Вазорати маорифи ва илми Тотористони Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил аз рӯи 18 ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 100 квота ҷудо кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.
Ин тасмим дар доираи вохӯрӣ бо ҳайати Тотористон дар Душанбе рӯзи 6 сентябр гирифта шуд. Гутфа мешавад, минбаъд шумори квотаҳо метавонад зиёд шавад.
“Ин квотаҳо метавонанд ҳам дар соли хониши имсола ва ҳам оянда истифода шаванд”, - иброз доштанд дар Кумита.
Муовини аввали вазири маориф ва илми Тотористон Андрей Поминов зимни вохӯрӣ омодагии ҷумҳуриро ба ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар заминаи коллеҷи политехникии “Алабуга” изҳор намуд. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили баланд бардоштани сатҳи тахассуси омӯзгорони муассисаҳои таълмии касбӣ ва таҳияи тарзҳои нави омӯзиш дар ин раванд баррасӣ шуданд.
“Алабуга” минтақаи махсуси иқтисодии навъи саноатӣ-истеҳсолӣ аст, ки дар Тотористон воқеъ мебошад. Ягона саҳмиядори ширкат Вазорати муносибатҳои замин ва амволи Тотористон мебошад.
Моҳи феврали соли 2024 Вазорати молияи ИМА нисбати “Алабуга” таҳримҳо ҷорӣ кард. Зикр шуда буд, ки дар қаламрави минтақа истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи “Геран-2” роҳандозӣ шуда, дар ҳоли рушд аст. Таҷҳизоту қисмҳои онро Эрон таъмин карда, аз ҷониби Русия дар низоъ бо Украина истифода мешавад.
Қаблан хабар дода будем, ки соли гузашта Русия квотаҳо барои довталабони тоҷикро ба таври назаррас зиёд карда, дар соли хониши 2023/2024 шумори онҳоро ба 1000 адад расонид.
Қобили зикр аст, ки Русия самти асосӣ барои таҳсил дар хориҷа барои ҷавонони тоҷик боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, айни замон зиёда аз 41,2 ҳазор ҷавонону духтарони тоҷик дар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари донишҷӯёни тоҷик - 33,17 ҳазор нафар дар Русия машғули таҳсиланд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста