Дар натиҷаи коркарди ахбори расида мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе гумонбари ҳамла ба Зиёвиддин Беков, ронандаи таксиро пайдо кард.

“Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксии ширкати «Як таксӣ»-Беков Зиёвиддин гардида буд, ошкор карданд”, - зикр мешавад дар хабари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Бино ба маълумоти Раёсат, ҷинояти мазкур аз ҷониби Абдуҷаббор Ғозиеви 25-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир шудааст.

“Қобили зикр аст, ки номбурда собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан маҳбасӣ гардидааст. Инчунин, моҳи феврали соли 2024 низ барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди н.Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо намуда истодааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.

Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш гумонбаршаванда - Абдуҷаббор Ғозиев пурра ба ҷинояти содирнамудаи худ иқрор гардид.

Гуфта мешавад, ҳамзамон бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бадастомада, аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфт.

“Роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе аз эътимоду боварӣ ва ҳамкории доимӣ ба шаҳрвандон изҳори сипос менамояд”, - илова мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Раёсати ВКД дар пойтахт барои дарёфт ва иттилоъ дар бораи гумонбари ба ронандаи таксӣ дар Душанбе зараррасонида 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ эълон кард.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар гуфта намешавад, ки дар пайдо намудани Ғозиев шаҳрвандони кумак кардаанд ё не.

Сухан аз ҷиноятест, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шудааст. Он замон мусофири кирокаш дар посух ба дархости ронанда Зиёвиддин Беков ҷиҳати пардохти 37 сомонӣ ҳақи сафар, ба ҷисми ӯ панҷ корд задааст.

Ҳамакнун, беш аз 7 моҳ мешавад, ки Зиёвиддин Беков таҳти табобат қарор дорад ва ӯро ҷарроҳии дигар дар пеш аст. Маълум нест, ки барои пурра шифо ёфтани он чӣ қадар вақт лозим аст. Ӯ биноии чашмашро аз даст дода, аз дасташ ҷароҳати вазнин гирифтааст.

Зиёвиддин Беков
Суратаз ҷониби худи ҷабрдида пешниҳод шуд

Волидайни Зиёвиддин маҷбур шуданд, ки дубора ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ барои барқароршавӣ қарз бигиранд ва намедонанд хароҷоти ҷарроҳиро чӣ гуна мепӯшонанд.

“Ин маблағ танҳо барои барқарорсозии Зиёвиддин сарф мешавад ва то ҳол барои ҷарроҳӣ маблағ нест”, - қаблан гуфта буданд волидони Зиёвиддин.

Пештар аз ин, онҳо ба хотири наҷоти писарашон манзили худро фурӯхта, ҳоло дар як манзили иҷора ба сар мебаранд. Дӯстон, хешу табор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ пештар ба ин оила ёрии моддӣ расонида буданд. Ширкати “Як такси”, ки Зиёвиддин дар он кор мекард, низ кӯмак карда буд ва ҳатто эълон кард, ки барои мусоидат дар боздошти ҷинояткор 30 ҳазор сомонӣ тӯҳфа медиҳад.

Зиёвиддин Беков то ин дам се бор ҷарроҳӣ шуд. Мастура Бекова, модари Зиёвиддин пештар ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки сарфи назар аз ранҷу азоб ва дард, Зиёвиддин танҳо як хоҳиш дорад - “дарёфти ҷинояткор”.

Онҳое, ки мехоҳанд оилаи Зиёвиддин Бековро дастгирӣ кунанд, метавонанд ба корти Душанбе Сити: 9762000090146266 ё рақами: +(992)000994799 хайрия кунанд.

Барои онҳое, ки дар хориҷа ҳастанд ва мехоҳанд кумак кунанд, метавонанд ба корти DS: 4713380020521577 ё бо рақами: 404415050 хайрия кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.