Дар бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 байни кишврҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон ба натиҷаи беҳтарин ноил гардид. Тими Ӯзбекистон 13 ҷоиза ба даст оварда, зинаи 13-уми умумидаставиро ишғол намуд! Ҷоизаҳо аз 8 медали тилло, 2 - нуқра ва 3 - биринҷӣ иборатанд. Ин беҳтарин натиҷаи Ӯзбекистон дар таърихи Бозиҳои олимпӣ аст.

Ин комёбӣ ба Ӯзбекистон чӣ гуна муяссар шуд ва сирри он дар чист? Дар ин бора ба “Азия-Плюс” коршиносон изҳори назар карданд.

Ҳеҷ феномене нест, ҳамааш маблағгузорӣ

Мураббии мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук Ғайрат Неъматов аз сатҳи варзиш дар Ӯзбекистон огаҳии хуб дорад, зеро чандин сол аст, ки бо ҳамтоёни худ дар ин кишвар робита дошта, бо варзишгарон ба ҷамъомаду мусобиқаҳо ба ин кишвар меравад.

- Ростӣ, ман ягон феноменро дар муваффақияти дастаи мунтахаби Ӯзбекистон намебинам. Ин бештар масъалаи маблағгузории бузург ва нозукиҳое мебошад, ки ба ҳама маълуманд ва ба дастаи онҳо барои ба даст овардани медалҳо кумак кардаанд.

Пеш аз ҳама, ин буҷети калонест, ки барои варзиш ҷудо мешавад. Ҳар як федератсияи варзиш дар Ӯзбекистон хуб маблағгузорӣ мешавад, бинобар ин, онҳо аз ягон норасоӣ шикоят намекунанд. Аз ин рӯ, натиҷаҳо низ ба даст меоянд.

Ғайрат Неъматов инчунин зикр кард, ки қариб дар ҳамаи навъҳои варзиши Олимпиада дар Ӯзбекистон доварони байналмилалӣ ҳастанд, ки ҳамеша аз варзишгарони худ ҳимоят мекунанд, махсусан дар бокс ва гӯштини тарзи озод. Мо чунин доварон надорем. Ӯ изҳор намуд, ки агар довар худӣ бошад, ҳама аз "бумеранг" (бозгашт) метарсанд ва кӯшиш мекунанд, ки беадолатӣ нашавад.

Ҳамчунин доштани мутахассисони хуб низ муҳим аст, ки далели кайҳо собитшуда мебошад. Бе мутахассисони босифат кор кардан ғайриимкон аст, аммо маблағгузорӣ боз ҳам муҳимтар аст. Масалан, ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик нишон дод, ки он федератсияҳое, ки сармоягузории кофӣ доранд, натиҷаҳо низ ба даст меоранд.

Маблағи буҷети солонаи варзиши сабуки Ӯзбекистон 1 млн доллар аст. Аммо онҳо медал ба даст наоварданд. Гирифтани медалҳо дар варзиши сабук чандон осон нест ва барои ин ба ҳам омадани бисёр омилҳо зарур аст.

Мо ҳам метавонем, ки ба мисли Ӯзбекистон низоми муваффақ роҳандозӣ кунем? Албатта, агар маблағгузорӣ бошад. Ҳамчунин замина дошта бошем. Хуллас, ҳама корро аз сифр оғоз кардан лозим аст, ба ҷуз ҷудо ва бокс”, мегӯяд ӯ.

Маросими пешвози мунтахаби олимпии Ӯзбекистон дар Тошканд
Сурат аз торнамои olympic.uz

“Дар Ӯзбекистон кор мекунанд ва маблағгузорӣ ҳам хуб аст”

Дигар мураббии варзиши сабук Оксана Михайлус дар робита ба комёбии мунтахаби Тоҷикистон изҳори назар кард.

- Дар Ӯзбекистон низоми омодасозӣ комилан дигар аст ва онҳоро бо мо муқоиса кардан лозим нест. Аммо роҳи ҳалли масъала вуҷуд дорад. Ин қарорро бояд роҳбарият қабул кунад.

Аммо муҳимтар аз ҳама, бояд сиёсати ҷавононро аз варзиш ҷудо кард. Ин корро ӯзбекҳо карданд ва дар Олимпиада натиҷа ҳосил шуд. Ҳоло бояд на дар бораи Олимпиадаи 2028, балки бояд дар бораи Бозиҳои соли 2032 фикр кард, - изҳор намуд ӯ.

Мураббии маъруфи футзали Тоҷикистон Дамир Камалетдинов ба варзишгарон аз Осиёи Марказӣ мухлисӣ мекард:

- Аз варзишгарони тоҷик ифтихор дорам ва шодам, аммо умедвор будам, ки Давлат Болтаев то финал мерасад. Аммо кораш омад накарда, дар нимфинал бо муштзани ӯзбек рақобат кард. Онҳо ҳоло дар бокс комёбиҳои назаррас доранд. Аммо офарин ба ҳамаи варзишгарони мо. Ҳатто онҳое, ки дар он иштирок карданду ҷоизае нагирифтанд, ба ин ҷо танҳо беҳтаринҳо мераванд!

“Феномени ӯзбекӣ” чист? Он ҷо кор мекунанд ва маблағгузорӣ хуб аст. Интихобашон ҳам нисбат ба мо беҳтар аст, зеро қариб 40 млн аҳолӣ доранд.

Онҳо на дар як соат дар бокс пешсаф шуданд, ба ин мақом бо талош ва устуворӣ расиданд. Шояд ба мисли дигар ҳамаи навъҳои варзиш: низоми хуби фаъолу коркунанда бунёд карданд - аз мактабҳо барои кӯдакон то варзишгарони ҳирфаӣ.

Дар мо ҳам дар ҷудо ва бокс эҳсос мешавад, ки мутахассисони ҳирфаӣ кор мекунанд ва маблағгузорӣ ҳам ҳаст. Дар ҳама ҷое, ки даъват гирифтанд, иштирок мекунанд. Аммо дигар навъҳои варзиш начандон ба таври кофӣ дар ҳоли рушду пешравӣ мебошанд.

Дар ҷаҳони муосир ҳама чизро маблағгузорӣ ҳал мекунад ва бе маблағгузории хуб, мутахассисони хуб низ нахоҳанд буд. Дар сурати кори мутахассисони хуб, мутахассисони маҳаллӣ таҷрибаи онҳоро омӯхтаву азхуд мекунанд.

Дар ояндаи наздик то сатҳи ӯзбекҳо расидан барои мо ғайривоқеӣ аст. Шояд оянда имконпазир шавад. Мутахассисон хубтар медонанд, ки чӣ корҳо анҷом дода шаванд, бешубҳа онҳо дар ин хусус фикр мекуанд, - мегӯяд мураббӣ.

Ба ҷоизадорон аз номи президенти Ӯзбекистон туҳфа ва мукофотпулӣ тақдим шуд
Сурат аз торнамои olympic.uz

“Мунтахабҳои Ӯзбекистон бештар дӯсту тифоқанд”

Коршиноси тоҷик, котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов низ дар бораи таҷрибаи Ӯзбекистон ва имкони истифодаи он аз ҷониби Тоҷикистон изҳори назар кард:

- Ман аз соли 2007 ҳар сол ба Ӯзбекистон ба мусобиқаву семинар, курсҳои такмили ихтисос  ва дигар чорабиниҳо меравам. Аллакай ҳамон вақтҳо дидам, ки дар ҳар як мактаб ва ҳар як ҳавлиҳо назди хонаҳои онҳо майдончаҳои муосири варзишӣ буданд. Дар Тоҷикистон ин танҳо бо омадани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи шаҳрдори Душанбе оғоз шуд. Ин омили якум аст.

Омили дуюм - дастгирии варзиши касбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар ҳама сатҳҳо аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон. Аз варзиш миёни кӯдакон то варзиши дастовардҳои олӣ. Омили сеюм - маблағгузорӣ барои рушди варзиш.

Дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон дар ҳама навъҳои варзиш бештар дӯсту тифоқанд. Муҳити равонӣ нақши бузург дорад, бахусус дар навъҳои бозӣ ва ҳангоми мусобиқаҳои бузург - Олимпада, Чемпионати ҷаҳон, Осиё ва ғайра.

Дар мо чӣ? Оё мо метавонем ба сатҳи варзиш дар Ӯзбекистон наздик шавем?

Агар танҳо ба пули ҳукумат умед бандем, пешрфат нахоҳем дошт. Иқтисоду ММД-и моро бо Ӯзбекистон муқоиса кунед, дар бораи Қазоқистон ҷойи гап ҳам нест. Ин ҷо бисёртар ба роҳбарони федератсияҳои варзишӣ вобастагӣ дорад. Соҳибкорони муваффақи ватандӯстро ҷалб кардан лозим аст. Танҳо дар ҳамдастӣ (ҳукумат, федератсияҳои варзишӣ, ВАО-и риштаи варзиш, ҷомеа) мо метавонем натиҷаи дилхоҳ ба даст орем.

Моро лозим аст, ки бештар мураббиёни ҷавонро ба Ӯзбекистон фиристем. Барои ин бо федератсияҳо робита зич барқарор намудан лозим аст. Ӯзбекистон он қадр дур нест ва хароҷот ҳам камтар мешавад.

Ба мусобиқаҳо ҳам бештар назди ҳамояҳо - Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон рафтан лозим аст. Сарфи назар аз ҳама мушкилот, ҳозир мебояд ояндаро фикр кард. Ба ҳарос афтодан лозим нест, - хулоса кард коршинос.

Ёдрас мекунем, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 варзишгарони Ӯзбекистон дар риштаи бокс 5 медали тилло ба даст оварда, дар ин навъи варзиш зинаи 5-умро ишғол намуданд. Ҳамчунин дар навъҳои ҷудо, гӯштини тарзи озод ва таэквондо низ ба дарёфти 1-тогӣ медали тилло ноил гардиданд.

Қазоқистон бо дарёфти 7 медал зинаи 43-юмро касб кард: 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ. Қирғизистон бо 6 медал мақми 68-умро ишғол кард: 2 медали нуқр ва 4 медали биринҷӣ.

Аз рӯи натиҷаҳои Олипиадаи Париж мунтахаби Тоҷикистон бо 3 медали биринҷӣ дар зинаи 79-ум ҷой гирифт. Мунтахаби Туркманистон аз медалҳои Олимпиада бенасиб монд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.