Дар ҳавзи Круглийи Петергофи наздикии шаҳри Санкт-Петербург 2 духтар ғарқ шуданд. Духтарон 12 ва 14-сола будаанд. Ин хоҳарон ҳамроҳи хонаводаашон аз Тоҷикистон ба Русия омадаанд, хабар медиҳад "Фонтанка".

Ин ҳодисаи нохуш тақрибан соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Духтарон бо падар, модаркалон ва бародари 4-солаашон ба ҳавз омадаанд.

Тибқи баъзе маълумот, бо вуҷуди шино карда натавоистанашон, духтарон ба об даромадаанд. Вақте ки яке аз онҳо ғарқ шудан мегирад, дуюмӣ ба кӯмаки вай шитофтааст. Дар натиҷа, онҳо якҷоя ғарқ шудаанд.

Сурат: "Фонтанка"

Ба падари духтарон муяссар шудааст, ки ҳамроҳи дигар истироҳаткунандагон духтари хурдиро ба соҳил бароранд, аммо ҷасади духтари калонӣ ба умқи об рафтааст. Ҷасади ӯро наҷотдиҳандагони ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда берун овардаанд. Духтари 12-сола низ дигар ба ҳуш наомадааст.

Тавре ки зикр мегардад, муфаттишони ноҳияи Петродвортсовски раёсати шаҳрии Кумитаи тафтишот аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 109, қисми 3-и КҶ (ба марг оварда расонидани ду ва зиёда аз он шахсон аз беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Ҳадди ниҳоии ҷазо мувофиқи ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 4 сол аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.