Александр Наумов, як шаҳрванди Русия барои шиканҷаи бераҳмонаи тифли панҷсолаи тоҷик Далер Бобиев 5 сол равонаи зиндон гардид.
Хабаргузории “E1.RU” хабар медиҳад, ки ҳукмро рӯзи 27-уми сентябр Додгоҳи ҳарбии Екатеринбург содир кардааст.
Дар додгоҳ шоҳидон гуфтаанд, ки Александр Наумов кӯдаки панҷсолаи тоҷикро борҳо бо “скотч” ба курсӣ баста, муддатҳо ғизо надодааст. Ин шиканҷаи бераҳмона далел шудааст, ки чанд маротиба кӯдак аз хона фирор кунад.
Аммо Александр Наумов дар додгоҳ иттиҳомро эътироф накарда, ҳукмро напазируфтааст. Ӯ иддао кардааст, ки то моҳи июни соли 2023 дар ҷанги Русия дар Украина иштирок доштааст ва кӯдаки тоҷикро, ки зери сарпарастии оилааш буд, шиканҷа накардааст.
Ин идддао дар ҳолест, ки ба иттилои "SOTAvision" Александр Наумов зимистони соли гузашта дар рухсатӣ қарор дошт ва аз нопадид шудани кӯдак бо рӯзноманигорон ҳарф зада буд.
Бояд гуфт, ки падари Далер Бобиев дар Русия барои дуздӣ зиндонӣ шуда, оилаи Наумовҳо писари ӯро ба парасторӣ гирифта буданд. Хуҷановиддин Бобиев, падари Далер Бобиев шаҳрванди Тоҷикистон буда, писараш дар Русия таваллуд шудааст.
Рӯзи 26-уми июни соли гузашта ҳамсари Наумов, Вероника аз нопадид шудани Далер Бобиев хабар дод. Садҳо сокини маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи ин тифл баромаданд. Ҷасади ӯ 29-уми июни соли 2023 дар як халта дар наздикии хонаи парасторон пинҳон карда шуда буд.
Маълум гардид, ки кӯдак ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2022 ба қатл расонида шуда буд.
Барои ба қатл расонидани тифли муҳоҷири тоҷик Далер Бобиев ҳоло ҳамсари Александр Наумов - Вероника Наумова ва ҷияни 21-солаи ӯ Даниил Еголников гумонбар ҳастанд ва мурофиаи онҳо идома дорад.
Ин парванда боиси нигаронии ҷиддӣ дар бораи бехатарии кӯдакон дар низоми парастории Русия гардидааст.
Ҳамасола даҳҳо ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба кишвар оварда мешавад.
Қаблан, парвандаи Ҳувайдо Тиллозода, як духтари панҷсолаи тоҷик, ки аз сӯи як табааи Русия кушта шуд, пурсарусадо буд. Як сол пеш Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия барои таҷовуз ва қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода дар соли 2018 ба ҳабси абад маҳкум гардида буд.
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
“Барои хӯрок ва роҳкиро”. Донишҷӯёни тоҷик бештар барои чӣ пул сарф мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста