Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар пазируфта намешаванд.
Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, гуфтаанд, ин қонун аз 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд. Гуфта мешавад, ба ҷонибдории ин қонун 409 вакил овоз дода, танҳо як нафар муқобили он баромадааст.
Ҳамчунин, бар асоси ин қонун, ҳангоми қабул ба мактаб, санҷиши қонунӣ будани ҳузури кӯдак дар қаламрави Русия низ ҳатмӣ хоҳад шуд.
Гузаштан аз санҷиши забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон ройгон буда, тартиби онро Вазорати маорифи Русия муайян мекунад.
Вакилони Думаи давлатии Русия теъдоди дақиқи кӯдакони муҳоҷирро, ки дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд, нагуфтаанд. Аммо қаблан Ирина Яровая, муовини раиси Дума гуфта буд, дар мактабҳои Русия беш аз 200 ҳазор фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ дарс мехонанд.
Дар ҳамин ҳол чанд пеш як санҷиши Вазорати маорифи Русия нишон дода буд, ки зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро хуб медонанд.
Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи Крокус дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.
Танҳо дар моҳи октябр ба навиштаи расонаҳои русӣ панҷ лоиҳаи қонун ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мекунад.
Вакилони Дума ислоҳотеро роҳандозӣ карданд, ки дарёфти иҷозаи иқомати доими Русияро тариқи издивоҷ бо шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд мекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар низоми нави махсуси ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шуд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста