Ҳаҷми умумии қарзҳои мушкил дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи августи соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (беш аз 200 млн. доллар)-ро ташкил дод.
“Қарзҳои батаъхирафтода аз рӯи қарзҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 августи ҳамин сол 1899 млн. сомониро ташкил дод”, - хабар медиҳад Агентии омори назди Пезиденти Тоҷикистон.
Ҳаҷми чунин қарзҳо давоми чор моҳи охир ба миқдори 21 млн. сомонӣ (2,2 млн. доллар) афзудааст.
Наздики 32%-и қарзҳои батаъхирафтода бо арзи миллӣ – сомонӣ ва беш аз 68% - бо асъори хориҷӣ дода шудааст.
Ҳаҷми қарзҳои мушкил бо арзи миллӣ – 602 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ – 1 млрд. 296 млн. сомониро ташкил медиҳанд.
Маблағи умумии қарзҳои додаи низоми бонкӣ ба санаи 1 августи соли ҷорӣ 8 млрд. 580 млн. сомониро ташкил дода, ҳамин тариқ ҳиссаи қарзҳои пардохиашон батаъхирафтода дар ҳаҷми умумии низоми қарздиҳӣ ба 22% баробар шудааст.
Ҳиссаи бештари қарзҳо асосан ба корхонаҳои хусусии тиҷоратӣ (наздики 2,3 млрд. сомонӣ) ва корхонаҳои давлатӣ (қариб 2 млрд. сомонӣ) рост меоянд.
Қобили зикр аст, ки як қатор бонкҳои тиҷоратии кишвар соли сеюм аст, ки пулҳои амонати мизоҷони худро баргардонида наметавонанд ва ин ҳолатро дар навбати аввал ба он нисбат медиҳанд, ки қарзҳои ба дигар мизоҷон додаашонро гирифта наметавонанд.
Чунин мушкилот дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ҳамчунин дар бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ҷой дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.