Портали Transfermarkt, ки трансфер (гузариш) ва арзиши футболистонро муайян мекунад, маълумот доир ба дастаҳо аз Тоҷикистонро нав кард.

Аз рӯи маълумоти навшудаи портал 11-гона (топ-11)-и гаронтарин футболбозон маълум шуд:

Сурат аз Transfermarkt

Аз лиҳози арзиш дар муқоиса бо қаблан навшавии маълумот нархи Лигаи олии Тоҷикистон кам шуд. Имрӯз чемпионати Тоҷикистон 9,40 млн евро нарх дорад. Ин арзиши умумии 12 даста буда, лекин тибқи фарзияи портал, на ҳамаи дастаҳо ба рӯйхат шомил шудаанд.

Арзиши дастаҳои футболи Тоҷикистон:

Сурат аз Transfermarkt

Лигаи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳоро огоҳ кард, ки равзанаи трансферӣ (гузариш) 1 июл боз шуда, дар доираи он дастаҳо бозингарони навро барои иштирок дар мавсим ворид карда метавонанд. Футболбозонро то 28 июл метавонанд ба қайд гиранд.

Дар Чемпионати футболи Тоҷикистон-2024 танаффуси тобистона оғоз гардида, айни замон “Истиқлол”-и Душанбе бо касби 33 хол дар садри ҷадвали чемпионат қарор дорад.

Нимаи дуюми чемпионати футболи кишвар бо бозиҳои даври 13-ум рӯзи 9 август оғоз мешавад.

Чемпионати имсолаи 33-юми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар ду давр баргузор мешавад.

Қаблан тасмим гирифта шуд, ки шумораи иштирокчиёни Лигаи олӣ аз 10 ба 12-то зиёд мешавад. Бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонӣ (иҷозатномадиҳӣ)-и бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 ширкат карда наметавонад.

Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз кард.

Ғайр аз ин, бинобар ба 12 адад расидани шумори дастаҳо дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар баромадро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионат ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.