Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахустин маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ аз рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Кӯлоб изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба бартараф кардани баъзе камбудиҳо, аз ҷумла аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар масъалаи истифода ва пардохти ҳаққи неруи барқ, таъмини гармӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии амалҳои ҷиноятӣ дар самти истифодаи замин дастуру супоришҳо доданд.

Чунин супоришҳо ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳри Душанбе дода шуд. Президенти мамлакат таваҷҷуҳи раёсати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ дар пойтахтро ба масъалаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳо мутобиқ кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ, беҳдошти вазъи санитарӣ, назорату танзими маъракаҳо ва расму оинҳо, баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, аз байн бурдани мушкилот дар роҳҳои маҳаллаҳои пойтахт, сифати оби ошомиданӣ, беҳтар кардани системаи обу корез ва ғайра ҷалб намуданд.

Дар кори маҷлис масъалаҳо Оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017” ва оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2020 ва лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сарвари давлат супориш дод, ки барои истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва таъмини нақшаҳои даромаду хароҷот тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.            

Аъзои Ҳукумати кишвар баъди муҳокима Лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи туризми дохилӣ” пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии ҶТ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд таъкид гардид, ки ин тадбир ба хотири соддагардонии низоми раводид ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он амалӣ карда мешавад. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигари минтақа ва доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пешбурди кори консулӣ ва низоми раводид аз ҷумлаи давлатҳои пешсаф буда, бо ин мақсад дар раёсатҳои дахлдори Сарраёсати консулӣ навтарин таҷҳизоти ҷаҳонӣ дастрас карда шудааст.

Дар кори маҷлис инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати ҶТ Дар бораи Консепсияи таҳсилоти муттасил дар ҶТ барои солҳои 2017-2023, Дар бораи Низомномаи комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, Дар бораи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, Дар бораи андоза ва тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда баррасӣ гардид.

1/9

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ва Нақшаи генералии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузориши раисони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Хуросон шунида шуд.

Президенти Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла оид ба тезонидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба масъулини вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастуру ҳидоятҳо дод.