Маҳдудияти интиқоли барқ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сифату суръати пасти интернет, норасоии ҷойи кори муносиб, фасод, ҳуқуқи инсон, ҷалби ғайриқонунӣ ба артиш аз мушкилоти умдае буд, ки давоми сол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар баррасӣ гардиданд.
“Азия-Плюс” ҳафт мушкили мубрамро, ки давоми сол бештар аз ҳама баррасӣ гардид ва бидуни ҳалли он рушди босуботи кишварро таъмин кардан ғайриимкон аст, рӯйхат кард.
Маҳдудияти интиқоли барқ
Маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон, ки миёни сокинон бо истилоҳи “лимит” маъмул аст, имсол низ ҳалли худро наёфт. Ин мушкил даҳсола ин ҷониб боқӣ монда, зиндагии сокинони манотиқи кишварро дар фасли зимистон сангин кардааст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи октябр то апрел маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раиси ҷумҳур ҳамакнун аз оғози маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман хабар медиҳад.

Соли ҷорӣ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.
Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.
Суръат ва сифати пасти интернет ва мушкили дастрасӣ ба он
Аллакай чанд сол аст, ки аҳолии Тоҷикистон аз паст будани сифату суръати интернет ва баланд будани нархи он шикоят мекунанд. Дар радабандиҳои ҷаҳонӣ ҳам Тоҷикистон чун кишваре бо интернети гарон ёд мешавад.
Масъулини Хадамоти алоқа мегӯянд, ки ширкатҳои хадамотрасон бояд арзиши интернет ва алоқаро баланд кунанд, чунки онҳо хароҷоти зиёд доранд ва илова бар ин, бояд буҷаи давлатро пур кунанд. Ширкатҳо шикоят мекунанд, ки баланд шудани нархи интернет аз ширкатҳои воридкунанда вобаста аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар соли 2022 зимни паёми солонаи худ гуфта буд, ки “суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест”. Ӯ ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хидматрасониҳо, паст кардани арзиши хидматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрасӣ ба интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Ҳамчунин, Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ корҳо дар самти беҳтар кардани сифат ва нархи интернетро нокифоя хонда, аз масъулин талаб кард, ки онро боз ҳам ҷоннок намоянд.
Ахиран ин ниҳод чанде аз ширкатҳои хидматрасонро ҳам ҷарима кард, аммо ҳамоно шикоятҳо аз суръату сифати интернет зиёд аст.
Сарбозшикор
Ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ боқӣ мондааст. Ҳар сол ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-сола барои хидмат дар артиш ҷалб мешаванд. Мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайра пешниҳод менамоянд.
Аммо бо вуҷуди ин, то ҳол ҳолатҳои ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш расонаӣ мегардад. Мақомоти тоҷик вуҷуди “облава”-ро эътироф накардаанд ва мегӯянд, дар ҳолати саркашӣ, ҳақ доранд ҷавони даъватшударо ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир кунанд.
Коршиносон шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбиро аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиш меноманд.

Маориф
Норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани баъзе мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ, ҷамъоварии маблағ аз хонандагон, ҷалби хонандагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ аз муҳимтарин мушкилоти соҳаи маориф аст, ки пайваста дар расонаҳо интиқод мешавад.
Мушкилоти зикршуда аз ҷониби раиси ҷумҳур ҳам борҳо интиқод шудааст.
Чанде қабл “Азия-Плюс” пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои соҳаи маориф матлабе бо унвони “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа”, нашр кард, ки метавонед мутолиа кунед ва аз мушкилоти ин бахш бештар огоҳ гардед.

Муҳоҷират
Мушкили муҳоҷирон яке аз мубрамтарин масъалаҳоест, ки даҳсола ин ҷониб ҳалли худро наёфта, имсол шиддат гирифт.
Аксари муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл” дар баҳори соли равон ва боздошти 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ зери фишору таъқиб қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар бештари минтақаҳои Русия кори муҳоҷирон дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла маориф, тандурустӣ, хидматрасониҳои иҷтимоӣ, истихроҷи захираҳои маъдан, колорасонӣ, савдо, хӯрокпазӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, боғчаҳои томактабӣ, сохтмон ва ғайра манъ гардид.
Ҳарчанд мақомоти тоҷик дар робита ба вазъи душвори муҳоҷирон ба мақомоти Русия эътироз баён карданд, аммо дар умум, ҳолат тағйир наёфт. Ҳанӯз ҳам муҳоҷирони тоҷик дар Русия мавриди санҷишҳои зиёд ва фишор қарор доранд ва дар аксар ҳолат бидуни сабаби ҷиддие ихроҷ мешаванд.

Соли ҷорӣ талошҳои ҳукумат барои гуногунсамт кардани раванди муҳоҷират бештар мушоҳида шуд, аммо то ҳол дар ин самт натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашудааст. Ҳамоно теъдоди муҳоҷирони ба кишварҳои ғайри Русия фиристодашуда, хеле назарногир аст. Русия аз кишвари аслии муҳоҷирати тоҷикон боқӣ мондааст.
Фасод
Ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон солҳост бо фасод мубориза мебаранд ва эътироф низ мекунанд, ки фасоду ришвахорӣ дар тамоми соҳаҳо реша давондааст. Давоми солҳои ахир барои мубориза бо ришвагирӣ барномаҳои давлатӣ ҳам таҳияву қабул шудааст, аммо тавре дида мешавад, вазъ ба таври чашмрас тағйир намеёбад.
Як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон нишон додааст, ки мизони фасод дар соҳаи маориф ва беҳдошт рӯ ба афзоиш аст ва сабаби аслии он кам будани маош мебошад.

Ба маълумоти Оҷонсии зиддифасод, дар соли 2023 фасодкории бештар дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар (240 ҷиноят) ва бахши маориф ва илм (181 ҷиноят) ошкор шудааст.
Дар бораи ришвагирии масъулини ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон ва сабабҳои кам нашудани фасодкорӣ дар кишвар дар матлаби “Эътирофи фасод аз сӯи вазиру раис. Пас чаро бо он муборизаи ҷиддӣ намебаранд?” мутолиа кунед.
Ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ
Вазъи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамоно аз ҷониби ташкилоту иттиҳодияҳои мухталифи байналмилалӣ интиқод мешавад. Имсол баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки дар асоси он дар кишвар “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ гардид, ин масъала бори дигар доғ шуд. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин тағйирот интиқод карданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Созмони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights - IPHR) низ маҳдудият дар шеваи либоспӯширо “хилофи меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар” ҳисобиданд.

Ҳамчунин, давоми соли 2024 ҳам зиндонӣ шудани хабарнигорону блогнависон пайваста интиқод шуд. Дархости чандин созмони ҷаҳонӣ аз ҳукумат барои озодии рӯзноманигорону вакилони дифоъ бенатиҷа анҷомид.
Мушкилоти зикршуда, як-ду соли охир ба вуҷуд наомада, чандин сол аст, ки сокинони кишвар онро эҳсос мекунанд ва дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди интиқод қарор мегиранд. Коршиносон ҳалли онро барои рушди иқтимоии кишвар зарур меҳисобанд ва таъкид мекунанд, ки барои ҳалли он ирода ва хоҳиш муҳим аст.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста