Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҷрибаи байнулмилаии ба бонкҳо пешниҳод намудани қарзҳои кӯтоҳмуҳлат тавассути баргузор намудани музоядаҳоро ҷорӣ мекунад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, воситаи нави амалиёти монетарӣ бо мақсади таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии амалиётҳо бо пули миллӣ ва ба танзимдарории бозори байнибонкии қарзӣ роҳандозӣ мешавад.
«Механизми қарзии мазкур дар асоси принсипҳои амалиёт дар бозори озод пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлатро тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар назар дошта, он барои дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз БМТ тариқи музоядаҳои қарзӣ шароити мусоид фароҳам меорад», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, музоядаҳои қарзии БМТ аз 2 марти соли 2017 шурӯъ гардида, мунтазам ҳар ҳафта тибқи нақша бо муҳлатҳои 14 ва 28 рӯз гузаронида мешаванд. Меъёри ибтидоии (ҳадди ақалли) фоизӣ барои дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сатҳи меъёри бозтамвил ҷамъи ду банди фоизӣ муқаррар карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки ба сифати гарави қарз ташкилотҳои қарзӣ метавонанд коғазҳои қиматноки давлатӣ, коғазҳои қиматноки БМТ, асъори хориҷӣ ва амонатҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон бударо истифода баранд.