Дар Тоҷикистон бо оғоз шудани соли хониш сокинон дар бораи мамнуъиятҳо ва тағйироти нав дар низоми мактаб шикоят мекунанд ва дар ин робита дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. “Азия-Плюс” чанд масъалаи баҳсбарангезро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварӣ намуда, барои тавзеҳот ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кард.
Дар ин матлаб инчунин перомуни оё ин мамнуъиятҳо ҳуқуқи хонандагону донишҷӯёнро поймол мекунад ё на, шарҳи коршинос оварда шудааст.
“Либос ва намуди зоҳирӣ муҳим аст!”
Вазорати маориф ва илм аҳамияти риояи либоси тавсияшударо барои хонадагон, донишҷӯён ва омӯзгорон муҳим арзёбӣ мекунад.
“Пӯшидани сарулибоси тавсияшуда ба ташаккули ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, одобу ахлоқи намунавӣ дар байни хонадагону донишҷӯён ва эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун арзиши муҳими фарҳангӣ мусоидат мекунад”, - навиштааст Вазорати маориф ва илм дар Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони мактабҳои кишвар.
Мувофиқи тавсияҳои вазорат, ба духтарон дар мактаб пӯшидани ҳиҷоб, либоси нимбараҳна, шимҳои дарида, дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор, рангу бори беш аз ҳадди сару рӯ ва ранг (маникюр) кардани нохунҳо манъ аст.
Ба писарон низ ба дарс омадан бо мӯйи дарозу ришу нохуни расида ва бо ангуштариву занҷиру дастпона ва гӯшвор манъ шуда, ба пӯшидани шими ҷинсу велвет танҳо дар мавсими сармо иҷозат дода шудааст.
Оё омӯзгорон ҳақ доранд, ки духтарони мактабхонро ба пӯшидани тоқӣ маҷбур кунанд?
Пӯшидани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳои кишвар ҳатмӣ нест, ин танҳо тавсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, омӯзгорон ҳақ надоранд, ки хонандагонро ба пӯшидани “тоқӣ” маҷбур кунанд.
Аммо як корбари “Facebook” дар гурӯҳи “Tajik Mama Group” навишт, ки духтари ӯ дар мактаби №66 мехонад ва роҳбарияти ин мактаб ҳар рӯз дар назди дарвозаи мактаб истода, духтаронро бидуни тоқӣ роҳ намедиҳад. Ин масъала мавриди таваҷҷуҳи волидон ва корбарон гардид.
Баъзе волидайн пӯшидани тоқӣ дар мактабҳоро зарурӣ ҳисобида, мегӯянд, ки он аҳамияти фарҳангӣ дорад ва аз гармӣ муҳофизат мекунад. Бархе аз волидон норозигии худро баён карда, таъкид мекунанд, ки пӯшидани тоқӣ барои фарзандонашон нороҳатӣ эҷод мекунад.
Дар интихоби либоси мактабӣ ва аз куҷо харидани он ягон маҳдудият вуҷуд дорад?
Вазорати маориф ва илми кишвар дар пайи шикояти бархе аз волидон дар бораи хариди иҷбории сару либоси мактабӣ гуфт, ки ин ниҳод масъалаи харидории либоси мактабиро ба танзим намедарорад ва коргоҳу корхонаи дӯзандагӣ надорад. Ин ниҳод бо пахши як изҳорот афзуд, падару модарон метавонанд аз дилхоҳ нуқтаи фурӯш сару либоси мактабӣ харанд.
“Вазорат танҳо иҷрои талаботи либоси мактабӣ – ранг ва намудро тавсия намудааст, на арзишу коргоҳи дӯзандагиро. Падару модарон метавонанад сару либосро аз корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ харидорӣ намоянд. Дар сурати қонеъ нагардидан аз сифат ва арзиши он имкон доранд, ки сару либоси мактабиро аз ҷойи дилхоҳ дастрас намоянд”, - омадааст дар вокуниш.
Бо вуҷуди ин волидайни хонандагони мактабҳои кишвар шикоят мекунанд, ки маъмурияти муассисаҳои таълимӣ онҳоро маҷбур мекунанд, то аз корхонаи ватанӣ барои фарзандонашон либос ва лавозимоти мактабӣ харанд.
Оё гирифтани телефони хонандагон ва барои баргардонидани он пул талаб кардани омӯзгор қонунӣ аст?
Гирифтани телефон аз мактаббачагон ва талаби пул барои баргардонидани онҳо ғайриқонунӣ аст. Тибқи банди 18-и моддаи 16-и қонун “Дар бораи масъулияти таълим ва тарбияи фарзандон” омӯзгорон ва роҳбарон вазифадоранд, ки ба хонандагон перомуни истифодаи телефони мобилӣ маълумот дода, аз истифодаи онҳо дар дарс пешгирӣ намоянд.
Дар Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки омӯзгорон ва масъулини муассисаи таълимӣ ҳақ надоранд, ки барои баргардонидани телефони мобилӣ маблағ талаб кунанд. Дар сурати ба миён омадани чунин вазъият тавсия мешавад, ки ба телефони боварии Вазорати маориф ва илм 2-27-76 муроҷиат кунед.
Бояд гуфт, ки сар аз соли 2007 бо фармони вазири маориф ва илми кишвар бо телефони мобилӣ ба мактаб омадани хонандагон ва истифодаи он дар дохили мактабҳо манъ карда шуд. Аммо ин фармони вазир ба таври бояду шояд амалӣ нагардид ва моҳи марти соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ қонунан мамнӯъ эълон шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1-уми августи соли 2023 Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм ба хабарнигорон иттилоъ дода буд, ки ниҳоди зери тобеъаш лоиҳаи наверо омода мекунад, ки баъди қабули он истифодаи планшет ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон иҷоза дода мешавад. Аммо дар моҳи январи соли равон Раҳим Саидзода дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Омӯзгор” гуфтааст, ки истифодаи телефон ва планшет дар мактабҳо иҷозат дода намешавад, чунки барои таъмини макотиби кишвар бо китоби зарурӣ маблағи кофӣ пайдо кардаанд.
Дар бораи ин мамнӯъиятҳо коршинос чӣ андеша дорад?
Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки қоидаву маҳдудиятҳо нисбати зоҳири хонандагону донишҷӯён ба озодии баён, ибрози ақида ва боварии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
“Либоси тавсияшудае, ки Вазорати маориф ва илм онро тасдиқ кардааст, бояд ихтиёрӣ бошад на инки барои хориҷ кардан аз мактаб асос гардад. Баландии мӯй низ бо ягон санад танзим нашудааст ва истифодаи чунин меъёрҳо боиси таҳқир ва эродҳо нисбати омӯзгорону маъмурият мегардад”, -гуфт Дилрабо Самадова.
Ҳуқуқшинос бар ин назар аст, ки телефонҳои мобилӣ на танҳо ҳамчун воситаи фароғат хидмат мекунанд, балки дастрасиро ба иттилоот, манобеъи таълимӣ ва имконоти молӣ низ осон мекунад.
Ин коршинос миёни интизом ва ҳуқуқи инсон будани мувозинатро таъкид карда, гуфт, ки фароҳам овардани шароит барои баёни фикру ақидаи хонандагон, бахусус дар наврасӣ, ки шахсияти онҳо ташаккул меёбад, муҳим аст.
Дилрабо Самадова ба зарурати бознигарии меъёру талаботҳои мавҷуда бо мақсади ҷавобгӯ будани онҳо ба талаботи муосири таълим ва эҳтироми ҳуқуқи хонандагон, фароҳам овардани фазои фарогир ва мусоиди таълимӣ таъкид кард.
Дар як синф чанд талаба бояд таҳсил кунад?
Аз ҷониби як волидайни хонандаи синфи 6-уми мактаби №66 ба “Азия-Плюс” чунин савол ворид гардид: “Дар синфе, ки духтарам мехонад, 61 нафар таҳсил мекунанд. Оё ин дуруст аст?”.
Дар Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз рӯйи меъёр хондани 61 хонанда дар як синф нодуруст аст. Аз рӯйи меъёри муқараргардида дар як синфхонаи таълимӣ 25 хонанда таҳсил кунанд.
Бояд гуфт, ки талаботи зиёд ба мактабҳои русӣ дар миёни аҳолӣ, бо вуҷуди номувофиқ будани меъёрҳо, волидон талош мекунанд, ки фарзандони худро дар чунин муассисаҳо сабти ном кунанд.
Дар вазорат таъкид карданд, ки ҳолати мазкурро дар мактаби русии № 66-и шаҳри Душанбе баррасӣ мекунанд.
Барои иштирок накардан дар дарсҳо ҷарима муайян шудааст?
Волидони муҳассилин барои бесабаб зиёда аз 50 соат ба дарс наомадани фарзандашон то 864 сомонӣ ҷарима мешаванд. Ин ҷазо дар тағйироте, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд, қайд гардидааст.
Дар қисми 1-и моддаи 90-и кодекси мазкур зикр мешавад, ки “барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 50 соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ба андозаи аз 10 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 720 то 864 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад”.
Агар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран ҳолати дарсгурезӣ ба қайд гирифта шавад, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима таъйин мегардад.
Оё то синфи 11-ум таҳсил кардан ҳатмӣ аст?
Дар асоси тағйироте, ки ба қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ гардид. Дар сурати қатъи таҳсил, омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома додан зарур аст. Тағйироти нав ба қонун рӯзи 20-уми феврал аз сӯи вакилони парлумони кишвар қабул шуд.
Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 дигар қатъи таҳсил кунанд.
Шартҳо ва муҳлати муайяне барои додани дипломи донишҷӯён муқаррар гардидааст?
Донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба тариқи шартномавӣ таҳсил намудаанд, метавонанд баъд аз хатм дар муҳлати муқаррарнамудаи донишгоҳ дипломҳои худро гиранд.
Донишҷӯёне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва квотаи президентӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рўйи ихтисос дар муассиса ва ташкилоти давлатӣ фаъолият намоянд. Аз ин рӯ, дипломи онҳо баъд аз ба анҷом расидани қарордод супорида мешавад.
Волидон перомуни мактабҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилу тадриси фарзандонашон ба куҷо муроҷиат кунанд?
Волидоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд, метавонанд ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Сарраёсати маориф дар шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои маориф дар вилоятҳо муроҷиат кунанд.
Телефонҳои боварӣ:
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 2-27-76-86;
Сарраёсати маориф дар шаҳри Душанбе 2213092
Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ 313-722-233
Раёсати маорифи вилояти Хатлон 322-223-300
Раёсати маорифи вилояти Суғд 342-266-746
Раёсати маорифи вилояти ВМКБ 352-228-464
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста