Тибқи фарзияи пешакии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 18-уми феврал оғоз мешавад ва як моҳ давом мекунад.
Дар ин бора аз ин Кумита ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, ки ин рӯз ба тақвими солшумории қамарӣ дуруст меояд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, қарори ниҳоӣ дар мавриди оғози моҳи Рамазон моҳи феврал дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар қабул карда мешавад, вале маълум нест он мушаххас кай баргузор мешавад. Ҳамасола тақриба як ё ду ҳафта пеш аз оғози моҳи Рамазон мегузашт. Миқдори маблағи садақаи фитр, закот ва фидяи савм низ дар ин ҷаласа муайян хоҳад шуд.
Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта моҳи Рамазон дар кишвар 1-уми март шуруъ шуда, рӯзи 30-юми март бо аноҷми моҳ, иди Рамазон таҷлил шуда буд. Ҳаҷми садақаи фитр соли пеш 8 сомонӣ, закот 900 сомонӣ ва фидяи барои 30 рӯз 480 сомонӣ муқаррар гардида буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки яке аз ду иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.
Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста