Амалҳои террористӣ, лимити барқ ва парвандаҳои пурсарусадои додгоҳӣ - имсол моро танҳо варзишгарон ва албатта, болоравии музди меҳнат хурсанд кард.
Соли 2024 боз бо чӣ рӯйдоду воқеаҳои муҳим хотирмон шуд - дар маводи мо.
1. Футболбозони тоҷик бори нахуст ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд
Оғози соли 2024 барои тоҷикистониён бешубҳа бо як рӯйдоди ғайриинтизор хотирмон гардид, ки ҳама тамошобини он буданд: рӯзи 22 январ, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба плей-оффи Ҷоми Осиё дар Қатар роҳ ёфт. Онҳо бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Пеш аз ин бозӣ президент Эмомалӣ Раҳмон бо футболбозон дар Давҳа мулоқот намуда, онҳоро рӯҳбаланд кард.
Рӯзи 28 январ футболбозони мо дар бозии чорякфинал бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бо ҳисоби 1:1 мусовӣ карда, дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуданд.
Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои ба даври дигар роҳ ёфтан бо маблағи 300 ҳазор доллар ва барои пирӯзӣ дар бозӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо 150 ҳазор доллар қадрдонӣ намуд. Мутаассифона, дар нимфинал дастаи Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.
Баъди анҷоми мусобиқа мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт вазифаи сармураббигии дастаро тарк карда, ба ҷои ӯ мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе сармураббии нави даста таъин шуд.
2. Қатъи сартосарии барқ ва лимитҳо
Имсол дар ҷумҳурӣ боз реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит ҷорӣ шуд, ки назар ба солҳои гузашта боз ҳам сахттар буд: сокинони баъзе минтақаҳо шикоят доштанд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6-7 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Рӯзи аввали баҳори соли 2024 дар низоми энергетикии Тоҷикистон садамаи бузурге рух дод. Дар натиҷа, дар тамоми шаҳри Душанбе барқ қатъ шуда, гармидиҳӣ ва обтаъминкунӣ низ қатъ шуд. Баъдан маълум гардид, ки қариб тамоми ҷумҳурӣ, ба истиснои ВМКБ, ки низоми мустақили энергетикӣ дорад, бе барқ монд.
Дар баробари қатъи нерӯи барқ, сокинони минтақаҳои зиёди кишвар инчунин аз дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет маҳрум шуданд. Ин қатъи сартосарии барқ дар заминаи ҳавои ғайримуқаррарии сард ва барфи пуршиддат рух дод. Тақрибан пас аз 3,5 соат таъмини барқ барқарор гардид, аммо мушкилот бо гармидиҳӣ дар рӯзҳои минбаъда низ идома дошт.
Намояндагони ниҳодҳои энергетикӣ сабаби садамаро бо «ноқисиҳои технологӣ дар хатҳои магистралӣ ва шиддату сарбории зиёд дар шабакаҳои барқ» шарҳ доданд.
Лекин мутахассисон бар ин назаранд, ки сабаби аз ҷониби мақомоти расмӣ эълоншуда – афзоиши якбораи истеъмол – аз беэътиноии кормандони марказҳои диспетчерӣ шаҳодат медиҳад, ки ба назорати сарбории шабакаҳо масъуланд.
3. Амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл»
Рӯзи 22 марти соли 2024 ба толори консертии «Крокус Сити Холл», воқеъ дар Красногорски вилояти Маскав ҳамлаи террористӣ сурат гирифт. Террористони мусаллаҳ ба сӯйи иштирокчиёни консерт тир кушода, дар натиҷа 144 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Масъулияти ин ҳамларо бахши афғонистонии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» – «Вилояти Хуросон» бар дӯш гирифт. Дар содир кардани ин ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон айбдор шуданд. Чор нафар ҳамчун иҷрокунандагони мустақими ҳамла ва дастикам 14 нафари дигар бо иттиҳоми мусоидат ба ташкилкунандагони ҳамла боздошт шуданд.
Ин ҳодиса ба обрӯи Тоҷикистон таъсири манфии ҷиддӣ расонд ва зиндагии бисёр оилаҳои тоҷикро тағйир дод. Оқибатҳои ин фоҷиа то ҳол эҳсос мешаванд, бахусус дар шакли фишори афзоянда болои муҳоҷирони тоҷик ва сахттар шудани қонунгузории муҳоҷират дар Русия.
Баъди ин амали террористӣ ҳолатҳои бегонаситезӣ (ксенофобия)-и маишӣ дар Русия афзоиш ёфтанд. Тоҷиконро аз манзилҳои иҷора берун карданд, аз ҷойи кор ронданд ва аз қабули онҳо ба ҷойҳои нави кор саркашӣ карданд. Дар фурудгоҳҳои Русия санҷишҳои бисёрсоата бо баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо ва ҳатто телефони шахсӣ, ихроҷҳои оммавӣ ва рад шудани вуруд ба Русия ба роҳ монда шуданд.
Мақомоти Русия лаҳни зидди муҳоҷиронро шадидтар карда, назорати сахт ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро ҷорӣ намуданд. Ба гуфтаи раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, дар ин самт 14 қонун қабул шудааст. Масалан, ҷорӣ кардани тартиби ихроҷи муҳоҷирон, шадидтар кардани ҷазо барои иқомати ғайриқонунӣ, муҷозоти сахт барои қалбакӣ кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷират ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, манъи қабули кӯдакони муҳоҷирон бидуни донистани забони русӣ.
Ҳатто баъди гузашти 9 моҳ аз ин ҳодиса, ин равандҳо идома доранд.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, сарвазир ва ваколатдори ҳуқуқи инсон, борҳо аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷик ба ҳамтоёни руси худ изҳори нигаронӣ карданд. Коршиносон бар ин назаранд, ки вазъият ба зудӣ тағйир нахоҳад кард, зеро Русия сиёсатеро пеш гирифтааст, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва беихтисосро аз кишвар хориҷ намояд.
4. Бекор шудани реҷаи бераводид бо Туркия ва ва ҷорӣ шудани раводид бо Эрон
Аввали моҳи апрел президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон фармон дар бораи бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро имзо кард. Сабаби ин қарор расман шарҳ дода нашуд, аммо расонаҳои туркӣ онро бо ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити Холл» рабт доданд. Бино ба иттилои онҳо, каме пеш аз ҳамла ду гумонбаршуда аз Тоҷикистон дар Туркия қарор доштаанд.
Аз 20 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи воридшавӣ ба Туркия бидуни раводид бекор карда шуд. Дар посух Тоҷикистон низ низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркияро бекор кард.
Баръакс, бо Эрон муносибатҳо беҳтар шуданд: аз 10 август тибқи Ёддошти тафоҳум дар бораи бекор бекор шудани раводид, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар бидуни раводид то 30 рӯз дар давоми 90 рӯз иқомат кунанд.
Аз 14 август Покистон низ пардохти ҳаққи раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард. Ҷумҳурии мо ба рӯйхати 126 кишваре шомил шуд, ки Покистон барои онҳо низоми содакардашудаи раводидро ҷорӣ намудааст. Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои гирифтани раводиди 90-рӯза тавассути пур кардани шакли одии онлайнӣ дархост кунанд. Раводид дар тӯли чанд соат пас аз пешниҳоди дархост дода мешавад, ки ҳуҷҷатгузории зиёдатиро кам мекунад.
Ҳамзамон Тоҷикистон низ 25 давлатро ба рӯйхати кишварҳое ворид кард, ки шаҳрвандони онҳо метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид ба кишвари мо сафар кунанд. Илова бар ин, низоми раводид барои як қатор кишварҳо содда карда шуд.
5. Кушторҳои асроромез дар Конибодом
Аз охири моҳи март дар шаҳри Конибодом як силсила кушторҳои даҳшатовар сурат гирифтанд, ки ба нигаронӣ ва тарси шадид миёни сокинон боис гардид. Ин кушторҳо гурӯҳӣ буда, дар ҳар ҳолат аз 2 то 6 узви як хонавода шабона ба қатл расонида шуданд. Бархе аз сокинон метарсанд хоб раванд, як қисми дигар ба назди хешовандон ба дигар минтақаҳо кӯчиданд.
Нахуст охири моҳи март 5 узви оилаи Шариповҳо кушта шуданд. Шаби 17 апрел ҳамсарон Урмоновҳо ба ҳалокат расиданд. Рӯзи 29 май 6 нафар аз оилаи Аҳмедовҳо ва Иброҳимовҳо кушта шуданд. Ҳамаи онҳо буғӣ карда шуда, теъдоди умумии қурбониён бо шумули кӯдакон на камтар аз 15 нафарро ташкил дод.
Муддате мақомоти давлатӣ дар бораи ин ҳодисаҳо хомӯшӣ ихтиёр карданд. Танҳо 8 август дар як нишасти хабарӣ муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода хабар дод, ки аз чор ҳодисаи куштор сетоаш ошкор шудааст. Ӯ таъкид кард, ки «ҳеҷ гуна ҳангомае вуҷуд надорад, ин кушторҳои одӣ мебошанд».
Барои ин кушторҳо аллакай ду нафар маҳкум шуданд: яке ба ҳабси абад ва дуюмӣ - ба 20 соли зиндон.
Аммо баъди чанд моҳи оромӣ, куштори оилаҳо дар Конибодом дубора оғоз шуданд. Шоми 8 декабр дар деҳаи Шӯробқалъа ҷасадҳои 6 узви оилаи Неъматовҳо бо шумули 4 нафар кӯдакон дарёфт шуданд.
Шаби 15 ба 16 декабр дар деҳоти Ҳисораки Конибодом ҷасади боз 4 нафарро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфтанд.
Пас аз ин раиси вилояти Суғд аз шаҳри Конибодом боздид намуда, рӯзи 21 декабр Додситонии кулл аз боздошти 4 нафар гумонбаршудагон хабар дод.
6. Вохӯриҳои сатҳи баланд дар Душанбе
Соли равон барои Тоҷикистон бо таҳкими робитаҳои хориҷии сатҳи олӣ хос буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарҳои дуҷониба ва конфронсҳои байналмилалӣ аз як қатор кишварҳо боздид намуд. Тоҷикистон низ мизбони меҳмонони сатҳи олӣ гардид.
Зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи апрел 28 санад дар бораи ҳамкорӣ, аз ҷумла Аҳднома дар бораи муносибатҳои иттифоқчигӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи сифатан нав баровард. Ин санад ба осон намудани ҳамлу нақли борҳо ва убури сарҳад байни Тоҷикистону Ӯзбекистон такони ҷиддӣ бахшид.
Дар доираи сафари президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ба Душанбе дар моҳи август байни Тоҷикистон ва Қазоқистон низ Аҳдномаи иттифоқчигӣ ба имзо расид. Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов соли равонро «соли пешрафт» ва натиҷабахштарин давра дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвар номид.
Аввали моҳи июл сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон омад. Дар пайи музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо 9 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Президенти Тоҷикистон аҳаммияти имкониятҳои иқтисодии Покистон, хусусан ҷиҳати дастрасӣ ба бандарҳои баҳрии он кишвар ва анҷоми ҳарчи зудтари лоиҳаи CASA-1000-ро таъкид намуд.
Дар моҳи июл раиси Ҷумҳурии мардумииЧин Си Ҷинпин,бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин сафар 29 санад дар бораи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид. Ҳамчунин маҷмааҳои биноҳои нави парлумон ва ҳукумат, ки бо кӯмаки молиявии Чин сохта шуданд, расман ифтитоҳ ёфтанд.
7. Қонунҳои нав – манъ ва муҷозот
Соли 2024 ба қонунгузории Тоҷикистон як қатор тағйирот ворид карда шуданд, ки ба танзими соҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ равона шудаанд. Ба ин тариқ, моҳи май тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” қабул шуд, ки аз ҷумла маъракаҳои тӯй то 2 чорабинӣ кам шуда, маросимҳои “идгардак”, пӯшидани либосҳои миллии “бегона” ва пешвози ботантанаи ҳоҷиён манъ шуд.
Ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддаи нав (240.1) илова гардид, ки ба фаъолияти сеҳру ҷоду дахл дорад. Тибқи ин модда, ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба шахсе татбиқ мешавад, ки пас аз ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол дубора ба чунин амал даст мезанад.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба таҳсили кӯдакон дар мактаб сахттар шуд. Ғайр аз ин, мувофиқи қонун нақши омӯзгорону муассисаҳои таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва хужидоракунии маҳаллӣ дар таълиму тарбияи кӯдакон тақвият дода шуд. Қаблан бори ин масъулият бештар ба дӯши волидон вогузор шуда буд.
8. Парвандаи сиёсатмадорони маъруф доир ба кӯшиши ғасби ҳокимият
Нимаи моҳи июн собиқ раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода ба иттиҳоми талоши ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ба ҳабс гирифта шуд.
Дар пайи ин боз якчанд ходимони маъруфи сиёсӣ: собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров, муовини якуми раиси Ҳизби демократ, рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, муовини раиси ҳизб Шокирҷон Ҳакимов ба ҳабс гирифта шуданд.
Сипас аз боздошти собиқ сардори Раёсати ВКХ Абдулфайз Атоӣ ва ду полковники собиқи КДАМ - Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев хабар дода шуд. Чунин шуморида мешавад, ки парвандаи ҳамаи онҳо алоқаманд аст.
Аксарияти ҳабсшудагон бо моддаи 305 (Хиёнат ба давлат) ва 306 (Ғасби зӯроваронаи ҳокимият) айбдор мешаванд. Додситонии кулл ба парвандаи онҳо муҳри махфӣ гузошта, аз ин рӯ, маълум нест, ки мушаххасан кадом амали боздоштшудагон ба ин моддаҳо мувофиқанд.
Рӯзи 14 ноябр дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Душанбе мурофиаи додгоҳӣ нисбати афроди зикргардида оғоз шуд. Он пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Мақомот ҷараёни мурофиаро шарҳ намедиҳанд.
9. Болоравии маош, нафақа ва стипендияҳо
Соли равон ҳукумат кормандони буҷет, донишҷӯён ва нафақахӯронро хурсанд кард. Аз 1 январи соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амният 40% зиёд карда шуд. Аз 1 июл маоши категорияи дигари кормандони буҷет ва стипендияҳо ба андозаи 40% ва нафақаҳо - 30% боло рафтанд. Дар муқоиса бо солҳои пешин, ки маош 15-20% зиёд мешуд, ин болоравии назаррас аст.
Дар ҳамин ҳол, маоши ҳадди ақалл барои кормнадони ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар як моҳ аз 600 то 800 сомонӣ зиёд шуд. Тавре ки тоҷикистониҳо мегӯянд, афзоиши маош ва нафақаҳо то андозае бо афзоиши нархи молу хизматрасониҳо баробар шудааст.
Масалан, аз оғози сол арзиши барқ дар Тоҷикистон 16% боло рафта, 30,75 дирам (қаблан - 26,51 дирам) баи 1 киловатт-соатро ташкил дод. Ё ба гунаи мисол, имсол нархи гӯшт қариб 30% боло рафт.
Тибқи маълумоти расмӣ бошад, тайи 7 соли ахир даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар зиёд шуда, маоши миёна - беш аз 2 баробар, ҳаҷми нафақа - 1,9 баробар афзуд. Тавррум дар ҷумҳурӣ дар доираи нишондиҳандаи ҳадафноки 6% дар як сол боқӣ мемонад.
10. Комёбии варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж
Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиада ба се медали биринҷӣ соҳиб шуд. Ин медалҳоро ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков дар вазни 82 кг, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг ва муштзан Давлат Болтаев (92 кг) ба даст оварданд.
Тоҷикистонро дар Олимпиада 14 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд. Дастаи миллии мо дар ҳисоби умумидаставӣ аз рӯи медалҳо дар зинаи 79-ум қарор гирифт.
Коршиносон ин натиҷаро беҳтарин дар таърихи олимпии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, зарурати таъсиси Маркази омодагии олимпиро дар кишвар таъкид месозанд, то ки дар Бозиҳои минбаъдаи олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес варзишгарони мо ба натиҷаҳои боз ҳам бештар назаррас даст ёбанд.
11. Поинравии қурби рубл
Тамоюли нохуши соли сипаришуда барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аъзои оилаҳои онҳо коҳиши қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ гардида, дар охири моҳи ноябр он ба ҳадди нороҳаткунанда барои мардум - 100 сомонӣ барои 1000 рубл расид. Аз аввали соли 2024 бошад, арзиши пули Русия 19,2% беқурб шуд.
Коҳиши қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба даромади оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад: агар дар аввали сол барои ҳар 1000 рубли аз ҷониби муҳоҷирон интиқолшуда хешовандонашон дар Тоҷикистон 121,7 сомонӣ мегирифтанд, ҳоло бошад – каме бештар аз 100 сомонӣ.
Ҳарчанд дар моҳи декабр қурби рубл нисбат ба сомонӣ андаке боло рафт, лекин коршиносон аз устувории назарраси он дар соли 2025 интизорӣ надоранд, зеро дар пасманзари таҳримҳо ва поинравии даромад аз содирот коҳиши қурби рубл нисбат ба доллари ИМА идома дорад.
Агар пас аз буҳронҳои қаблии марбут ба коҳиши қурби рубл (масалан, дар моҳи декабри соли 2014), рубл ба мавқеи аввалаи худ бармегашт, дар вазъияти кунунӣ устувор боқӣ мондани он мантиқӣ ба назар намерасад.
12. Анҷоми аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон
Ниҳоят, яке аз рӯйдодҳои фараҳбахши соли сипаришуда анҷоми деринтизори тасвири хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гардид. Ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ (делимитатсия ва демаркатсия)-и сарҳади умумӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 4 декабр эълон карданд, ки гурӯҳҳои кории ҳар ду кишвар аллакай ба таҳияи санадҳои ниҳоӣ шурӯъ кардаанд.
Ин рӯйдодро шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя зиёда аз 20 сол интизор буданд.
Тафсилоти қарордодҳои ҳосилшуда ҳоло пурра маълум нестанд, аммо президенти Қирғизистон Садир Жапаров зимни мусоҳиба бо хабаргузориии «Кабар» аз баъзе ҷузъиёти он изҳори назар кард.
Аз ҷумла, ӯ зикр кард, ки созишнома бар асоси баробарӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн ҳосил шудааст: қитъаҳои баҳсӣ баробар тақсим карда шуда, баъзе ҳудудҳо бо шартҳои баробар иваз карда шуданд.
Баъди имзои санадҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ ва тасвиби онҳо аз ҷониби парлумонҳои ҳар ду кишвар, созишномаҳои ниҳоиро президентҳо ба имзо мерасонанд. Ба гуфтаи Жапаров, нуқтаҳои гузариш дар сарҳади муштарак, ки 3,5 сол қабл баста шуда буданд, фавран пас аз анҷоми ин раванд боз мешаванд.