Бархе аз омӯзгорон ва хонандагон дар вилояти Суғд шикоят мекунанд, ки онҳоро вақти дарс ва рӯзҳои истироҳат иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд. Агар касе рафта натавонад, бояд ҷойгузин фиристад ва маошашро низ пардозад. Мақомот мегӯянд, барои талаф нашудани ҳосили пахта ҳашари дастаҷамъӣ зарур аст ва омӯзгорону хонандагон ихтиёрӣ ёрдам медиҳанд.
Чанд омӯзгор дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” иброз доштанд, ки дастур аз тарафи мудирони муассиса ва иҷрои он ҳатмӣ аст. Онҳо мегӯянд, дар ҳолати изҳори норозигӣ, хатари ихроҷ аз ҷойи кор таҳдид мекунад.
Ҳоло мавсими пахтачинӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон идома дорад ва ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои кормандони муассисаҳои давлатӣ, ки дар чиниши пахта ширкат доранд нашр мешаванд. Аммо тибқи қонун, ҷалби хонандагони мактаб, донишгоҳ ва устодон ба пахтачинӣ дар вақти дарс манъ аст.
“Агар наравем, аз кор пеш мекунанд”
Як омӯзгори мактаб дар ноҳияи Ашт, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ҳар ҳафта рӯзи якшанбе муаллимонро новобаста аз хоҳиш ба пахтачинӣ мебаранд.
“Дар як ҳафта шаш рӯз кор мекунем ва танҳо як рӯзи истироҳат аст. Дар ин рӯз мо бояд корҳои хонаро кунем, бо фарзандон вақт гузаронем, истироҳат кунем. Аммо ҳар ҳафта рӯзи якшанбе моро ба пахтачинӣ мебаранд. Ҳатто 9-уми сентябр, дар рӯзи Истиқлоли давлатӣ мо дар пахтазор будем”, - нигаронӣ кард ин омӯзгор.
Ҳамсуҳбати мо аз чанд мактабе ном бурд, ки хонандаву муаллимонашро иҷборан ба саҳрои пахта мебаранд.
“Ин вазъият натанҳо дар Ашт, балки дар дигар ноҳияҳо низ мушоҳида мешавад. Ҳамкурсонам, ки дар мактабҳои Конибодом, Исфара ва Зафаробод муаллим ҳастанд, шикоят карданд, ки онҳоро низ ба пахтачинӣ мебаранд”, - иброз дошт ӯ.
Малоҳат Ниёзова (ном иваз шудааст), омӯзгори дигар иброз дошт, ки бо вуҷуди се ҷарроҳӣ, маҷбур ба пахтачинӣ меравад.
“Омӯзгоре, ки ба ҷамъоварии пахта намеравад, бояд аризаи аз кор рафтанашро нависад. Омӯзгоре, ки бемор аст, бояд ба ҷойи худ ягон шахсро ба пахтачинӣ фиристад ва пули корашро диҳад”,-мегӯяд номбурда.

Пахтачинӣ бо навбат
Омӯзгори дигар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-Плюс” муроҷиат карда гуфт, ки гуруҳи муаллимонро аз рӯйи навбат ба пахтачинӣ мефиристанд ва дарси онҳоро ҳамкоронашон мегузаранд.
“Дар ҳоле, ки қонунгузорӣ ба ҷуз таълиму тарбияи хонандагон ба дигар корҳо машғул шудани омӯзгорро манъ мекунад. Пас чаро омӯзгорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанду Бӯстон ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд? Ин ба мудири мактаб вобаста нест, балки бо супориши “боло” аст”,-мегӯяд ӯ.
Муаллими мактаби рақами 18-и шаҳри Хуҷанд, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, бо дастури шуъбаи маориф ва мудирони мактабҳо омӯзгорон ба чиниши пахта ҷалб шудаанд.
“Агар ба пахтачинӣ наравем моро таҳдид мекунанд, ки аз кор пеш мекунанд. Тибқи рӯйхат бо навбат ба пахтачинӣ меравем ва ба ҷойи мо ягон нафари дигар дарсро мегузарад. Ҳоло ба ҷойи таълими хонандагон ба пахтичинӣ машғулем”,- гуфт ин омӯзгор.
“Хонанда бояд дарс хонад ё пахта чинад?”
Дар ҳамин ҳол, чанд хонандаи мактаб ва волидайни онҳо ба мо иброз доштанд, ки масъулини мактабҳо хонандагонро низ маҷбурӣ ба пахтачинӣ ҷалб кардаанд.
Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 ба номи Рӯзӣ Азиз дар шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки хонандагонро дар соати дарсӣ ба майдони пахта мебаранд.
“Ҷалби хонанда дар замони дарсу таълим ба пахтачинӣ оё қонунан мумкин аст? Аллакай чанд муддат аст, ки хонандагонро маҷбуран барои ҷамъоварии пахта мебаранд”,-мегӯяд ин хонандаи мактаб.

Абдураҳмон (ном иваз шудааст), ки худро хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 43-и деҳаи Аппони ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт муаррифӣ кард, мегӯяд, муддатест ӯ ва модараш, ки омӯзгор аст, ба пахтачинӣ мераванд.
“Ҳар рӯзи шанбеву якшанбе омӯзгорону хонандагон ба пахтачинӣ мераванд. Касе аз ҳаққаш дифоъ кунад ё аз кор мегиранд ё ба навиштани ариза маҷбур мекунанд. Охир вазифаи омӯзгору хонандаи дарс додану таълим гирифтан аст, на мардикорӣ”-мегӯяд ӯ.
Маҷбурӣ ё ихтиёрӣ?
Аз ҳукумати ноҳияи Ашт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” пахтачинии хонандагону омӯзгоронро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, “онҳо рӯзҳои истироҳатӣ ва ихтиёрӣ ба ҳашар мераванд”.
“Касеро маҷбур намекунанд. Чун ноҳияи Ашт агарарӣ аст, хонандагон низ ба падару модарашон ба пахтачинӣ ёрдам мерасонанд. Чунки онҳо ҳамаашон замин ва саҳм доранд”,-гуфтанд аз ҳукумати Ашт.
Абдураҳим Қурбониён, мудири шуъбаи таҳсилоти миёнаи умумии Раёсати маорифи вилояти Суғд фиристодани хонандагону муаллимонро ба пахтачинӣ рад карда, гуфт, ки то имрӯз чунин шикоят нашудааст.
“Мо ягон хонандаро на иҷозат додагӣ ҳастем ва на чунин шикоят шудааст. Агар бошад мо корбарӣ мекунем. Чунин дастур ҳам нашудааст ва дар ҳамаи мактабҳо дарс рафта истодааст. Муаллимон рӯзҳое, ки холӣ бошанд, шояд худашон ёрдам раванд”, - иброз дошт Абдураҳим Қурбониён.

Барои онки ҳосили пахта талаф нашавад...
Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири маорифи шаҳри Конибодом, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” пахтачинии хонандагону омӯзгоронро тасдиқ кард, вале гуфт, “онҳо баъд аз соати дарсӣ ва дар рӯзҳои истироҳатӣ ихтиёран ба ҳашар мераванд”.
“Барои онки ҳосили пахта барбод нашавад, дар чидани он кӯмак карданамон лозим аст. Омӯзгорону хонандагон дар ин кор саҳми худро гузошта истодаанд. Ихтиёрӣ мераванд, маҷбуркунӣ нест. Шахсоне, ки саломатиашон хуб аст ва шароити рафтанро доранд, ба чидани пахта ёрӣ медиҳанд. Дар ноҳияҳои пахтакор ба фикрам ҳама ҳамин хел муносибат карда истодаанд”,- шарҳ дод мудири маорифи шаҳри Конибодом.
Ба гуфтаи мудири маорифи шаҳри Конибодом, нисбати нафароне, ки намехоҳанд ба пахтачинӣ раванд “ягон хел чораандешӣ намешавад”, вале “дар айни ҳол ба муносибати мудирони мактабҳо вобаста аст”.

Вазорати маориф: Ҷалби омӯзгору хонанда ба корҳои кишоварзӣ манъ аст
Аз Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфтанд, тибқи қонун “Дар бораи маориф” ҷалб кардани омӯзгорону хонандагон ба корҳои кишоварзӣ ва дигар фаъолиятҳои берун аз таълиму тарбия, манъ аст.
“Шаҳрвандон бо овардани факту рақам, яъне номи муассиса ва рақами он метавонанд ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Санҷида, дар ҳолати ҷой доштани ин ҳолат, чораҷӯйӣ мешавад”, - гуфтанд аз ин вазорат.
Бояд гуфт, ки Суғд баъд аз Хатлон дуюмин вилояти бузурги пахтакори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои расмӣ, имсол дар вилояти Суғд дар майдони 49 ҳазору 245 гектар пахта кишт шудааст ва охири моҳи август мавсими нави чиниши пахта оғоз гардид.
Бо оғози мавсими пахтачинӣ, кормандони муассисаву корхонаҳои давлатӣ аз ҷалб гардидан ба он шикоят мекунанд. Дар ин шабу рӯз мақомоти маҳаллӣ низ барои ҷалби шаҳрвандон ба пахтачинӣ таблиғу ташвиқ мегузаронанд. Аммо коршиносон ҷалби омӯзгорону хонандагон ва пизишкон ба пахтачиниро ба баҳс кашида, мегӯянд, ин як анъана ва мероси баде аз замони Шӯравӣ аст, ки ба ҷараёни таълими кӯдакону муолиҷаи cокинон таъсири бад мерасонад.





