Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки соли 2026 маблағгузории бахши энергетика ва сӯзишворӣ аз буҷетро қариб 80% зиёд кунанд. Сухан аз 15 млрд сомонӣ (беш аз 1,6 млрд доллар) меравад, ки 22,4% аз хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки қисмати назарраси ин маблағ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” равона мешавад.
Соли 2008 вақте ки амалисозии лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз шуд, нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ мешуд. Ҳозир нархи онро 6,2 млрд доллар арзёбӣ мекунанд.
Барои маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллар бо шумули грантҳо аз Бонки ҷаҳонӣ (650 млн доллар), қарзи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (500 млн доллар), Бонки исломии рушд ва фондҳои арабӣ (450 млн доллар), инчунин гранти Фонди рушди Қатар (50 млн доллар) қарордодҳо ба имзо расидаанд. Боз барои дарёфти маблағи 1,7 млрд доллар гуфтушунидҳо ҷараён доранд.




