Тамоили болоравии мизони таваррум дар Тоҷикистон моҳи апрел каме суст шуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи гузашта сатҳи таваррум 1,2%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи март 0,3% камтар аст.

Қобили зикр аст, ки моҳи март сатҳи таваррум 1,5% афзуда, моҳи январ нарху тарифҳо - 0,6% ва моҳи феврал - 1,1% зиёд шуда буданд.

Ҳамин тариқ, тӯли 4 моҳи аввали соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,7% бештар аст. Сатҳи таварруми солона - аз моҳи апрели соли 2016 то моҳи апрели соли 2017  то ба 8,1% зиёд шуд.

Қаблан БМТ афзоиши раванди таваррум дар семоҳаи дуюми соли равонро пешгӯӣ карда буд. Пешбинӣ мешавад, ки дар навбати аввал нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории воридотӣ боло мераванд.

Дар шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи марти соли 2017 қайд мешавад, ки тибқи таҳлилҳо интизорӣ меравад, ки дар семоҳаи дуюми соли равон вобаста ба омилҳои қурбию монетарӣ интизориҳои манфии таваррумии истеъмолкунандагон зиёд гардида, фишороварии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус маҳсулоти асосии воридотӣ дар давраи миёнамуҳлат ба сатҳи таваррум нисбатан зиёд мегардад.

«Бо вуҷуди ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва пешгирии фишорҳои таваррумӣ, сиёсати қатъии пулию қарзиро амалӣ намуда, тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри нигоҳ доштани меъёри таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда равона хоҳад намуд», - омадааст дар шарҳ.

БМТ сатҳи таваррум то охири солро дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Бо ин мақсад Бонки миллӣ аз воситаҳое чун амалиёт дар бозори кушод, амалиёти болову поин бурдани меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёти асъорӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва ғайра истифода карданист.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1% ва сатҳи миёнаи моҳонаи он - 0,5%-ро ташкил дода буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.