Ҷараёни таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи август каме суст шуд. Сатҳи таваррум моҳи августи соли равон 0,8 фоизро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).
Моҳи июли соли ҷорӣ нарху тарифҳо дар кишвар ба андозаи 1,1% боло рафтанд, ки нишондиҳандаи рекордии таварруми моҳона аз оғози сол аст.
Нимаи аввали соли равон мизони таваррум ҳамагӣ 0,8%-ро ташкил дод, ки моҳона тариқи зайл аст: моҳи январ - 0,4%, апрел - 0,5%, май - 0,6%, июн – 0,5% ва моҳҳои феврал-март арзоншавии нарху тарифҳо ба мушоҳида расид.
Ҳамин тариқ, сатҳи таваррум дар Тоҷикистон тӯли 8 моҳи соли равон ба 2,8% расид.
Қурби расмии асъор ба санаи 12 сентябр: 1 USD-9.4215 сомонӣ, 1 EUR-10.9167 сомонӣ, 1 рубл - 0,1342 сомонӣ.
Ба сатҳи таваррум дар соли равон болоравии тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ, ҳамчунин афзоиши нархҳо ба маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ бештар таъсир расонид. Маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, баръакс арзон шуд.
Арзиши сафар бо нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ҳамчунин нархҳо ба гази моеъ низ нисбатан зиёд боло рафтанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





«Азия-Плюс» запустила чат-бот, который учит цифровой безопасности
В Таджикистане определили квоты на отстрел краснокнижных животных
Мобильное приложение «Арванд»: безопасность, удобство и полный контроль над финансами
Праздник Рамазан в Таджикистане будет отмечаться 20 марта
Осужденные по делу «Крокуса» таджикистанцы обжаловали приговор
Комплекс Huseynzoda Avenue: комфорт в каждом метре вашего жилья
В Душанбе у родителей изъяли двоих детей за попрошайничество
65 сомони за мясо: жители Душанбе выстраиваются в очереди на ярмарках-продажах перед праздниками
Интернет в Таджикистане: как изменилась скорость и стоимость в 2025 году?
Союзники США отказались отправлять корабли в Ормузский пролив по призыву Трампа
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста