Ҳар сол 18 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин рӯз, соли 1990 Маҷмаи Умумии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул кард.
Баъди ҳамагӣ чанд сол аз қабули Конвенсия, дар Тоҷикистон ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар натиҷа тоҷиконе, ки табиатан мардуми муқимӣ мебошанд, ба тарки Ватан маҷбур шуданд.
Гумон мерафт, ки бо анҷоми ҷанг ин раванд ба охир мерасад, аммо, мутаассифона, ин тавр нашуд. Баръакс, тӯли солҳо ҷараёни одамоне, ки барои дарёфти ҷойи кор бо музди муносиб аз ҷумҳурӣ берун мераванд, афзоиш ёфт. Ба ҳар ҳол, дар фазои пасошӯравӣ тоҷик беш аз пеш бо мафҳуми муҳоҷир ҳамсон фаҳмида мешуд.
Сарфи назар аз оғози ҷанг дар Украина, Русия ҳамоно макони асосии фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Теъдоди дақиқи муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия номаълум аст. Маълумоти расмии ду кишвар фарқияти чашмрас доранд: омори Русия дар бораи зиёда аз 2 миллион нафар маълумот дода, Тоҷикистон шумораи муҳоҷиронро на бештар аз 600 ҳазор арзёбӣ мекунад. Ин маълумот ҳатто ду сол қабл дар нишасти "Осиёи Марказӣ – Русия" дар Остона мавзӯи баҳси роҳбарони ду кишвар гардид.
"Азия-Плюс" дар ин рӯз маъмулан аз чӣ гуна сипарӣ гардидани соли гузашта дар мулки бегона, дар навбати аввал дар Русия барои ҳамватанони мо натиҷагирӣ мекунад. Ба қафо нигариста, метавон ҳамаи мушкилот, таъқибҳо ва таҳқирҳои муҳоҷиронро ёдовар шуд: боздоштҳои дастҷамъӣ бо нақзи ҳуқуқи инсон, ихроҷҳо, манъи зист дар наздикии мактабу кӯдакистонҳо, манъи кор дар ин ё он соҳа ва ғайра.
Аммо, мо ин навбат мехоҳем ба як рухдоди охирин таваҷҷуҳ намоем, ки муносибати мақомоти Русияро нисбат ба муҳоҷирон равшан нишон медиҳад. Ин маҳдудияти дастрасии фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳо мебошад.
Лоиҳаи қонуни беасос
Тавре “Интерфакс” хабар медиҳад, Думаи давлатии Русия рӯзи 11 декабри соли равон лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонид, ки қабули фарзандони муҳоҷироне, ки бо забони русӣ гап зада наметавонанд дар мактабҳо манъ мекунад.
Ба навиштаи “Парламентскя газета”, ин ташаббус аз ҷониби як гурӯҳи вакилон аз ҳамаи фраксияҳо таҳти роҳбарии раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва муовини ӯ Ирина Яровая, ки Комиссия оид ба сиёсати муҳоҷиратро роҳбарӣ мекунад, сурат гирифт.
Барои пазируфтани ин ташаббус 409 вакил ба ҷонибдорӣ овоз дода, касе худдорӣ накард ва танҳо як вакил мухолифи лоиҳаи қонун раъй дод.
Мувофиқи лоиҳаи қонун, аз 1 апрели соли 2025 фарзандони муҳоҷирон зимни қабул ба мактабҳои Русия бояд аз донистани забони русӣ тест (санҷиш) супоранд. Санҷиш бепул гузаронида мешавад. Кӯдаконеро, ки донистани забони русиашон дар сатҳи кофӣ барои азхудкунии барномаи таълимӣ тасдиқ намешавад, ба муассисаи таълимӣ қабул намешаванд.
Ҳамчунин касонеро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд, ба мактабҳо қабул намекунанд. Мувофиқи қонуни қабулшуда, зимни қабул ҳуҷҷати тасдиқкунандаи будубоши қонуниро пешниҳод кардан лозим аст.
Тибқи маълумоти “Интерфакс”, рӯзи 9 декабр лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Русия дастгирӣ ёфт.
Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбати хабаргузорӣ эътироф намудааст, ки “рад шудани қабул ба таҳсил дар ҳолати аз санҷиши донистани забони русӣ дар сатҳи кофӣ барои азхудкунии барномаи мактаб нагузаштан, пурра ба қисми 2, моддаи 78 Қонуни федералӣ “Дар бораи маориф дар Русия” мувофиқ нест, зеро тибқи ин модда, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дорои ҳуқуқҳои баробар бо шаҳрвандони Русия барои таҳсил дар асоси дастрасии умумӣ ва ройгон мебошанд”.
Фарз кардем, ки қонунгузории федералӣ кори дохилии Русия аст, гузашта аз ин, ҳама гуна мухолифат дар ин ҳолатҳоро метавон тариқи ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор бартараф намуд.
Гапи дигар сари он аст, ки Русия узви Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни кишварҳои ИДМ мебошад, ки онро ба имзо расонда ва тасдиқ кардааст.
Дар созишнома гуфта мешавад, “давлатҳои аъзо ба ҳамаи шахсоне, ки дар ҳудуди онҳо зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқҳои баробарро барои таҳсил ва дастрасӣ ба он сарфи назар аз мансубияти миллӣ ва дигар фарқиятҳо, кафолат медиҳанд. Шахсоне, ки доимо дар қаламрави яке аз кишварҳои аъзо зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии дигари кишвари аъзоро доранд, бо шартҳои муқарраршуда барои шаҳрвандони кишварҳои узв, ки дар қаламрави он доимо зиндагӣ мекунанд, дар ҳамаи сатҳҳо таълим, инчунин унвон ва рутбаҳои илмӣ мегиранд”.
Мухолифат ба созишномаи байнулмилалӣ, ки аз ҷониби кишвар имзо ва тасдиқ шудааст, ба таври худкор (автоматӣ) ба ғайриқонунӣ шудани ҳама гуна қонунгузории дохилӣ оварда мерасонанд, ба ҷуз Конститутсия.
Гап сари он аст, ки ҳам дар қонунгузории Русия ва ҳам Тоҷикистон тартиб (иеархия)-и муайяне ҳаст. Он аз ҷумла дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки агар як санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба дигараш мухолифат кунад.
- Сатҳи аввал (олӣ) – Конститутсияи Русия;
- Сатҳи дуюм - шартномаҳои байнулмилалии Русия;
- Сатҳи сеюм – қонунҳои федералии конститутсионии Русия;
- Сатҳи чорум – қонунҳои федералии Русия;
- Сатҳи паннҷум – амрҳои президенти Русия;
- Сатҳи шашум – қарорҳои ҳукумати Русия;
- Сатҳи ҳафтум – фармонҳои вазирон ва роҳбарони хадамоти давлатӣ.
Дар вазъи феълӣ ба санаде, ки дар иерархия (тартиботи зинаҳои мансаб) болотар ҷойгир аст, афзалият дода шуда, мутаносибан меъёрҳои қонунҳои федералӣ ғайриамалӣ дониста мешаванд.
Илова бар ин, дар бораи ғайриқонунӣ будани қабули лоиҳаи қонун аз ҷониби Думаи давлатӣ дар Конститутсияи Русия (қисми 4, моддаи 15) равшану возеҳ ишора мешавад:
- Усул ва меъёрҳои эътирофи умумии ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия қисми ҷудонопазири низоми ҳуқуқии он мебошанд. Агар дар шартномаи байналмилалии Русия қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошад, ки бо қонун номувофиқ бошанд, қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ татбиқ мегарданд.
Дар қонуни асосӣ (олӣ)-и Русия гуфта мешавад, “қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқие, дар Русия қабул мешаванд, набояд ба Конститутсияи Русия мухолиф бошанд”.
Яъне барои қонунӣ кардани маҳдудиятҳои қабулшуда аз ҷониби Думаи давлатӣ дар мавриди қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактаб, мақомоти Русия бояд аз созишнома бо кишварҳои ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф хориҷ шаванд ё тартиботи қонунгузории худро тағйир диҳанд ва ё оид ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба Конститутсия раъйпурсӣ гузаронанд. Дар акси ҳол, меъёрҳои қонунгузории аз ҷониби Думаи давлатӣ қабулшударо ҷомеаи байнулмилалӣ ғайриҳаққонӣ ва ҳама гуна маҳдудият дар масъалаи қабули фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русияро нақзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мешуморанд.
“Баҳсҳо” сари масъала
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои РБК, дар ҷараёни қабули лоиҳаи қонун муовини аввали раиси Кумитаи кор бо кишварҳои ИДМ дар Думаи давлатӣ Константин Затулин ворид намудани тағйиротеро пешниҳод намуд, ки дар он ба кӯдакон барои омӯзиши ройгони забони русӣ дар муассисаҳои давлатӣ ё шаҳрдорӣ имкон дода шавад.
Ӯ исрор кардааст, ки пеш аз қабули лоиҳаи қонун дар қироати дуюм тағйироти пешниҳодкардаи ӯ алоҳида баррасӣ карда шавад.
Зимни пешниҳоди тағйирот Затулин хотиррасон намуд, ки солҳои дароз ба масъалаи донистани забони русӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ машғул аст.
“Роҳҳои гуногун вуҷуд доранд — муқобилатомез ва бидуни муқобилат”, - гуфт вакил.
Ӯ шарҳ дод, ки тағйирот ба омодагии иловагӣ имкон медиҳад, то ки кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб роҳ дода шаванд.
“Мактаб натанҳо ҷои таълим, балки макони тарбия низ ҳаст. Агар мо нагузорем, ки онҳо ба мактаб раванд, ба кӯча хоҳанд рафт”, - огоҳ кард ҳамтоёнашро Затулин.
Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод мавҷи танқидҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.
“Ба ман аллакай навиштаанд, ки Затулин бояд муҷозот шавад”, - иброз дошт ӯ.
Аммо раиси Думаи Давлатӣ пешниҳоди ӯро танқид намуда, изҳор дошт, ки “бо баҳонаҳои гуногун, махсусан бо далелҳои "инсонпарварии қалбакӣ", қонунро рад кардан лозим нест. Ин қонунро шаҳрвандони мо интизоранд”.
Мувофиқи иттилои РБК, пеш аз баррасии лоиҳаи қонун дар қироати сеюм, “танқидҳои вакилон нисбати Затулин идома ёфтанд. Вакил Олег Нилов, аз ҳизби “Справедливая Россия — За правду”, изҳор дошт, ки “чунин пешниҳодҳо аз ҷониби манфиатҷӯён (лоббистҳо) аз муҳоҷирати бидуни назорат, номаҳдуд ва ғайрикорӣ манзур мешаванд, ки сабақҳои Сурияро намефаҳманд. Мо бе муҳоҷирон низ муваффақ хоҳем шуд”, - хулоса кардааст Нилов.
Ба қавли намояндаи Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) Борис Чернишёв, фарзандони хориҷиён низ бояд мисли дигар кӯдакон дар Русия ба мактаб омодагӣ гиранд.
Муовини раиси Дума Ирина Яровая изҳори итминон кардааст, ки имрӯз “қарори муҳим, мусбат ва созанда қабул мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, надонистани забон боиси ихтилофҳо дар мактаб ва дар навбати худ сабаби пайдоиши низоъҳои миллӣ мегардад.
Раиси кумитаи ҳифзи оила, масъалаҳои падарӣ, модарӣ ва кӯдакон Нина Остапина суол кардааст, ки агар интихобкунандагони Затулин қонунро дастгирӣ накунанд, пас дар куҷо зиндагӣ мекунанд. Ҳама вакилони боқимонда, итминон додаанд, ки аз интихобкунандагонашон назарҳои мусбат гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки вакилони Дума аз надонистани забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирон шикоят дошта, дар як вақт дастрасии кӯдакони муҳоҷиронро ба мактаб маҳдуд месозанд. Таври маълум, маҳз мактаб ҷои донишандӯзӣ, аз ҷумла омӯхтани забон аст.
Хомӯшии ғайриқобили қабул
Дар ҳамин ҳол, аз замони қабул шудани лоиҳаи қонун аз ҷониби Думаи давлатӣ як ҳафта гузашта, аммо мақомоти кишварҳои имзокунандаи ин созишнома, дар навбати аввал Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки таъминкунандагони асосии қувваи корӣ ба Русия ба шумор мераванд, то ҳол хомӯшии амиқро афзалтар медонанд. Ин метавонад ба вобастагии шадид аз Русия ё бетаваҷҷӯҳӣ ба сарнавишти шаҳрвандони худ ва шояд ба ҳарду омил рабт дошта бошад.
Аммо бетаваҷҷӯҳии мақомоти Тоҷикистонро ба сарнавишти ҳамватанони худ дар қаламрави Русия созмонҳои байналмилалӣ пай бурдаанд. Масалан, намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) чор сол пеш зикр карда буданд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ба танзими ҷараёни муҳоҷирати корӣ, таъмини амният ва некӯаҳволии онҳо, инчунин ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо дар кишварҳои будубош машғул шавад.
Дар хабар мушкилоти зиёде, ки муҳоҷирон дар мулки бегона бо онҳо дучор мешаванд, оварда шудааст. Аз ҷумла, таъкид мешавад, ки аксари онҳо бинобар сатҳи пасти тахассус ва саводнокии ҳуқуқӣ, инчунин аз рӯи ночорӣ ба қабули ҳар гуна шароити кор омодаанд.
«Чунин шароит ба истисмори меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён, сӯиистифода аз ҷониби мақомоти пулис ва тамаъҷӯӣ аз тарафи ҷинояткорон оварда мерасонад», – чунин мешуморанд таҳлилгарони БОР.
Ҳамчунин зикр мешавад, ки пас аз бозгашт ба ватан муҳоҷирон аз афзоиши ҳолатҳои бегонаситезӣ (ксенофобия) дар Русия хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, ки аксари муҳоҷирон бо мақсади сарфаи маблағ дар шароити ниҳоят вазнину фақирӣ ва хонаҳои пуродам кору зиндагӣ мекунанд, ки ба саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Таҳлилгарони БОР ба ҳукумат тавсия медиҳанд, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо ҳукуматҳои кишварҳои қабулкунанда ҳамкории зич ба роҳ монад. Инчунин ба мақомот тавсия дода мешавад, ки дар хориҷа бозорҳои нави корӣ пайдо карда, имкониятҳои шуғлро берун аз ИДМ таъмин кунанд.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки муҳоҷирон муҳаррики асосии коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ ва пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мебошанд, ки ба дастгирии фаврӣ ниёз доранд.
«Муҳоҷират воситаи муҳимтарини рӯзгузаронӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ва ҳалли мушкилоти мавҷуда натанҳо ба муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, балки ба ҷомеа ва дар ниҳояти кор ба кишвар муфид аст», – хулоса мекунанд таҳлилгарони БОР.
Аммо дар доираҳои мансабдорони ҷумҳурӣ, мутаассифона, ёдоварӣ аз муҳоҷирон ғайримақбул шудааст. Ҳукумат кайҳо боз дар бораи саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар садо баланд намекунад.
Ризқрасон
Созмонҳои молиявии байналмилалӣ иқтисоди Тоҷикистонро яке аз вобастатарин иқтисодҳо аз интиқоли пул дар ҷаҳон медонанд.
Аз соли 2013 мақомоти дахлдори Тоҷикистон аз пешниҳоди маълумот дар бораи интиқоли пули муҳоҷирон худдорӣ мекунанд. Пештар ин маълумот дар сомонаи Бонки марказии Русия дастрас буд, аммо баъди оғози ҷанги Русияву Украина, махфӣ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ, ки яке аз шарикони асосии рушди ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва мутаносибан ба чунин маълумот дастрасӣ дорад, хабар додааст, ки дар соли 2022 ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ "якбора зиёд шуда”, ба 5,3 млрд доллар расид (49% нисбат ба ММД), ки қариб ду маротиба аз соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёдтар аст. Дар соли 2023 ин тамоюл идома ёфта, то охири сол интиқоли маблағҳо ба 5,7 млрд доллар расиданд, ки 6,6% бештар аз соли 2022 мебошад. То соли 2022 ҳаҷми зиёдтарини интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар соли 2013 сабт шуда буд, ки ҳудуди 3,7 млрд долларро ташкил дод.
Ба ин тариқ, Тоҷикистон бо ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон нисбат ба ММД мавқеи пешсафи худро дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам кард.
Муҳоҷирон ба ватан асъори хориҷӣ (рубл, доллар, евро) ворид мекунанд, ки тавассути он норасоии зиёди касри савдои хориҷӣ пӯшида мешавад.
Гап сари он аст, ки иқтидори содиротии Тоҷикистон се маротиба камтар аз эҳтиёҷоти кишвар ба воридот аст. Ба таври оддӣ, танҳо аз се як ҳиссаи молу маҳсулоти воридотии зарурӣ тавассути асъори аз содироти маҳсулот бадастомада пӯшида мешавад. Аз се ду ҳиссаи боқимонда аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон таъмин мегардад.
Манбаъҳои дигари назарраси воридоти асъор, ба ҷуз маблағҳои муҳоҷирон ва дар ҳаҷмҳои камтар қарзҳо ва грантҳои мададрасонҳои байнулмилалӣ, амалан вуҷуд надошта, бо пули мо дар хориҷа чизе намедиҳанд.
Таҳлилгарони созмонҳои молиявии байналмилалӣ аҳаммияти зиёди маблағҳои интиқолшударо барои бахши истеъмолии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар асл асоси иқтисоди ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
“Устувории рушди иқтисодӣ тавассути хароҷоти истеъмолии хонаводаҳо, ки тариқи интиқоли пул сурат мегирад, таъмин карда мешавад," — гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи рушди Тоҷикистон.
Ба таври соддатар, хонаводаҳои муҳоҷирон маблағҳои гирифтаашонро барои хариди молу маҳсулот, инчунин пардохти хидматрасониҳо (неруи барқ, алоқа, нақлиёт ва ғайра) сарф мекунанд. Савдогарони молу хидматрасониҳо дар навбати худ аз ин маблағҳо даромад мегиранд, ки андозбандӣ шуда, ба буҷети кишвар ворид мегарданд. Ин маблағҳо барои хароҷоти буҷет, аз ҷумла пардохти маоши кормандони буҷет, сохтмони иншоот ва эҳтиёҷоти дигар истифода мешаванд.
Коҳиши назарраси интиқоли маблағҳо метавонад ба пастшавии гардиши бозори истеъмолӣ ва камшавии андозҳо ба буҷет оварда расонад. Бо назардошти он ки тақрибан 70%-и даромади буҷети давлатии Тоҷикистон аз андозҳо иборат аст, чунин ҳолат метавонад ба маҳдудшавии хароҷоти буҷет сабаб шавад.
Мутаносибан ин метавонад ба коҳиши хароҷоти буҷет ва камшавии маблағгузории соҳаҳо ва бахшҳои гуногун оварда расонад ва дар пайи он боз ҳам гардиши маблағҳо кам шуда, оқибатҳои манфии бардавом ба бор оварда метавонад.
Ин раванд метавонад беохир давом карда, ҳамаи бахшҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии кишварро зери таъсир қарор диҳад.
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Бюджет ГБАО на 2025 год вырос почти в 2,5 раза
Стало известно, когда новый российский тренер кулябского «Равшана» приедет в Таджикистан
Исследование: Таджикистан удерживает лидерство по низким выбросам CO₂ в ЦА
IDC: Huawei заняла первое место в мире по количеству продаж носимых устройств за первые три квартала 2024 года
«10 часов обещают, 5 часов дают!» Жители Таджикистана жалуются на несоблюдение графика подачи электроэнергии
Дильшода Назарова переизбрали главой Федерации легкой атлетики Таджикистана
Душанбе удовлетворен сотрудничеством с РФ, а Москва увеличит число российских учителей в школах РТ. Главное о переговорах Рахмона и Путина
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста