Дар пайи гузаронидани 7 ҳазору 632 “рейд” дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдову хӯрокворӣ, хобгоҳҳо ва сохтмонҳои шаҳри Маскав нисбати ҳудуди 1,4 ҳазор муҳоҷир қарори ихроҷ қабул шуда, беш аз 450 тани онҳо аз Русия ихроҷ шуданд.
Дар ин бора Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав хабар дода гуфтааст, ки ҳамаи онҳо дар 9 моҳи соли равон дар ҳудуди пойтат ихроҷ шуданд.
“Дар натиҷаи корҳои анҷомдода оид ба татбиқи қонунгузории маъмурӣ, беш аз 58 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шуд, ки 15 ҳазори он ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ марбут буд. Онҳо қоидаҳои вуруд ва иқомат дар Русияро нақз кардаанд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Инчунин, беш аз 5 ҳазор кас қоидаҳои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба фаъолияти меҳнатиро вайрон кардаанд.
Манбаъ менависад, ки ғайр аз ин, 242 нафар ҷиноятҳои гуногунро содир намуда, 430 нафар гирифтори бемориҳои хатарнок мебошанд ва 100 нафар бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ вориди Русия шудаанд.
Ихроҷи беш аз 450 муҳоҷир танҳо дар Маскав дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи охир ҳадди ақал 4 ҳодисаи "ҳамла"-и мақомот ба ҷои кору хоб ва ҳатто маъракаи хурсандии муҳоҷирон дар Русия расонаӣ шуд. Аз ҷумла, дар пайи як "рейд" дар хобгоҳҳои ҷанубу шарқи Маскав беш аз 70 муҳоҷир боздошт шуда буданд.
Аз ин пештар рӯзи 22-уми сентябр кормандони ОМОН ба як маъракаи хурсандии муҳоҷирон ҳамла карда, 26 тани онҳоро аз Русия ихроҷ карданд.
Дар беш аз як соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.
Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аммо, тавре мушоҳида мешавад, то ба ҳол муваффақ нашудаанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста