим хусусияти иҷборӣ дорад. Агар якуми сентябр эълон кунем, ки таҳсил дар мактабҳо озод аст, то якуми январ ҳеҷ кас ба мактаб намеояд, ҳатто аълочиҳо. Бачаро китоб хон гӯем, китобхон намешавад. Балки бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо назорату танбеҳу хушгӯиҳо водор мекунем барои китобхон шудан. Аввалин одаме, ки барои китоб нахондан гунаҳкор аст, модар мебошад. Баъдан, падар, муҳит ва мактаб.
- Муҳимияти китоб хондани бачаҳо дар чист?
- Одаме, ки китоб нахондааст ё намехонад, имкон дорад, ки ҳар замон шарманда шавад. Одами китоббезор дар ҳузури шумо худро ноҳинҷор ҳис мекунад, ба саволҳои шумо чӣ ҷавоб доднашро намедонад... Одаме, ки китоб нахондааст, ҳамсуҳбати хуб шуда наметавонад. Китобхон боиззат аст, лоиқи эҳтироми баланд мешавад. Китоб ба шахс ҷуръат, нутқ, савод медиҳад.

Зиндагии нависандаи бачагон
- Барои эҷод кардан мунтазири илҳом мешавед ё корро бидуни он оғоз мекунед?
- Чӣ будани илҳомро намедонам ва ба омадану наомаданаш кор надорам. Мавзӯъҳои зиёд дорам ва вобаста ба фурсат ва нақша менависам.
- Оё бо даромади нависандагӣ дар кишвари мо зиндагии шоиста кардан мумкин аст?
- Дар бораи дигарон чизе гуфта наметонам, аммо худам бо даромади нависандагӣ зиндагӣ дорам.
- Ҳоло аудиокитобҳо маъмул мешаванд. Оё нияти аудиоӣ кардани китобҳоятонро надоред?
- Бисёр иқдоми хуб аст, аммо то ҳол чунин пешниҳод нашудааст.
- Ба андешаи шумо кадоме барои кӯдакон беҳтар аст: реалӣ, тахайюлӣ ё ишқиву панду андарзӣ?
- Ҳамаи жанрҳо дар як сатҳанд, гап танҳо ба маҳорати нависанда аст. Тақрибан 12 жанр дар адабиёти бачаҳо ҳаст, ки ман дар ҳамааш асар эҷод кардаам, вале дар баъзе муаваффақ нашудаам.
- Панҷ сол пеш гуфта будед, ки агар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” панҷ сол давом кунад, тафаккури насли наврас дигар мешавад. Аллакай панҷ сол гузашт, ба кадом хулоса омадед?
- Аз умедвориам дида, беҳтар шуд. Ҳоло мо ба ҷое расидем, ки бо бачаҳо на танҳо дар бораи асарҳо, балки берун аз онҳо суҳбат мекунем ва аз ҷавобҳои онҳо дарк мекунем, ки нутқу фаҳмишу ҷаҳонбиниашон хеле пеш рафтааст. Баъди 3-4 соли дигар ҳар ҳакам ҷуръат намекунад, ки бо баъзе довталабон рӯ ба рӯ шавад. Баъзе довталабони ҳатто хурдсол аз баъзе адибон, аз ҷумла, адибони бачаҳо зиёдтар китоб хондаанд.
- Ҳоло то кадом андоза аз мазмуни матолиби телевизиону матбуоти бачагонаи мо огоҳ ҳастед ва баҳоятон ба онҳо чанд аст?
- Огоҳам. Ҳоло вазъ хуб нест. Замоне теъдоди обунаи маҷаллаи кӯдаконаи “Чашма” ба 150 ҳазор расида буд... Аммо дар миёнашон нашрияҳои хуб ҳам ҳастанд. Масалан, “Пайрав” ва “Ворисони Сомонӣ”.
- Мо ибораи “камоли нависандагӣ”-ро бисёр шунидаем. Лутфан, бигӯед, ки ин чист ва кай метавон ба камол расид?
- Дар эҷод ба камол расидан барои қаламкашон дар вақту замони гуногун даст додааст. Масалан, Шолохов дар 23, Чингиз Айтматов дар 28, Пӯлод Толис дар 30 — солагӣ ба камоли эҷод расидаанд. Ба камол расидани нависандаро ҳамкасбон, адабиётшиносон ва албатта, хонандаи зирак низ зуд пай мебарад.
Учительница-блогер с миллионными просмотрами. Как Наргис Курбонова покоряет соцсети и вдохновляет коллег
Таджикистанка рассказала, из-за чего паломники застряли в Саудовской Аравии
В Душанбе открыли памятник известному хафизу Одине Хошиму
Главы МИД СНГ утвердили Программу по укреплению безопасности на внешних границах Содружества
Таджикистан, Узбекистан и Кыргызстан подали совместную заявку на проведение Кубка Азии-2031 по футболу
Правительство Таджикистана поручило разобраться с распределением доходов Рогунской ГЭС
Таджикские сумоисты вернулись с бронзовыми медалями с международного турнира в Ташкенте
Как таджикский стартап zypl.ai привлёк $6 млн за 30 минут
МФСР инвестировал в сельское хозяйство в Таджикистане более $115 млн
Рустам Эмомали единогласно переизбран председателем Маджлиси милли
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста