Владимир Путин, президенти Русия фармоне имзо кард, ки мувофиқи он муҳоҷироне, ки дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, уҳдадоранд то 30-юми апрели соли 2025 “вазъи ҳуқуқии худро танзим кунанд” ё Русияро тарк намоянд. Истисно танҳо барои шахсонест, ки бо Вазорати дифои ин кишвар шартномаи хидматии ҳарбӣ бастаанд.

 

Нуктаҳои асосии фармон

Аз 1-уми январи соли 2025 то 30-юми апрели соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба феҳристи шахсони таҳти назорат дохил шудаанд, метавонанд вазъи ҳуқуқии худро дар Русия танзим намоянд. Дар асоси ин фармон, онҳо ё кишварро тарк мекунанд ва ё ҳадафи вуруди худро тағйир медиҳанд.

То моҳи октябри соли 2024 ба феҳристи шахсони таҳти назорат зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаанд. Дар ин феҳрист маълумоти муҳоҷирон сабт шудааст, ки муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратии онҳо гузаштааст ё бекор шудаанд, инчунин онҳое, ки қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ки боиси ихроҷ дар ин кишвар мешавад.

Ин раванд дар асоси Қонуни федералӣ "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" №115 сурат мегирад.

 

Истисно барои хориҷшавандаҳо

Фармон барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки нияти танзими вазъи ҳуқуқии худро доранд, имтиёз пешбинӣ мекунад. Дар чунин ҳолатҳо ин фармон татбиқ намешавад:

1. Пешниҳоди маълумоти биометрӣ
Шаҳрвандон бояд маълумоти биометрии шахсии худро пешниҳод кунанд;

2. Санҷиши тиббӣ
Шаҳрвандони хориҷӣ бояд аз санҷиши тиббӣ гузаранд, ки мавҷудияти маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, инчунин, бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла ВНМО санҷида шавад;

3. Тасдиқи дониши забонӣ ва ҳуқуқӣ
Шаҳрвандон бояд ҳуҷҷатҳои донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русияро тасдиқ кунанд;

4. Пардохти қарзҳои мавҷуда
Шаҳрвандон бояд қарзҳои мавҷудаи худро дар асоси қонунгузории Русия пардохт кунанд;

5. Мавҷуд набудани асос барои рад ё бекор кардани ҳуҷҷатҳо
Набояд асосе барои рад ё бекор кардани патент, иҷозат барои кор , иқомат ё раводид мавҷуд бошад.

Акси марбут
Акс аз Артем Коротаев / ТАСС

 

Чӣ тавр муҳлати муваққатии иқомат дароз карда мешавад?

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки вазъи ҳуқуқии худро танзим кардаанд, метавонанд дар Русия бе патент ё иҷозатномаи кор фаъолият кунанд. Барои тамдиди муҳлати иқомат, онҳо бояд ба Вазорати корҳои дохилии Русия муроҷиат кунанд. Инро метавонанд мустақиман ё тавассути ташкилотҳои ваколатдор анҷом диҳанд. 

Ба ариза нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ замима карда мешавад. Ҳуҷҷат бояд аз ҷониби корфармо ё фармоишгари хизматрасонӣ тасдиқ шавад.

Агар шаҳрвандони хориҷӣ корти муҳоҷиратӣ надошта бошанд, нусхаи дуюми онро медиҳанд.

 

Дар бораи боздоштани манъи вуруд

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ариза ё дархостҳо пешниҳод мекунанд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои дар фармони мазкур зикршуда пешниҳод мекунанд, қабул ва баррасии қарорҳо дар бораи манъи вуруд ба Русия боздошта мешавад.

Асосҳо барои рад кардани вуруд татбиқ намешаванд, агар ҳолатҳои марбут ба ин асосҳо то 5 феврали соли 2025 рух дода бошанд.

Ҳамин тариқ, фармон барои як гурӯҳи муайяни шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудиятҳои вурудро муваққатан бозмедорад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки вазъи худро танзим кунанд.

 

Шартномаи ҳарбӣ имзо кунед, ихроҷ намешавед

Талаби тарки кишвар кардан инчунин ба шаҳрвандони хориҷие, ки шартномаи хидмат дар артиши Русия бастаанд, татбиқ намегардад. Барои онҳо қарорҳои ихроҷ ва манъи вуруд бекор карда мешаванд.

Шахсоне, ки барои амнияти кишвар хатар доранд, терроризм ё экстремизмро дастгирӣ мекунанд ё дар зӯроварӣ ё фаъолиятҳои ғайриқонунӣ иштирок мекунанд, истисно мебошанд.

 

Ҳамаи аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ мешаванд

Вазорати корҳои дохилии Русия дастур додааст, ки аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ тибқи фармони президент бодиққат баррасӣ карда шаванд, то аз хориҷ кардани маъмурии онҳо пешгирӣ шавад.

Баррасиҳо новобаста аз он гузаронида мешаванд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ, аз ҷумла вайронкунии сабти муҳоҷират ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ ҷалб шудаанд ё не.

Бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ, аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 санҷишҳои тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ бидуни зарурати пешниҳоди корти муҳоҷират ё раводид ташкил карда мешаванд.

То 1 июли соли 2025 Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ ба президенти Русия дар бораи татбиқи фармон гузориш омода мекунанд, ки дар он маълумот дар бораи ҳолатҳои ошкоршудаи истеъмоли маводи мухаддир, бемориҳои сироятӣ ва ВНМО дохил карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.