Имрӯз дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз мекунад. Он бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон даъват шуда, то 26 июл давом мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар кори конфронс масоили ҳамоҳангсозии амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳияи пешниҳодоти мушаххас оид ба барқарор намудани иқтисоди ин кишвар, таъҷилан расонидани кумаки башардӯстона ба мардум, роҳандозии муколамаи пурсамар бо намояндагони ҳаракат оид ба масоили иҷрои талаботи калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби онҳо баррасӣ мешавад.
Гуфта мешавад, инчунин атрофи масъалаҳои таъсиси ҳукумат бар асосии намояндагии васеи тамоми қишри ҷомеа, риояи ҳуқуқҳои занон, масоили таъмини амният, амалисозии лоиҳаҳи гуногуни зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика ва дигар масоли мубрами вобаста ба вазъият дар Афғонистон табодули назар сурат мегирад.
Барои иштирок дар кори конфронс як ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттақӣ ба пойтахти Ӯзбекистон омадаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс намояндагони махсус оид ба Афғонистони Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Италия, Испания, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Норвегия, Покистон, Русия, ИМА, Туркия, Ҷопон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.
Ғайр аз ин, дар кори конфронс иштироки раҳбарият СММ ва мақомоти оинномавии он, намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дар назар аст.
Ба сурати умум, дар кори ин конфронси байнулмилалӣ ҳудуди 100 ҳайати кишварҳои хориҷӣ ширкат меварзанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Eadaily, “Толибон” умедворанд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳои онҳоро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздиктар намуда, ба интизориҳо ва талаботи ҳукумату мардуми Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.
"Умедворем, ки дар ин нишаст ниёзҳои мардум ва ҳукумати Афғонистон, роҳҳои ҳалли мушкилоти кишвар баррасӣ хоҳад шуд", - иброз доштааст дар ин робита муовини намояндаи расмии Афғонистон Билол Каримӣ.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
«Алиф» получил награду Mastercard за запуск Google Pay в Таджикистане
Афиша от «Азия-Плюс»: долгожданная Tarona Music Award-2024, «Вечер русского рока» и зимняя ярмарка ремёсел
Банк Эсхата запустил новый сервис по покупке авиабилетов
В Таджикистане планируют выпускать займы для устранения последствий стихийных бедствий
В Душанбе обсудили сотрудничество Таджикистана и Южной Кореи в сфере минеральных ресурсов
Лидер захватившей в Сирии власть группировки вернул родителям конфискованную квартиру в Дамаске
Рейтинг безопасности. Кто его составляет, и насколько ему можно доверять?
Таджикистан ускорит согласование документов по миграции во время председательства в СНГ
Новый год с заботой о здоровье: выбираем новогодние подарки для детей
Что будет с Сирией? Все сценарии развития событий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста