Корхонаи хурди муосири коркарди металл, ки фаъолияташ ба коркарди металли сиёҳ равона хоҳад шуд, соли оянда бунёд мегардад.
Амалисозии лоиҳаи ҶДММ “Оҳанкор” оид ба роҳандозии истеҳсоли фулузпораҳои рехтаи металлӣ дар қаламрави МОИ “Суғд” дар ҷаласаи Комиссияи баррасии нақшаҳои тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон барои гирифтани мақоми субъекти МОИ назди Вазорати рушди иқтисод маъқул шуморида шуд.
Ин нахустин субъект дар МОИ “Суғд” мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои тоҷирони ӯзбек сармоягузорӣ мешавад. Сармоягузор барои роҳандозии истеҳсолот беш аз 1,8 млн. доллар маблағгузорӣ карданист, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи МОИ “Суғд”.
Гуфта мешавад, ҷараёни итеҳсолот дар таҷҳизоти муосир амалӣ мешавад, ки бехатарии экологии истеҳсолотро таъмин менамояд. Фулузпораи металлии рехтаи дар корхона истеҳсолшуда ҷиҳати коркарди минбаъда ба Ӯзбекистон фиристода мешавад.
Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа қонеъ намудани талабот ба захираҳои ашёи хом дар бозори минтақавии маҳсулоти металлургӣ унвон мешавад. Бо тадриҷан омӯхтани ин бозор, корхона номгӯӣ истеҳсоли маҳсулотро гуногун хоҳад кард. Ба ҷуз фулузпораҳои рехта, истеҳсоли арматура, профилҳои металлӣ ва дигар маҳсулот аз металл низ дар назар аст.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.