Директори генералии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков ба “Азия-Плюс” дар бораи имкони маблағгузории лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун”, азсаргирии қарздиҳӣ ба Тоҷикистон ва бозбинии пешгӯиҳои рушди иқтисоди кишвар бо назардошти вазъияти марбут ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия маълумот дод.

Дар бораи “Роғун”

Амалисозии тарҳи неругоҳи “Роғун” ба гуфтаи Жуков, натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи Осиёи Марказӣ муҳим аст.

“Агар он тавре ки пешбинӣ гардидааст, амалӣ шавад, ба кишвар ва минтақа фоидаи зиёд меорад. Ва натанҳо дар самти афзоиши энергияи сабз, балки ба танзими захираҳои обӣ низ кумак мекунад”, - гуфт ӯ.

Номбурда зикр кард, ки иштироки БОР дар маблағгузории тарҳи неругоҳи “Роғун” дар доираи муроҷиати дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад.

“Ҷиҳати сармоягузорӣ мо ҳоло сари қароре наомадаем, вале ба гумони ғолиб иштирок мекунем (дар маблағгузорӣ ба лоиҳаи неругоҳи “Роғун” - эзоҳи идора)”, - илова кард Жуков.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди маблағгузории имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” ба шарикони рушд муроҷиат кард. Ба ҳамоҳангсозии ин корҳо Бонки ҷаҳонӣ машғул аст.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи кишвар, барои идомаи корҳои сохтмон дар доираи ҷадвалҳои тасдиқшуда ҳамасола 1 млрд доллар ва барои амалисозии пурра лоиҳа - 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст.

Сармоягузорони аввалини лоиҳаи “Роғун” Бонки исломии рушд (150 млн доллар) ва фондҳои кишварҳои араб (400 млн доллар) шуданд, ки маблағгузориашонро 17 апрели соли ҷорӣ тасдиқ карданд.

Тибқи иттилои Вазорати молия, аллакай созишнома оид ба ҷалби қарзи имтиёзнок бо Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё (Чин) ба маблағи 500 млн доллар ба имзо расидааст.

Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки авруосиёии рушд ва дигар ниҳодҳои молиявиро аз ҷумлаи сармоягузорони имконпазири лоиҳа мансуб медонанд.

То имрӯз лоиҳа аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ шуда, ҳаҷми умумии он, тибқи маълумоти расмӣ, аз соли 2008 (оғози сохтмони неругоҳи “Роғун”) зиёда аз 40 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, соли 2017 бо ин мақсад аз ҳисоби ҷойгиркунии коғазҳои қиматноки давлатӣ ё худ вомбаргҳо (евробонд) 500 млн доллар маблағи сармоягузорони хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Директори генералии БОР дар Осиёи Марказӣ Евгений Жуков
Сурат: Repost.uz

Дар бораи барқарорсозии қарздиҳӣ

Евгений Жуков зикр кард, ки айни замон Тоҷикистон кишвари дорои хавфи баланди қарз арзёбӣ шуда, бо ин сабаб наметавонад аз БОР қарз дастрас кунад.

Арзёбии мазкур, ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ таҳия мешавад.

“Мо дида истодаем, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон беҳтар мешаванд ва агар ин тамоил идома ёбад, яқинан аз эҳтимол дур нест, ки Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА Тоҷикистонро аз дараҷаи кишвари дорои хавфи баланди қарз ба кишвари дорои хавфи миёнаи қарз мегузаронанд”, - иброз дошт номбурда.

Агар ин тавр шавад, таъкид дошт Жуков, БОР ба кишвар дар баробари грантҳо қисман метавонад қарз ҳам диҳад.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби “сарбории баланди қарз”, аз соли 2018 БОР ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад. То ин вақт ҷумҳурӣ бо ҷадвали 50/50, яъне 50% қарз ва 50% - грант аз БОР дастгирӣ меёфт.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки осиёии рушд (БОР) дархост намуд, ки шакли дастгирии молиявиро ба ҷумҳурӣ бозбинӣ кунад, яъне имкон дошта бошад, ки ба ҷуз грант, қарз ҳам гирифта тавонад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, то 1 январи соли 2024 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 30,2%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.

Дар сохтори қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар ё худ 89%-ашро қарзи хориҷӣ ва 400 млн доллар ё худ 11%-ашро қарзи дохилӣ ташкил медиҳад.

Таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 1 январи соли ҷорӣ ба 26,9% баробар буд.

Мувофиқи таснифи ХБА, додани қарз ба кишварҳои дорои сатҳи рушди Тоҷикистон боздошта мешавад, агар таносуби қарзи хориҷӣ нисбати ММД ба 40% наздик шавад.

Чунин кишварҳо, агар соддатар бигӯем, қобилияти пардохт надоранд (пардохтнопазиранд).

Дар бораи бозбинии пешгӯиҳо

Ба гуфтаи Евгений Жуков, бозбинии пешгӯиҳо дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистонро БОР нимаи соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст.

“Тахминан моҳи июл пешгӯиҳоро бозбинӣ мекунем ва албатта, омилҳои зикршударо ба инобат мегирем", - изҳор намуд Евгений Жуков.

Шарҳ медиҳем, ки зери мафҳуми омилҳо санҷиши сартосарии муҳоҷирон дар қаламрави Русия, истирдоду ихроҷ, манъи вуруд, рад шудани пешниҳоди патенти кор ва ғайра пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”, ки дар содир намудани он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки иқтисоди Тоҷикистон аз ҳама бештар дар ҷаҳон вобаста ба интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дониста мешавад.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ қаблан зикр гардида буд, ки дар соли 2022 ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ 5,2 млрд долларро ташкил дод, ки ба 49%-и ҳаҷми ММД-и соли гузашта ҷумҳурӣ баробар буд. Ба ин тариқ, аз рӯи ин нишондод ҷумҳурӣ рекорди худро, ки соли 2013 гузошта шуда буд, такрор кард.

Тибқи маълумоти ахири ҳар семоҳаи “Гузориши рушди Осиё”, ки аз ҷониби БОР моҳи апрели соли ҷорӣ нашр шуд, дар соли 2024 ва 2025 “бар асари коҳиши интиқоли пул, маҳдудияти фазои молиявӣ ва камшавии талабот ба маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон дар ҷаҳон”, сустшавии руши иқтисоди Тоҷикистон пешгӯи мешавад.

Мувофиқи пешгӯии Бонки осиёии рушд, пас аз аз рушди 8,3% дар соли 2023, рушди ММД-и Тоҷикистон имсол ва соли минбаъда 6,5%-ро ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳукумати кишвар аз рушди иқтисод дар сатҳи на камтар 8% интизорӣ дорад.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”:

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд.

Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР 159 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриро маблағгузорӣ кард. Ҳамчунин ба маблағи ҳудуди 2,5 млрд доллар кумаки техникӣ расонид, аз ҷумла 2 млрд доллар ба сифати грант ҷудо кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.