Вохӯриҳо бо соҳибкорон ва роҳандозии корҳои густардаи таблиғотӣ оид ба риояи ҳуқуқи истеъмолгарон самараи хуб доданд: соли 2018 ҳолатҳои муроҷиати ширкатҳои машғул ба фурӯши молу маҳсулоти ниёзи мардм дар мавриди мусодираи маҳсулоти вайроншуда аз онҳо афзуд.

Директори Агентии “Тоҷикстандарт” Қудрат Давлатзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол ин иқдомро пурсамар арзёбӣ намуда, қайд кард, ки беш аз 19 ҳазор литр нӯшокӣ (ҶДММ “Амазон”), наздики 14 тонна маҳсулот (шоколад, панир, яхмос, ҶДММ “Рӯшон”), беш аз 1,5 тонна маҳсулоти ҶДММ “АВФ”, 6,8 тонна маҳсулоти ҶДММ “Реал Трейдинг”, зиёда аз 4 тонна маҳсулоти ҶСК “Фаровон”, беш аз 16 ҳазор дона маснӯоти атриёти ширкати “Фаберлик” бо дархости худи ин ширкатҳо аз фурӯш гирифта шудаанд.

“Нисбати ширкатҳои беинсоф, ки маҳсулоти ғайримеъёрӣ ва вайроншударо ба аҳолӣ фурӯхтанӣ мехостанд, чораҷӯӣ шуда, онҳо ба маблаги умумии 1,5 млн. сомонӣ ҷарима шуданд, ки нисбат ба соли пешин (с.2017) 165 170 сомонӣ бештар аст”, - иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2018 кормандони “Тоҷикстандарт”ҳамашӣ беш аз 3 ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквории ғайримеъёрӣ, муҳлати истифодаашон гузашта ё вайроншударо аз фурӯш боздоштаанд, ки қисмати зиёди онро маҳсулоти гӯштӣ (зиёда аз 1,3 ҳазор тонна) ва нӯшокиҳои спиртӣ (наздики 205 ҳазор литр) ташкил медиҳанд.

“Ҳамчунин байни ин маҳсулот маснӯоти макарон, равғани псстанӣ, конфету консерваҳо, маснӯоти қаннодӣ, чой, какао, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, маҳсулоти ширӣ ва тухм низ ҷой дошта, қисмате аз ин маҳсулот пастифат ва боқимонда ба меъёрҳои тамғазанӣ мутобиқат намекард”, - хабар дод Қудрат Давлатзода.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2018 кормандони Агентӣ ҳудуди 83 ҳазор бозичаҳоро барои кӯдакон, ки асосан истеҳсоли Чин мебошанд, барои мутобиқат надоштанашон ба регламенти техникии бехатарии қабулшуда барои ҳимояи солимии кӯдакон аз фурӯш мусодира кардаанд.