Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастури Сарвари давлат оид ба санҷиши истифодаи воситаҳои буҷетии ҷудошуда барои сохтмони иншоот дар Душанберо дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонид.
Муовини аввали роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Карим Зарифзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки доир ба масъалаи харҷи воситаҳои буҷетӣ 69 иншооти сохташаванда ва аллакай сохтмонашон анҷомёфта мавриди санҷиш қарор гирифтаанд.
“Санҷиш дар иншооти зикргардида ба маблағи 7,8 млн. сомонӣ изофанависиро ошкор намуда, аз рӯи ин далелҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷишро идома дода истодаанд”, - иброз дошт муовини роҳбари Агентӣ.
Ёдрас мекунем, ки 15 феврали соли равон зимни мулоқот бо фаъолони пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи апрели соли равон Суди шаҳри Душанбе собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваровро барои порадиҳӣ ва камомад дар харҷи воситаҳои буҷетӣ дар сохтмони маркази тиббии “Истиқлол” ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ маҳкум кард.
Ҳамчунин вобаста ба ин қазия Фазлиддин Маҳмудов, роҳбари ширкати “Тоҷикколхозсохтмон” ба 18 соли зиндон ва муовини ӯ Фирӯз Раҳмонов ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, дигар иштирокчиёни парвандаро Суди шаҳри Душанбе ба пардохти ҷаримаҳои ҳаҷмашон ниҳоят зиёд уҳдадор кард.
Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”дар майдони беш аз 10 гектар, дар байни Маркази ҷумҳуриявии ташхис ва бозори Султони Кабир ҷойгир шудааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони марказ аз буҷети пойтахт зиёда аз 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.