Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур рӯзи 11 апрел дастур додааст, ки масъалаи ба қонунгузории ҷумҳурӣ мутобиқат доштани истифодаи воситаҳои радиоэлектронии алоқа, аз ҷумла ратсияҳо ва WiFi-роутерҳоро дар марказҳои савдо ва бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва тарабхонаҳову нуқтаҳои хӯроки умумӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Дар ин робита супориш дода шудааст, ки ҷиҳати санҷиши фурӯш ва истифодаи роутерҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
«Ин санҷиши мутобиқати пешниҳоди хизматгузорӣ тариқи WiFi-роутерҳо ба қонунгузории кишвар аст, ки пеш аз ҳама, барои солимии аҳолӣ зарур аст», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти алоқа бидуни ифшои ному насаб.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи моддаи 17 (сертификатсияи алоқа) қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи барқӣ», тамоми воситаҳои алоқаи барқӣ бояд аз сертификатсияи мутобиқат ба меъёрҳои муқарраршуда, шартҳои техникии меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ гузаранд.
«Баъзан роутерҳои истеҳсоли Чин истифода мешавад, ки ба саломатии инсон зарар дорад. Мо уҳдадорем, ки ин ҳолатҳоро пешгирӣ кунем», - гуфт манбаъ.
Ба қавли сарчашмаи хабар, шахсоне, ки ба воридоти роутерҳо машғуланд бо масъалаи аз сертификатсия гузаштан дучор меоянд.
«Шахсони ҳуқуқӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои WiFi бояд аз Раёсати назорати Хадамоти алоқа иҷозатнома гиранд. Арзиши сертификат ба басомад ва ҳаҷми роутер вобаста аст», - иброз дошт манбаъ, вале аз пешниҳоди маълумот дар бораи нархнома худдорӣ варзид.
Иҷрои қарори мазкурро роҳбари Хадамот Бег Сабур шахсан зери назорат гирифтааст. Дар сурати ошкор шудани қонуншиканиҳо, ба санҷишгарон дастур дода шудааст, ки санад ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода, онро ҷиҳати чораҷӯии минбаъда ба Хадамот пешниҳод намоянд. Тасдиқи расмии ин маълумот аз Хадамоти алоқа муяссар нашуд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки санҷиш бештар сабабҳои иқтисодӣ дошта, ҷорӣ сохтани гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи хизматрасониҳои WiFi, ба нархи хизматгузориҳои алоқа таъсир мерасонад, зеро акнун ҳар кадоме аз соҳибкорон бо пардохти маблағи муқарраршуда ба Хадамоти алоқа, бояд ҳатман иҷозатномаи махсус дастрас кунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.