Зиёда аз 58% кӯдакони муҳоҷирон аз санҷиши дониши забони русӣ, ки моҳи октябр дар мактабҳои Русия гузаронида шуд, муваффақона гузаштанд. Зиёда аз 23% кӯдакон дар омӯзиш мушкилот дошта, тақрибан 18% забонро хуб ё тамоман намедонанд.
Тавре ки хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон Ксения Габдрахманова изҳор доштааст, ки санҷиш дар доираи мониторинги ҳамгироии шаҳрвандони хориҷӣ дар низоми таълимии умумии Русия гузаронида шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, санҷиш ба таҳқиқи вазъи кунунии таълими кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, аз ҷумла санҷиши донистани забон ва барномаҳои мутобиқшавӣ нигаронида шудааст. Мониторинг (пайгирӣ) бо ибтикори Вазорати маорифи Русия анҷом дода шудааст.
Бар асоси маълумоти мониторинг, дар оғози соли хониши 2024/25 аз санҷиши донистани забон 154,8 ҳазор кӯдаки шаҳрвандони хориҷӣ гузаштаанд, ки 74,4% аз теъдоди умумии кӯдакони муҳоҷиронро дар муассисаҳои таълимии Русия дар тамоми сатҳҳо ташкил медиҳад.
Мониторинг дар саросари кишвар гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар 28 минтақаи Русия 100% кӯдакони муҳоҷирон аз санҷиш гузаштанд. Дар 32 минтақаи дигар ҳиссаи кӯдаконе, ки санҷишро гузаштанд, аз 80% то 99,9%, боз дар 16 минтақаи дигар аз 60% то 79,9% ва дар 12 минтақа - аз 20% то 59,9%-ро ташкил медиҳад.
Тавре ки дар тавсияҳои методии гузаронидани санҷиш гуфта мешавад, хонандагоне, ки санҷишро гузаштанд, ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд ё дар сатҳи одӣ медонад; кӯдаконе, ки забони русиро дар сатҳи заминавӣ медонанд, яъне дар таҳсил бо забони русӣ бояд дастгирӣ шаванд ва кӯдаконе, ки забони русиро дар сатҳи шартан пешрафта медонанд.
Барои кӯдаконе, ки забонро намедонанд, муаллифон тавсия медиҳанд, ки ба онҳо на камтар аз 40 дарс барои омӯхтани забони русӣ баргузор кунанд. Барои кӯдаконе, ки забони русиро дар сатҳи заминавӣ медонанд, тавсия дода мешавад, ки бо онҳо дар як ҳафта ду маротиба дарсҳои иловагии беруназсинфӣ гузаронида шаванд ва барои кӯдаконе, ки забони русиро хуб медонанд - дар як ҳафта як маротиба бо таваҷҷуҳ ба мутобиқшавӣ ба ҷомеа ва фарҳанг машғулиятҳо гузаронида шаванд.
Тавре ки яке аз муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба РБК гуфтааст, имсол санҷишҳо хеле осонтар шуданд. Ба ақидаи ӯ, барои кӯдаконе, ки ҳатто забони русиро бад медонанд, набояд дар гузаштан аз санҷиш мушкилиҳо пеш ояд. Ӯзикр кард, ки барои ноил гардидан ба сатҳи пешрафта, кофист, ки ними вазифаҳо дуруст иҷро карда шаванд ва имтиёзҳо (баллҳо) ба гуфтаи ӯ, ба осонӣ ба даст меоянд.
Моҳи ноябр ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун пешниҳод шуд, ки дар сурати тасдиқи он, қабули кӯдакони хориҷӣ, ки забони русиро бад медонанд, манъ хоҳад шуд. Мувофиқи лоиҳаи қонун, санҷиши дониши забони русӣ барои муҳоҷирон ҳатмӣ хоҳад шуд.
То ин дам сиёсатмадорони Русия чандин бор дар бораи зарурати санҷиши сатҳи дониши забони русӣ зимни қабули хориҷиён ба мактабҳо изҳори назар карда буданд. Ҳоло ин санҷиш барои рад кардани қабули чунин хонандагон ба мактабҳо асос шуда наметавонад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ба мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ тавсия додааст, ки на бештар аз се кӯдаки муҳоҷиронро бо дониши бади забони русӣ ба синф ё гурӯҳ қабул кунанд. Ин масъала бо он шарҳ дода мешавад, ки дар чунин ҳолатҳо самаранокии таълим коҳиш меёбад, зеро агар дар як синф кӯдакони муҳоҷирон бисёр бошанд, забони омӯзгор, ҳамсинфонашон ва маводи таълимиро дуруст намефаҳманд.






“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста