Дар Тоҷикистон аз 1-уми октябр мавсими даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мешавад. Дилрабо Самадова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба саволҳои муҳим ва рӯзмарра дар бораи даъвати ҳарбӣ посух дод.

 

Чӣ гуна метавон худро ба рӯйхати шахсони дорои квота ба хидмати алтернативӣ номнавис кард ва ҳозир ин чӣ қадар нарх дорад?

Барои ба ин рӯйхат дохил шудан, ба комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ муроҷиат кардан лозим аст. Дар он ҷо ба шумо дар бораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тарзи қабули ариза маълумот медиҳанд. Маъмулан шиноснома, шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мақоми шуморо муайян мекунанд, талаб карда мешавад.

Дар робита ба арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ бошад, он 750 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад. Бо назардошти айни замон 72 сомониро ташкил додани 1 нишондиҳанда, арзиши он ба 54 ҳазор сомонӣ баробар аст.

То замони нашри мавод ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо Вазорати мудофиа дар тамос шавад, то ки шумори квотаҳои ҷудошударо муайян кунад.

 

Донишҷӯёне, ки ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд, метавонанд ба артиш даъват шаванд?

Донишҷӯёне, ки ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд, барои ба таъхир гузоштани хидмат ҳақ надоранд. Барои ба таъхир гузоштани хидмат танҳо ба донишҷӯёни риштаҳои рӯзона ҳуқуқ дода мешавад. Аз ин рӯ, агар шумо фосилавӣ таҳсил дошта бошед, шуморо метавонанд ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд.

 

Муаллимони деҳот ҳам ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд?

Барои гирифтани таъхир муаллим бояд маълумоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифааш на камтар аз шумори муқарраршудаи соатҳо (на камтар аз 1 меъёр ё худ ставка) дарс диҳад. Агар ӯ дар як ҳафта ҳамагӣ як рӯз ба кор барояд ё меъёрро аз рӯи соат иҷро накунад, ӯро метавонанд ба хидмат даъват кунанд.

Ғайр аз ин, масалан, агар ҳуқуқшинос муаллим шуда кор кунад, ба ӯ умуман таъхир аз хидмат дода намешавад, зеро ӯ маълумоти соҳавӣ надорад.

 

Мард ду зан дошт, зани якумаш вафот кард. Аз зани якум 1-ум писар ва аз зани 2-юм 2 писар монданд. Писаре, ки модараш вафот кард, писари ягона шуморида мешавад? Ӯро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд?

Не, ин писар ягона писари падараш шуморида намешавад, зеро ӯ аз зани дуюмаш боз ду фарзанд дорад. Ӯ метавонист барои модараш писари ягона ҳисобида шавад, агар пас аз ҷудошавӣ дигар фарзанд намедошт, лекин чун ӯ вафот кард, наметавонад барои ҳеҷ кас ягона дониста шавад.

Ба ин тариқ, барои ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбӣ ба ин писар ҳеҷ асосе нест.

Хидматчиёни ҳарбии ҳатмӣ дар Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

 

Агар писар ба ҷойи хидмат ҳозир нашуда бошад, комиссариати ҳарбӣ ҳуқуқ дорад, ки волидони ӯро ба ҳабс гирад?

Комиссариати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, ки волидонро барои ба хидмат ҳозир нашудани фарзанди баркамолашон ба ҳабс гирад ё ба ҷавобгарӣ кашад. Қонун талаб мекунад, ки волидон даъватномаро гирифта, бояд ба писарашон диҳанд. Агар ӯ дар хориҷи кишвар бошад, онҳо бояд ӯро дар бораи даъватнома огоҳ кунанд, масалан сурати онро фиристанд ё скан карда, онро ирсол намоянд.

Қобили зикр аст, ки маҷбур кардани волидон ё истифодаи таҳдид бо мақсади ба бозгашт маҷбур кардани писарашон ғайриқонунӣ буда, метавонад ҷиноят шуморида шавад. Волидон барои амалҳои фарзандони баркамол ҷавобгар нестанд.

 

Ман бемории сил дошта, дар Русия қарор дорам. Агар барои табобат ба Тоҷикистон равам, маро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ гиранд?

Ин ба вазъи солимӣ ва навъи бемории сил вобаста аст. Агар шакли кушодаи бемории сил бошад, дар ин ҳолат шуморо ба хидмат даъват намекунанд, зеро чунин беморӣ барои атрофиён хатарнок буда, муолиҷаро талаб мекунад.

Дар шакли пӯшидаи бемории сил даъват карданашон имкон дорад, лекин ба вазъи солимӣ вобаста аст. Агар беморӣ муътадил шудаву душвориҳои ҷиддӣ надорад, шуморо метавонанд даъват кунанд. Аммо агар аломатҳои раванди фаъол ё бад шудани вазъ ба мушоҳида расад, ба гумони ғолиб, шумо аз хидмат озод карда мешавед.

 

Ман бояд дар синфи 11-ум хонам, лекин таҳсил намекунам. Маро ба хидмати ҳарбӣ даъват карда метавонанд?

Агар шумо дар мактаб, коллеҷ ё дар шуъбаи рӯзонаи мактаби олӣ таҳсил надошта бошеду лекин 18-солагиро пур кардаед, шумо ҳуқуқи таъхир бо сабаби гирифтани маълумотро аз даст медиҳед ва метавонед ба хидмати ҳарбӣ даъват карда шавед.

 

Мо дар оила 2 нафар писаронем. Падарам маъюби гурӯҳи 1 ва бародарам маъюби гурӯҳи 2-юм мебошанд. Маро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ гиранд?

Муайян кардан лозим аст, ки бародаратон маҳз чӣ гуна маъюбӣ дорад ва то чӣ андоза коршоям аст. Ба назар гирифтан муҳим аст, ки оё боз дигар аъзои оила ҳастанд, ки ёрӣ расонида тавонанд.

Агар дар оила модари солим бошад, даъватшаванда бо сабаби нигоҳубини аъзои оила наметавонад барои хидмат таъхир гирад ё аз хидмат озод карда шавад. Даъватшаванда дар ҳолате таъхир гирифта метавонад, ки агар аъзои оиларо, ки худро нигоҳубин карда наметавонад ё таҳти сарпрастии давлат қарор дорад (масалан, дар хонаи маъюбон ё пиронсолон), зери нигоҳуюину ғамхорӣ дошта бошад.

Акс аз бойгонии Asia-Plus

 

Ман дар артиши Русия хидмати ҳарбӣ адо кардам, оё дар Тоҷикистон низ бояд хидмати ҳарбии ҳатмиро адо кунам?

Агар шумо дар артиши Русия хидмат карда бошеду душаҳрвандӣ (Тоҷикистону Русия) доред, шуморо лозим нест, ки дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии ҳатмиро адо кунед. Дар қонун дар бораи душаҳрвандӣ байни ду кишвар муқаррар шудааст, ки шаҳрвандоне, ки хидмати ҳатмии ҳарбӣ ё алтернативиро дар як аз кишварҳо адо карда бошанд, аз хидмат дар кишвари дигар озод карда мешаванд.

Барои ин шуморо лозим аст, ки шаҳодатномаи ҳарбиатонро ба комиссариати ҳарбӣ дар маҳалли зистатон дар Тоҷикистон пешниҳод намоед.

 

Ятимони кулл низ бояд хидмат кунанд?

Ятимони кулл ҳам мисли ҳамаи шаҳрвандон бо асосҳои умумӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Ҳатто агар онҳо писарони ягона бошанд ҳам, мақоми ятим онҳоро аз даъват озод намекунад.

Барои писари ягона ҳисоб шудан, яке аз волидон бояд зинда бошад ва фарзанди дигар надошта бошад.

 

Барои хидмат дар артиш қади мард бояд чӣ қадар бошад? Дар ин ҷо ягон маҳдудият ҳаст?

Ин ҷо дарозии қад начандон ба назар гирифта шуда, балки таносуби он бо вазн муҳимтар мебошад. Масалан, агар қади мард дарозу лекин вазнаш хеле сабук бошад, ин метавонад барои корношоям ҳисобидани ӯ ба хидмат асос шавад.

Дар ҳамин ҳол, агар қади мард паст бошаду, лекин вазниш ба меъёр мувофиқ ва вазъи солимиаш хуб бошад, ӯ метавонад ба хидмат коршоям дониста шавад.

Лекин барои баҳодиҳии дақиқии вазъи солимӣ ва мувофиқат ба меъёрҳо беҳтараш аз мутахассиси тиббӣ машварат гирифтан лозим аст.

 

Ман 17-солаам, метавонам ихтиёрӣ ба хидмат равам?

Дар 17-солагӣ шумо ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта наметавонед, зеро аз 18-солагӣ дар артиш хидмат кардан имкон дорад. Дар қонунгузорӣ имкони хидмат то расидан ба ин синнусол пешбинӣ нашудааст. Ғайр аз ин, муҳим аст, ки ба хидмат шумо бояд натанҳо аз лиҳози ҷисмонӣ, балки аз нуқтаи назари маънавӣ ва рӯҳӣ омода бошед.

Акс аз бойгонии Asia-Plus

 

Дар рӯзи 27-солагиам маро ба артиш даъват карда метавонанд?

Не, дар рӯзи ба 27-солагӣ расидан, шуморо ба ҳайати захиравӣ шомил мекунанд ва шумо даъват намешавед.

 

Ман маълумоти олӣ дорам, бояд чӣ қадар вақт хидмат кунам?

Муҳлати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандоне, ки маълумоти олӣ надоранд, 24 моҳ ва шахсони дорои маълумоти олӣ 12 моҳро ташкил медиҳад. Аммо қобили зикр аст, ки ба имкони гирифтани таъхир ё озодӣ аз хидмат омилҳои гуногун, аз қабили вазъи оилавӣ ва вазъи солимии даъватшаванда таъсир расонида метавонанд.

Сарфи назар аз асосҳо барои таъхир ё хоҳиши хидмат, талаботи тиббӣ ва вазъи солимии ҳар як даъватшавандаро ба инобат гирифтан зарур аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.