Профессор Сафар Абдуллоҳ, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, шарқшинос ва донишманди шаҳири тоҷик дирӯз мавлуди худро таҷлил кард. Мавсуф яке аз чеҳраҳои саршиноси адаби тоҷик аст, вале солҳост, ки дар Қазоқистон умр ба сар мебарад.

Ба гуфтаи худаш, мутаваллиди 30-юми декабри 1955 аст, вале дар асноди расмӣ рӯзи таваллудаш 30-юми январи соли 1955 зикр гардидааст. “Азия-Плюс” бо такя ба мавлуди расмиаш бо Сафар Абдуллоҳ мусоҳиба оростанӣ буд, вале сарфи назар аз он ки як моҳи пеш мавлуди ҳақиқиашро таҷлил кард, бисёр фаврӣ талош кард мусоҳибаи кӯтоҳе орояд, вале бо сабаби масруфияти зиёди соҳибҷашн ин суҳбат мавқуф гузошта шуд.

Новобаста аз ин, мо дар идомаи сол ва ҷашни 70-солагии профессор Сафар Абдуллоҳ якчанд матлабу мусоҳиба омода ва интишор мекунем. Аммо ҳоло ин зиёии бедордил ва дилсӯзи фарҳангу адаби тоҷикро ба ҷашни зодрӯз таҳният гуфта, рӯзгор ва корномаи мухтасари варо ёдовар мешавем.

 

Раҳоварди Сафар Абдуллоҳ

Сафар Абдуллоҳ дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб дар зодгоҳаш, роҳи касби илмро пеш гирифта, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва солҳои 1973-1978 дар факултаи филологияи тоҷик таҳсил намуд.

Фаъолияти илмиашро соли 1978 аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ оғоз карда, баъдан дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий дар Маскав ба коромӯзӣ пардохт. Дар ҳамин даргоҳи илм рисолаи номзадиашро дар мавзӯи суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик дифоъ намуд.


Баъдан солҳо ҳамчун муаллим дар Институти адабиёти ҷаҳони ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ фаъолият кард.

Воқеаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боис шуданд, ки Сафар Абдуллоҳ ба Қазоқистон ҳиҷрат кунад. Аммо ин муҳоҷират ӯро аз роҳи илм дур накард. Баръакс, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Қазоқистон фаъолияташро идома дода, то ба мақоми ходими пешбари илмӣ расид. Ҳамзамон, солҳо ба ин сӯ дар Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон ба ҳайси профессор кор мекунад.

 

Тоҷикпажӯҳишии Сафар Абдуллоҳ

Соли 2007 дар таърихи фаъолияти илмии Сафар Абдуллоҳ марҳилаи нав оғоз ёфт - ӯ фаслномаи илмии "Эроннома"-ро таъсис дод. Ин нашрия, ки ба забони русӣ чоп мешавад, баъдан минбари муҳиме барои эроншиносони кишварҳои гуногун гардид. Дар саҳифаҳои он мақолаҳои илмӣ доир ба таърих, тамаддун, фарҳанг, забон ва адабиёти мардумони эронинажод нашр мешаванд.

Дар тӯли фаъолияти илмиаш Сафар Абдуллоҳ беш аз 300 мақола ва рисолаи илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон ва Русия ба табъ расидаанд. Китобҳои "Нури сухан", "Магические мосты", "Шаранги андӯҳ" ва "Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ" аз ҷумлаи таълифоти муҳимми ӯ мебошанд. Ҳамчунин, ӯ ба сифати мураттиб ва муҳаққиқ дар нашри осори адибони форсу тоҷик ва қазоқ саҳм гузоштааст.


Сафар Абдуллоҳ дар баробари пажӯҳишҳои илмӣ, дар масъалаи ҳувияти таърихии тоҷикон низ назари амиқ дорад. Ӯ бо такя ба осори классикон, аз ҷумла Саъдии Шерозӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар мусоҳибае собит сохта, ки истилоҳи “тоҷик” таърихи тӯлонӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои миёна барои ифодаи ҳувияти эронӣ дар баробари туркон истифода мешудааст.

Ин профессори тоҷик таъкид мекунад, ки тақсими сунъии қавмҳои эронӣ ва номгузории гуногуни забонашон (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) натиҷаи сиёсати абарқудратҳои асри XIX – Британия ва Русия мебошад.

“Ин ду абарқудрат ду имперотурии бузург сохтанд ва моро пора-пора карданд ва масхарагӣ ба ҷое расид, ки масалан хоҳар дар Афғонистон зиндагӣ мекард, бародар дар Тоҷикистон, номи забони бародарро “тоҷикӣ”, номи забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд”, - бо таассуф мегӯяд Сафар Абдуллоҳ.

Гуфтан ба маврид аст, ки Сафар Абдуллоҳ чаҳорум олими тоҷик мебошад, ки соли 2015 узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ шуд. То ӯ ин чеҳраҳои шинохта - Муҳамадҷон Шакурӣ, Абдуқодир Маниёзов ва Додихудо Саймуддинов узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсиро доштанд.

Хидматҳои илмӣ ва фарҳангии Сафар Абдуллоҳ борҳо қадршиносӣ шудаанд. Соли 2015 ӯ бо нишони тиллоии “Ваҳдат” аз ҷониби Анҷумани мардуми Қазоқистон сарфароз гардид. Имрӯз ҳам Сафар Абдуллоҳ ҳамчун донишманди варзида, муҳаққиқи ҷиддӣ ва пайвандгари фарҳангҳо дар фазои илмии кишварҳои форсизабон ва пасошӯравӣ шинохта шудааст.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҷашни 69-солагии профессор Сафар Абдуллоҳро самимона таҳият гуфта, ба корҳои илмӣ ва эҷодии мавсуф барор ва дар рӯзгораш баракат таманно дорад.