Ҳукумати Тоҷикистон интизор аст, ки давоми 15 соли баъдӣ вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ 2,5 баробар зиёд мешавад. Дар ин бора дар Стратегияи ҷалби сармоя ба Тоҷикистон дар давраи то соли 2040, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар рӯзи 30 июн тасдиқ шуд, маълумот дода мешавад.

Дар санад гуфта мешавад, дар соли 2024 вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар 5 млрд 73,8 млн сомониро ташкил дода, дар соли 2040 ба 12 млрд 889,3 млн сомонӣ мерасад.

Мақомоти кишвар умедворанд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷиро дар ин давра 11,4 баробар зиёд кунанд - аз 459,1 млн сомонӣ дар соли 2024 то ба 5 млрд 235,7 млн сомонӣ.

Манбаъ: Стратегияи ҷалби сармоя ба ҶТ то соли 2040

Стратегия ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазири кишвар нигаронида шудааст. Ҳадафҳои асосӣ аз гуногунсамт сохтани иқтисод, рушди зерсохтор, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ иборатанд. Дар Стратегия таъкид мешавад, ки бо назардошти захираҳои Тоҷикистон дар истеҳсоли нерӯи барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, ҷумҳурӣ аз имконоти назаррас бархӯрдор аст.

Дар санад ба рушди заминаи ҳуқуқӣ ва соддакунии расмиёт барои сармоягузорон, аз ҷумла таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва беҳбуди зерсохтор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба сифати воситаи калидӣ барои таъмиру навсозии соҳаҳое чун саноату бахши кишоварзӣ ва энергетика баррасӣ мешавад.

Ғайр аз ин, дар Стратегия зарурати ҳамкории фаъолона бо бахши хусусӣ тариқи механизмҳои шарикии байни давлат ва бахши хусусӣ ва муҳайё сохтани шароит барои лоиҳаҳои инноватсионӣ, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва иқтисоди рақамӣ таъкид шудааст. Энергетикаи сабз, истеҳсоли маҳсулоти сифаташ баланд, рушди зерсохтор ва бахши кишоварзӣ аз самтҳои муҳим барои ҷалби сармоягузорӣ номида шудаанд.

Стратегия ба фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди иқтисод тариқи тақвияти нақши бахши хусусӣ, беҳбуди муҳити корӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ нигаронида шудааст, ки бояд ба рушди дарозмуҳлати иқтисодии кишвар мусоидат намояд.

Чӣ дорем?

Дар Стратегия зикр мегардад, ки ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар солҳои охир ҷараёни мусбатро нишон медиҳад: танҳо дар давраи солҳои 2020-2024 вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар ба 11,6 млрд доллар расидааст.

Дар соли 2024 ин нишондиҳанда 5 млрд долларро ташкил додааст, ки 11 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба ҶТ дар давраи солҳои 2020-2024 (бо млн доллар)
Манбаъ: Агентии омори назди президенти ҶТ ва БМТ

Ҳудуди 72%-и сармоягузориҳои хориҷӣ дар давоми солҳои 2020-2024 ба соҳаи саноат, аз ҷумла 53% ба саноати истихроҷ ва 19% - ба саноати коркард равона шудаанд. Боқимонда 28% ба бахшҳои сохтмону кишоварзӣ, нақлиёту алоқа, савдо ва хидматрасонӣ, миёнаравӣ ва дигар соҳаҳо маблағгузорӣ шудаанд.

Тақсими сармоягузориҳои мустақим дар давраи солҳои 2020-2024 аз рӯи соҳаҳо (бо млн доллар)
Манбаъ: Агентии омори назди президенти ҶТ ва БМТ

Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ тайи 5 соли ахир асосан аз Чин, ИМА ва Русия ворид шудаанд. Ба ҳиссаи ин кишварҳо 76% аз вуруди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар ин давра рост омадааст.

Тақсими сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар давраи солҳои 2020-2024 аз рӯйи кишварҳо (бо млн доллар)
Манбаъ: Агентии омори назди президенти ҶТ ва БМТ

Имконот

Тоҷикистон ба туфайли захираҳои бойи табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, гидроэнергетика, фулузот (металлҳо)-и нодир ва шароити иқлим аз имконоти зиёди сармоягузорӣ бархӯрдор аст. Аз лиҳози имконот дар соҳаи истеҳсоли нерӯи барқи обӣ (гидроэнергетика) Тоҷикистон дар зинаи 8-ум миёни кишварҳои ҷаҳон қарор дошта, ният дорад, ки то соли 2032 пурра ба манбаъҳои барқраоршавандаи энергия гузарад. Ҳамчунин дар соҳаи истеҳсоли нерӯи офтобӣ ва бодӣ низ Тоҷикистон имкониятҳои зиёд дорад.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 800 кони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои мису тилло ва нуқраву литий мавриди иктишфо қарор гирифтаанд, ки ба рушди гузариши сабз мусоидат мекунад. Барои сармоягузорӣ ба саноати сабук, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо имкониятҳои мусоид мавҷуданд.

Дар Стратегия зикр мегардад, ки суботи сиёсӣ, дастрасӣ ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар, дастгирӣ аз ҷониби давлат, мавҷуд будани захираҳои корӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ аз ҷумлаи омилҳои калидӣ барои ҷалби сармоягузорӣ арзёбӣ мешаванд.

Мушкилот ва омилҳои боздоранда:

Ба ақидаи муаллифони Сратегия, мушкилоти асосие, ки ҷалби сармоягузориҳоро ба Тоҷикистон бозмедоранд, иборатанд аз:

- маҳдудияти нерӯи барқ, бахусус дар мавсими зимистон;

- рушди нокофии зерсохтори нақлиёт ва роҳ бо шумули ҳавонавардӣ (авиатсия) ва роҳҳои оҳан;

- иқтидори маҳдуди интиқолии марказҳои нақлиётӣ;

- суръати пасти интернет;

- нархи баланди билетҳо ва шумори ками хатсайрҳои ҳавоӣ;

- камбуди мутахассисон, бахусус дар соҳаҳои техникӣ;

- расмиёти душвори иҷозатномадиҳӣ ва мушкилоти марбут бо гирифтани қитъаҳои замин;

- норасии корхонаҳо бо занҷираи пурраи инноватсионӣ;

- мушкилоти маъмуригардонии андоз ва душвориҳои имтиёзҳои андозӣ;

- мушклот бо расмиёти содиротӣ ва маълумоти нокофӣ дар бораи бозорҳои хориҷӣ;

- дастгирии нокофии лоиҳаҳо тавассути шарикии давлативу хусусӣ;

- мавқеъҳои начандон хуби Тоҷикистон дар радабандиҳои байнулмилалии ҷолибият ба сармоягузорӣ.

Бино ба арзёбии таҳиягарони Стратегия, ин омилҳо рушди кишварро маҳдуд намуда, барои ҷалби бештари ҳаҷми сармоягузориҳо воситаҳои ҳал тақозо мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед